Кормандони шуъбаҳои қарздиҳии филиалҳои «Амонатбонк» дар Хоруғ таркибу вазифаҳои низоми қарзи бонкиро меомӯзанд
ХОРУҒ, 13.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ассотсияи ташкилоти қарздиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони шуъбаҳои қарздиҳии бахши вилоятии Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» доир ба қарз, мазмун ва моҳияти иқтисодии он, таркибу вазифаҳои низоми қарзӣ, фоизи қарз ва бозори захираҳои қарзӣ, ҳамчунин одоби муоширату муносибати касбии кормандони бонк бо мизоҷон давраи омӯзишӣ баргузор намуд.
Тренери Ассотсиатсияи ташкилоти қарздиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ахмедов гуфт, ки «чанд соли охир бонкҳои кишвар дар масъалаи вопас гардондани қарзҳои бонкӣ бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шуданд ва ҳатто бақияи зиёди қарз баъзе аз бонкҳои пурнуфузи кишварро муфлис сохт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кормандони ташкилотҳои қарздиҳӣ бе таҳлилу баррасии амиқи вазъи молиявии шахсони ҳуқуқию воқеӣ, молу мулки ба гарав мондаашон ва аз ҳама муҳим, хулқу атворашон ба онҳо қарз пешниҳод мекунанд. Баъди он ки муҳлати баргардондани қарз ба таъхир меафтаду мизоҷ бо ҳар баҳона аз пардохти қарз сарпечӣ мекунад, кормандони шуъбаи қарздиҳӣ ба иштибоҳи худ сарфаҳм мераванд. Бинобар ин қабл аз додани қарз ҳамаи ҳуҷҷатҳои меъёрии мизоҷро санҷида, ба қобилияти пардохтпазирии пуррааш бояд итминон дошта бошем».
Солҳои охир ҳодисаҳои бо нархи гарон ба гарав гузоштани молу мулки камарзиш аз тарафи мизоҷон зиёд ба назар мерасад. Барои ҳамин ба ташкилотҳои қардиҳӣ зарур аст, ки ҳангоми баҳодиҳӣ ба ин ё он молу мулки ба гаравгузошта аз хизмати коршиносони варзида, асилу беғараз истифода баранд. Дар ин маврид хатари аз пардохти қарз сарпечӣ намудани мизоҷ бамаротиб коҳиш меёбад. Дар он сурат ҳам бонк зарари молӣ намебинад ва ҳам соҳибкор барои ривоҷу равнақи кораш ҳамкориро бо ин ё он бонк идома медиҳад.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






