Муҳаммад Мустафо: «Мубориза бо терроризм ҳамкории муштараки давлатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд»
ДУШАНБЕ, 17.05.2019/ АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Нигерия яке аз давлатҳои африқоӣ мебошад, ки рӯ ба рӯи терроризм қарор дошта, аз ин вабои аср зарфи солҳои охир хисороти зиёди ҷонию молӣ дидааст, хусусан аз амалҳои ниҳоят зишту даҳшатафкани гурӯҳи террористию ифрогаро ва исломии «Боко Ҳарам», ки бо амалҳои нопоку зиддиинсонии худ дар Нигерия борҳо амалҳои террористӣ анҷом додааст. Бар асари он садҳо нафар мардуми осоишта ва бегуноҳ, хусусан занону кӯдакон қурбон гардиданд»,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» намоянда аз Ҷумҳурии Нигерия Муҳаммад Мустафо, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси сатҳи баланди «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» бори нахуст ба Душанбе омадааст.
Муҳаммад Мустафо афзуд, ки ӯ барои иштирок дар ин конфронси сатҳи ҷаҳонӣ, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва СММ доир гардида истодааст, дар радифи дигар намояндагони давлатҳои ҷаҳон, ки бар зидди терроризм ва экстремизм мубориза мебаранд, ба Тоҷикистон омадааст.
Мавсуф афзуд, ки яке аз мушкилоти асосии фаъол гардидани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва даст ба террор ва харобкорӣ задани онҳо -ин ба маблағгузории гурӯҳҳои террористӣ рабт дорад, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалии террористӣ ва бархе аз давлатҳои ҷаҳон сурат мегирад. Дар ин росто, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ кори як давлат набуда, он дар шароити муосири тезутунд гардидани авзои сиёсӣ дар бархе аз манотиқи ҷаҳон муборизаи дастаҷамъонаро тақозо дорад. Ӯ гуфт, ки Нигерия зарфи солҳои охир борҳо шоҳиди таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ гардидааст. Дар ин росто дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ, хусусан «Боко Ҳарам», ки фаъолияти он аз ҷониби баъзе созмонҳои террористии байналмилалӣ ва баъзе давлатҳо маблағгузорӣ мегардад, бо истифода аз имконот тақвият мебахшад.
Намояндаи Нигерия афзуд, ки дар Душанбе доир гардидани хамоиши сатҳи ҷаҳонӣ дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он иқдоми ҷиддӣ ва саривақтӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм буда, он бори дигар аз мавқеи Тоҷикистон дар самти таҳкими мубориза бар зидди ин зуҳуроти нангини аср шаҳодат медиҳад.
Зеро терроризм ва экстремизм сарҳад надоранд. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ва маблағгузории он дар шароити имрӯза ҳамкории ҷиддӣ ва дастаҷамъонаи тамоми давлатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






