Нархи хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотии Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии ВКД Тоҷикистон арзон шуд

Май 1, 2019 10:08

ДУШАНБЕ, 01.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба нархномаи хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотии Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии (СМИТ) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Яъне хизматрасонии СМИТ нисбат ба нархномаи пештара арзон гардид.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорат хабар доданд, нархномаи хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотии Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии (СМИТ) Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли 2018 бо Фармоиши Вазорат бекор карда шуда, нархномаи нави хизматрасонии пулакии СМИТ аз 18 апрели соли ҷорӣ тасдиқ карда шуд. Ин нархнома аз имрӯз, 1 майи соли ҷорӣ мавриди амал қарор дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, хизматрасонии СМИТ нисбат ба нархномаи пештара арзон карда шудааст. Пардохти хизматрасонии мазкур барои шаҳрвандони ноболиғ 50 фоиз аз маблағи муайянгардида муқаррар карда мешавад.

Хизматрасонии иттилоотӣ ва маълумотӣ ба вазорату идораҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон расонида мешавад.

Зикр карда шуд, ки маблағҳои хизматрасонӣ барои иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, бартарафсозии оқибатҳои садамаи НБА «Чернобил», ҷанговарони «Интернатсионалист», нафақахӯрон, аъзои оилаҳои камбизоат, маъюбон, кормандон ва оилаҳои кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти маблағи хизматрасонии мазкур озод мебошанд.

Май 1, 2019 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд