ОФАРИН «СОРО КОМПАНИЯ»! Бозигарони ин даста Ҷоми мусобиқаи байналмилалӣ ва 2 000 000 тангаи қазоқиро ба Душанбе оварданд

Май 7, 2019 08:35

ДУШАНБЕ, 07.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Чемпиони Тоҷикистон оид ба футзал дастаи  «Соро компания» дар мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ барои ҷоизаи КБ «Олимп» ва гиромидошти хотири   Адилбек Жауиров дар шаҳри Атирауи Қазоқистон аз 1 то 5 май иштирок карда, ғолиб омад ва бо ҷом ва ҷоизаи молиявӣ ба маблағи  2 миллион тангаи қазоқӣ (5 240 доллари амрикоӣ) сарфароз гардид.

Дар бозиҳои гурӯҳӣ футзалистони «Соро компания» бар «Атирау» (Атирау)-7:0, «Окжетпес»(Кокшетау)-5:1 ва «Оралск» (Урал) – 4:1 пирӯз гардида, ба вохӯрии нимниҳоӣ баромаданд ва бо дастаи «Умирзак» (Атирау) қувва санҷиданд. Вақти асосии вохӯрӣ бо натиҷаи  2:2 ба анҷом расид. Дар задани силсилаи зарбаҳои баъдибозӣ тоҷикистониён бо нишондоди 8:7 дастболо гардида, ба финал баромаданд. Дар бозиии ниҳоӣ «Инта»-Актау ба фишори бозингарони тоҷик тоб наоварда, бо натиҷаи  4:2 шикаст хӯрд ва  «Соро компания» ғолиби мусобиқа дониста шуд.

Ёдрас мешавем, ки КФ «Соро компания» дар мавсими футзали 2018-и Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бори аввал унвони чемпиониро ба даст овард. Даста акнун аз 8 то 18 августи соли равон дар Чемпионати 10-уми Осиё байни клубҳо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат менамояд.

Май 7, 2019 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад