«ҶОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ШОҲМОТ». Дар Тоҷикистон барои дарёфти он мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад

Май 24, 2019 15:21

ДУШАНБЕ, 24.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бори  аввал дар мамлакат барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир мегардад. Мусобиқаи  мазкур дар шакли Фестивали оммавӣ — варзишӣ ва мусобиқаи даставӣ байни наврасони то 14 сола (писарон ва духтарон), ҷавонони аз 15 то 30 сола (писарон ва духтарон) ва калонсолони аз 30 сола боло (мардон ва занон) баргузор карда мешавад. Маблағи умумии ҷоиза 100 ҳазор сомониро ташкил намуда, он  аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини аввали Раиси  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода  хабар дод.

Тибқи иттилои номбурда,   барои ҷойи якуми даставӣ 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюми даставӣ 20 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.

Ба  ғолибони намудҳои  инфиродӣ аз рӯи се синну сол 25 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

«Мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот»  дар 4 марҳила доир шуда, марҳилаи интихобӣ аз 10 июн то 8 июли соли равон  ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилот, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олӣ ва махсус доир мегардад. Даври дуюми мусобиқа аз  8 июл то 25 августи дар сатҳи ноҳия, шаҳр бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум доир шуда, марҳилаи сеюм аз 5 то 25 сентябр ба ифтихори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вилоят, минтақа ва шаҳри Душанбе бо баргузории фестивали оммавӣ баргузор мегардад.Марҳилаи  чорум аз 1 то 5 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар асоси ҷадвали макони баргузории мусобиқаҳо ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон бо баргузории Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот роҳандозӣ карда мешавад»,- афзуд Р.Назарзода.

Май 24, 2019 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад