Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми Аврупо дар Оренбург иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 17.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 18-19 май дар шаҳри Оренбурги Россия Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми Аврупо миёни бузургсолон баргузор мегардад. Дар он даҳ паҳлавони шинохтаи тоҷик ширкат меварзанд. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар Ҷоми Аврупо дар Оренбург ширкати беш аз 300 варзишгар (мардону занон) аз 24 давлат дар назар аст.
Бояд зикр кард, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ варзишгари шинохта дохиланд, ки дар сабқати мардон иштирок мекунанд.
Дар мусобиқаи мазкур Давлаталӣ Назаралиев (60 кг), Садр Боев, Хушвахт Идиев, Кароматулло Ҳакимов, Ҳақназар Назаров (ҳар чор дар вазни 81кг), Муҳаммад Муродов, Исроил Раҳимов, Муҳаммадуллоҳ Лоиқов, Аъзамшоҳ Расулов (ҳар чор дар вазни 90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (беш аз 100 кг) барои ба даст овардани медалҳо ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






