Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар шаҳри Бухоро сазовори 4 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни калонсолон дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон, ки ба хотири варзишгари маъруфи ин давлат Ҷамшед Ҳофизов баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби 4 медал – 1 тилло ва 3 биринҷӣ гардид. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур 6-8 май бо иштироки беҳтарин паҳлавонони Тоҷикистон, Қирғизистон ва дастаҳои Ӯзбекистон аз рӯи 10 категорияи вазнӣ дар маҷмааи варзишии «Ҳумо» доир шуд.
Бояд зикр кард, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон медали тиллоро Муслиҳиддин Уроқов дар вазни 72кг сазовор шуд. Ислом Маҷидов дар вазни 60кг, Мубинҷон Ахмедов дар вазни 67кг ва Мирзоамин Сафаров дар вазни 97кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.
Хотиррасон менамоем, ки иштирок дар мусобиқаи мазкур як марҳилаи омодагии варзишгарони мо ба Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






