РӮЗИ ШАШМАҚОМ МУБОРАК! Шашмақом — шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгории маънавии инсоният
ДУШАНБЕ, 12.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 12 май дар Тоҷикистон Рӯзи Шашмақом- баландтарин арши санъати мусиқии классикии тоҷик таҷлил карда мешавад.
Яке аз дастовардҳои охири соҳа ин аст, ки ҳайати мақомсароён ва коршиносони тоҷик дар аввалин Ҳамоиши байналмилалии санъати мақом, ки соли 2018 дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, ба гирифтани мукофоти асосӣ — Шоҳҷоиза мушарраф гардиданд. Онҳо дар ҳамоиши мазкур бо истеъдод ва маҳорати мақомнавозӣ ва мақомсароӣ иштирокчиён ва доварони чорабиниро мафтун намуда, сазовори чунин баҳои баланд гардиданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шашмақом ҳамчун шоҳкории безаволи савту каломи миллии тоҷик умри дубора ва рушду такомули бесобиқа пайдо кард. Мусиқии шашмақом дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори хоссаро соҳиб гардид. Аз ҷумла, зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия 16 апрели соли равон бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт — зодагони Тоҷикистон, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом доданд. Баъди мулоқот як зумра устодони санъати тоҷик барои ҳамватанон барномаи консертӣ баргузор намуданд. Дар ин барномаи консертӣ узви Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Иброҳимов низ баромад намуда, сазовори кафкӯбиҳои зиёди мухлисони ин навъи санъат гардид.
Дар ин росто мухбири АМИТ «Ховар» бо омӯзгори кафедраи сарояндагӣ-анъанавии факултаи мусиқии суннатии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, ҳамзамон узви Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ҷумҳурӣ Хуршед Иброҳимов ҳамсуҳбат гардида, андешаҳои мавсуфро манзури хонандагони сомона мегардонем.
«Мояи ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат санъати Шашмақом мақому манзалати хосса пайдо намуд. 12 майи соли 2000 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи санъати Шашмақом ба ансамбли «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ доданд. Ҳамзамон 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО Шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгории маънавии инсоният эълон намуд»,- баён намуд Хуршед Иброҳимов.
Ба зикри мавсуф, саҳми се ҳунарманди тоҷик- Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов дар рушди Шашмақом баланд арзёбӣ мегардад. «Дар солиёни баъдӣ беҳтарин овозхонон ва нағмапардозон, аз қабили Нериё Аминов, Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Карим Қосимов, Нуъмон Тоштемиров, Лола Баракаева, Ёкуб Бободўстов ва пайравони ин жанри мусиқии асил бо садояшон фалакро тасхир сохтанд. Имрўз низ ин шохаи санъат бо номбардоронаш миёни мардум маҳбубияти хосса дорад ва ҳамасола дар ҷумҳурӣ Рӯзи Шашмақом бошукӯҳ таҷлил мегардад»,- баён намуд Х. Иброҳимов.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Дар ҳамин замина 1 апрели соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қабул гардид, ки он баҳри ривоҷу равнақи Шашмақом ва Фалак шароити мусоид муҳайё месозад.
«Мақсад аз қабули барномаи мазкур ва роҳандозии мактаби суннатии «устод-шогирд» аз он иборат аст, ки шогирд дар назди устод панҷ ё даҳ сол таҳсил мегирад. Ӯ бо ҳамон услуб аз устод на танҳо оҳангро меомӯзад, балки ҳамаи он сифатҳои беҳтарини устодашро ҳамчун намунаи ибрат қабул мекунад ва меҳраш ба ин касби нозук устувор мешавад. Меҳри касбро ба дили шогирд ворид кардан бисёр кори душвор аст ва маҳз услуби таълимии устод ва шогирд ин вазифаи хеле ҳам муҳимро иҷро мекунад»,-зикр кард Хуршед Иброҳимов.
Бояд зикр намуд, ки ин навъи мусиқӣ пайваста аз ҷониби устодону муҳаққиқон мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба он навгониҳо ворид карда мешаванд. Аз ҷумла, китобу дастурҳои нави таълимӣ рӯи чоп меоянд, ки барои устодону донишҷӯёни ин ришта басо муфиданд. Аз ҷумла, китоби «Асбобҳои мусиқӣ дар системаи санъати шашмақом»- и номзади илмҳои санъатшиносӣ, омӯзгори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Мурод Эшонқулов соли 2017 табъ расид. Асар ба мавзӯи мубрам, яъне истифодаи асбобҳои мусиқӣ дар низоми санъати шашмақом бахшида шудааст. Дар китоб ҷабҳаҳои гуногуни асбобҳои миллии халқҳои Осиёи Марказӣ – тоҷикон ва ӯзбекон мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд. Муаллиф зимни ҷамъоварӣ ва омӯзиши маводи илмӣ оид ба намудҳо, тарзи омодасозӣ, истифода, оҳанг ва садои асбобҳои мусиқӣ, мисли танбӯр, дутору сетор маълумоти муфассалро пешкаши хонандагон кардааст. Инчунин дар асар истифодаи ин асбобҳо дар марҳилаи ҷории тамаддуни фарҳангӣ муайян карда мешавад.
Инчунин бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури иттилоотии «Шашмақом, таҳрир, тафсир ва интишори нав» дастраси устодон ва ҳаводорони ин санъати нодир гардид. Асар аз ҷониби муаллиф ва мураттиби китобҳои шашҷилдаи «Шашмақом» ва «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти Шашмақом», Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, номзади илми санъатшиносӣ, сарвари Академияи мақоми Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов ба нашр расидааст. Дастур дар бораи санъати мусиқии классикии тоҷикон «Шашмақом», марҳилаҳои рушди он дар тӯли таърих ва дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақл мекунад. Он ҷо ҳама навгониҳову коркардҳои пардаҳои гуногуни шашмақом ҷой карда шудаанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, имрӯзҳо устодону донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дар фестивал-озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баромад намуда, санъати асили шашмақомро ба таври шоиста муаррифӣ мекунанд.
Дар хотима бояд таъкид намуд, ки ин мероси пурғановати миллиро ҳифз кардану таъмин намудани рушди минбаъдаи он вазифаи на танҳо давлат, балки қарзи виҷдониву инсонии ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»