Рамазон Раҳимзода ва Сун Тзсаню омодагии худро дар самти мубориза бар зидди терроризм иброз доштанд

Май 10, 2019 10:32

ДУШАНБЕ, 10.05.2019./АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии сардори Раёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти ТзсянСу    Сун Тзсаню вохӯрӣ доир намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода, роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ Ҷамшед Машрабзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии ВКД Мансур Бухоризода ва дигарон    ширкат  намуданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Сун Тзсанюро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки сол аз сол ҳамкории дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкории мутақобилан судманд метавонад баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти ТзсянСуи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Созишномаи баимзорасида оид ба ҳамкорӣ байни ду мақомоти мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷиҳати таҳким бахшидани робитаи дуҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва расонидани кумаки техникию коммуникатсионӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.

Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир як зумра таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Ба иттилои манбаъ, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдилӣ ва  ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Май 10, 2019 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
Президенти Тоҷикистон: «Фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватан ҳаргиз фаромӯш намешавад»