Саридораи геологияи Тоҷикистон бо Кумитаи давлатии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ ҳамкориро вусъат мебахшад

Май 2, 2019 16:21

ДУШАНБЕ, 02.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхиси саҳеҳи унсурҳои элементҳои нодир ва нодирзаминиро бо истифода аз таҷрибаи озмоишгоҳҳои Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ ба роҳ мемонад. Ин масъала чанде пеш зимни ҷаласаи якуми кумитаи муштарак, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷаласаи якуми кумитаи муштарак таҳти ҳамраисии муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимаҳмуд Ализода ва сардори Раёсати илм ва инноватсияи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ Қодирҷон Мингбоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа ҳамчунин тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти  таҳияи маҷмӯи харитаҳои миқёсҳои 1:500 000 ва ё 1:200 000 дорои мазмуни геологии ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар асоси ГИС – технология, ки майдонҳои маъдании аз ҳудуди ҷумҳуриҳо гузарандаро фарогиранд (майдони маъдании Шинг-Моғиён), мубодилаи иттилоот, омӯзиш ва тадқиқоти муштараки илмии ҳодисаҳои хавфноки экзогенӣ, аз ҷумла муайян намудани сабабҳои пайдоиш ва ташаккули ярчҳо, ташкили гурӯҳҳо барои тадқиқоти саҳроӣ дар минтақаҳои пайдоиши равандҳои экзогенӣ, гузаронидани омӯзиши геологӣ  дар майдонҳои маъдании металлҳои нодир ва нодирзаминӣ ва ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ҳамкории судмандро ба роҳ монанд.

Барои иҷрои самараноки корҳои пешбинишуда кумитаи муштарак қарор қабул намуд, ки вохӯриҳои кумитаи муштарак оид ба ҳамкорӣ на кам аз ду бор дар як сол баргузор карда шаванд ва тарафҳо дар самтҳои баррасишуда гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, номзадии мутахассисонро барои шомил намудан ба гурӯҳҳои корӣ пешниҳод намоянд.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома оид ба геология ва захираҳои минералӣ барои гузаронидани корҳои муштараки илмӣ -тадқиқотӣ дар соҳаи геология дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба имзо расид.

Тибқи банди 4 созишномаи мазкур аз ҳисоби кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон 11 ва 18 октябри соли 2018 Кумитаи муштарак оид ба геология ва захираҳои минералӣ созмон дода шуд.

Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ  12 ноябри соли 2018 ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории муштарак пешниҳод иборат аз 7 банд ирсол намуд. Бандҳои пешниҳод аз омӯзиши магматизм ва металлогенияи тилло, нуқра, мис ва дигар металлҳо дар кӯҳи Курама, шароити ташаккул ва қонуниятҳои ҷойгиршавии конҳои бузурги комплексию эндогении металлҳои асил дар мисоли конҳои Оқтеппа ва Кони мансур, омӯзиши геофизики аномалияҳои термикии Адрасмону Чуст бо мақсади муайян намудани ҳудудҳои он, аниқ намудани пайдоиш ва баҳодиҳии имконияти ба даст даровардани неруи геотермалӣ, таҳияи маҷмӯи харитаҳои миқёси 1:1000 000 ва ё 1:500 000 геологӣ, тектоникӣ, минерагенӣ ва канданиҳои фоиданок дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо истифода аз технологияҳои «Системаи ахбороти географӣ» (ГИС) таҳлили ҳолати муосири ҳудудҳои байнисарҳадӣ вобаста ба масъалаҳои объектҳои истеҳсолӣ ва партовҳои онҳо, тадқиқоти ярчҳои таҳти таъсири боришоти атмосферӣ ва зилзилаҳои минтақаи Помиру Ҳимолой алоқаманданд, мубодилаи таҷрибаҳо оид ба омӯзиши минтақаҳои тилло ва металлҳои нодирдошта дар кӯҳҳои Чақали Калон, Оқата ва минтақаҳои тиллодори кӯҳи Мачитлии қаторкӯҳи Ҳисор иборат мебошанд.

Саридораи геология баъд аз баррасии пешниҳодоти  болозикр 1 марти соли 2019 ба ҷониби Ӯзбекистон пешниҳодҳои худро ирсол намуд, ки аз корҳои муштарак вобаста ба таҳияи маҷмӯи харитаҳои миқёсҳои 1:500 000 ва ё 1: 200 000 ҳудудҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, бо дар назар доштани ҳолати стратиграфӣ, магматикӣ, тектоникӣ, металлогенӣ ва тадқиқоти геофизикӣ дар асоси технологияҳои ГИС, мубодилаи таҷриба оид ба омӯзиши минтақаҳои маъданӣ, гиреҳҳо ва майдонҳои қаторкӯҳи Туркистон дар мисоли конҳои тиллои Учкол ва Каттасой (Тоҷикистон) ва зуҳуроти Ойбодом (Ӯзбекистон), гузаронидани тадқиқоти лаборатории элементҳои нодир ва нодирзаминӣ иборат аст.

Май 2, 2019 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОШКАНД-2024». Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғд ва Тошканд баргузор гардид
Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланд марбут ба маблағгузории «сабз» дар Тифлис сухан гуфт
Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар Тифлис баррасӣ гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Мақомоти гумрук маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» ва «ESSE»-ро дарёфт ва мусодира намуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқобилияти дастҷамъона бо он баррасӣ шуд
Дар Душанбе баргузории намоишгоҳҳои рассомон дар Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз ёфт
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз меёбад
ИЛОҶИ ВОҚЕА ҚАБЛ АЗ ВУҚУЪ. Дар беш аз 30 ҳазор гектар замини вилояти Хатлон хуруҷи малах сабт шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Пагоҳ дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад