Се паҳлавони шинохтаи тоҷик дар «Baku Grand Slam-2019» иштирок мекунанд

Май 7, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 07.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 12 майи соли равон  дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Мусобиқаи байналмилалии Гранд Слам оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он 3 паҳлавони шинохтаи  тоҷик иштирок мекунанд. Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур иштироки 469 нафар варзишгар (281 мард, 188 зан) аз 58 кишвари дунё дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро се варзишгари шинохта – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг намояндагӣ мекунанд.

Хотиррасон менамоем, ки  қувваозмоиҳо аз рӯи 14 категорияи вазнӣ – 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон – сурат гирифта,  варзишгарон сазовори холҳои олимпӣ мегарданд. Аз ҷумла, барои иштирок 5 хол, барои як пирӯзӣ 50 хол, барои ду пирӯзӣ 60 хол, барои се пирӯзӣ 80 хол, барои ҷои 7-ум 130 хол, барои ҷои панҷум 180 хол, барои ҷои сеюм 250 хол, барои ҷои дуюм 350 хол ва барои ҷои якум 500 хол пешбинӣ шудааст.

Чун анъана, варзишгарон дар баробари ба даст овардани медал бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Варзишгарон барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ ба даст меоранд.

Ҳоло дар раддабандии олимпӣ Комроншоҳ Устопириён дар ҷои 14-уми вазни -90кг, Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 29-уми вазни -73кг ва Шакармамад Мирмамадов дар ҷои 50-уми вазни +100кг мавқеъ доранд.

Май 7, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад