«ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили фарҳангӣ ва илмӣ баргузор мешавад

Май 14, 2019 13:33

ДУШАНБЕ, 14.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола 18 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо   Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи байналмилалии «Шабе дар Осорхона» баргузор менамояд. 

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, имсол барномаи байналмилалии «Шабе дар Осорхона» таҳти унвони «Осорхонаҳо ҳамчун марказҳои фарҳангӣ: ояндаи анъанаҳо» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, баҳри фароғати фарҳангии тамошобинон Осорхонаи миллии Тоҷикистон 18 маҳфили фарҳангӣ ва илмӣ омода намудааст, ки онҳо шаби 18 май манзури тамошобинон гардонида мешаванд.  Ин маҳфилҳо ба мардум шароити мусоид фароҳам меоваранд, то фурсате бо аҳли оилаи худ ба сайру гашт бипардозанд.

Тавре Ф.Кенҷаев  зикр намуд, ифтитоҳи расмии барномаи «Шабе дар Осорхона» 18 май, соати 17:40 дар саҳни даромадгоҳи Осорхона бо иштироки карнайнавозон ва ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон дар назар аст. Инчунин   навозиши созҳои мусиқӣ аз ҷониби мутрибон,  қироати шеърҳо аз ҷониби тамошобинон ва  ташкили саҳнаҳои театрикунонидашуда манзури  бинандагон мегардад.

Ҳамчунин иштирокчиёнро  маҳфили  «Як тасвир», «Хушнавис», «Мутриб», «Оҳанги муассир», «Ҳозирҷавоб», интелект-шоу барои кӯдакон, қироати шеърҳо, чистонгӯӣ, намоиши филмҳои «Тоҷикистон- кишвари сайёҳӣ», ихтироъкорони ҷавон, намоиши кашфиёти техникӣ  ва озмуни акси беҳтарин «Ман ва Осорхона» интизоранд.

Бояд зикр намуд, ки соли 2006 зиёда аз 2000 осорхона аз 38 кишвари дунё ва соли 2015 бештар аз 35 ҳазор осорхона аз 145 мамолики дунё иштирочиёни чорабинии байналмилалии «Шабе дар Осорхона» гардида буданд. Айни замон  ҳазорҳо осорхонаи беш аз 150 кишвари ҷаҳон иқдоми байналмилалии «Шабе дар Осорхона»-ро баргузор менамоянд. Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ аз соли 2013 инҷониб иқдомоти байналмилалии мазкурро ҳамасола баргузор менамояд.

Мақсади асосии иқдоми мазкур ҷалби ҳарчи бештари тамошобинон, алоқамандони нав, махсусан ҷавонон барои шинохти мероси таърихию фарҳангӣ мебошад.

Сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе, аз қабили калонсолону ҷавонон, занону мардон ва наврасону кӯдакон имкон доранд дар ин чорабинии байналмилалӣ ширкат варзида, аз тамошои он лаззат мебаранд.

Май 14, 2019 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид