ШИРКАТИ IRS: аз банкомату pos-терминалҳо дар масири Душанбе-Чаноқ самаранок истифода баред!

Май 19, 2019 10:17

ДУШАНБЕ, 19.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Пӯшида нест, ки ҳоло қисми зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ то чӣ андоза манфиатовар будани истифодаи кортҳои пардохтиро дарк накардаанд. Барои мисол, дар плазаҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон банкомат ва POS — терминалҳо насб шудааст, ки аз онҳо дорандагони кортҳои пардохтии  Корти миллӣ, Visa International, Union Pay  метавонанд бе комиссия ҳақи гузаришро аз плазаҳои толлингӣ пардохт намоянд. Мутаассифона,  аз имконияти фароҳамшуда ронандагону мусофирон ба таври бояду шояд истифода намекунанд.  Аз ин лиҳоз, хабарнигори АМИТ “Ховар” Шаҳлои САДРИДДИН  барои таваҷҷуҳ зоҳир намудани ронандагону мусофирон манфиатҳои рӯ овардан ба пардохти ғайринақдиро ба таври мухтасар шарҳу тавзеҳ  медиҳад.

 Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад,  заминаи  бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳрикбахши рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ  маҳсуб мешавад.  Маҳз бо назардошти ин омил, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018  «Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва  солҳои 2019 -2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.

Ин рӯйдоди муҳим ва фараҳбахш кулли тоҷикистониёнро рӯҳбаланд намуда,  дар рушди бемайлони соҳа такони ҷиддӣ  мегардад. Маълумоти оморӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки сайёҳӣ  пас аз соҳаҳои нефту газ дар ҷои дуюм меистад. Агар аз содироти маҳсулот  асъори хориҷӣ ба иқтисодиёт ворид гардад, пас соҳаи сайёҳӣ низ ба ҷумҳурӣ асъори хориҷиро ворид менамояд. Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, ҳар як сайёҳ зимни сафар ба ҳисоби миёна аз 500 то 750 доллари ИМА харҷ мекунад.

Роҳи Душанбе – Чаноқ, ки нигоҳдориаш дар асоси шартномаи консессионӣ ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст, асосан аз минтақаҳои сайёҳии  мамлакат  мегузарад. Ба ғайр аз ин, истироҳаткунандагон ба осоишгоҳҳои машҳури «Хоҷа Оби гарм», «Баҳористон», «Шифо», «Зумрад» «Сафед-дара», «Гулобод», «Авис-сити», «Ҳавотоғ», «Кохи Малика» ва амсоли инҳо тавассути роҳи мазкур сафар мекунанд.

Табиист, ки ҳолати роҳ ва раванди нигоҳдории он ба ҷалби бештари сайёҳон, таваҷҷуҳбарангез шудани минтақа барои ҷаҳонгардон, беҳбудӣ ёфтани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва ғайра мусоидат намуда, дар ин раванд омили калидӣ маҳсуб мешавад.

Мавриди  зикр аст, ки аз ҷониби роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста навгониҳо ҷорӣ шуда, онҳо пеш аз ҳама, ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, тавсеаи пардохти ғайринақдӣ, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани ҳолати роҳ ва раванди нигоҳдории он рабт доранд.

Мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои амалкунанда шаҳодати гуфтаи боло буда, дар баробари бартариҳои дигар, ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат низ мусоидат намуда истодааст.  Далелу арқоми мавҷуда низ аз он шаҳодат медиҳанд, ки аксари сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ, ки тариқи роҳи Душанбе – Чаноқ сафар мекунанд, аз ҳолати роҳ ва ибтикороти амалинамудаи роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманданд.

Мояи  ифтихор аст, ки Тоҷикистон барои рушди соҳаи сайёҳӣ дорои имкониятҳои бузург аст, ки дар минтақа назир надоранд. Аз ҷумла, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо ва шифобахш, кӯлу чашмаҳо, табиати нотакрор, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза, набототу ҳайвоноти нодир ва гиёҳҳои шифобахш  сайёҳонро мафтун кардааст. Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад дар такомули соҳа саҳми намоён гузорад.

Эътироф бояд кард, ки чанд соли охир истифодаи кортҳои пардохтӣ аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат тавсеа ёфта, раванди дастрасӣ низ ба онҳо хеле сода гардонида шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ теъдоди истифодабарандагони кортҳои пардохтӣ зиёда аз як миллион нафарро ташкил медиҳад ва ин раванд бемайлон идома ёфта истодааст. Ҳамрадиф бо ин иқдомот, бонкҳои кишвар низ фаъолияти хешро дар ин ҷода густариш бахшида, ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳо банкоматҳои худро ба истифодаи мизоҷон вогузоштанд. Аммо фарҳанги истифодаи кортҳои пардохтӣ аз ҷониби шаҳрвандон «ба ҳар ду пой мелангад».

Фаъол намудани марказҳои ҷараёникунӣ дар низоми бонкии мамлакат ва барориши кортҳои миллӣ имкониятҳои бонкҳо ва мизоҷони онҳоро дар самти истифодаи кортҳои пардохтӣ бояд васеътар мегардонид, аммо афсӯс.

Ҳамватанон бояд дуруст дарк намоянд, ки истифодаи кортҳои пардохтӣ бартариҳои зиёд дорад. Аввалан он воситаи хеле қулайи баҳравар гаштан аз хизматрасониҳои молиявӣ маҳсуб ёфта, тавассути он харидории дилхоҳ молу маҳсулот аз марказҳои савдо, интиқоли маблағ, нигоҳдории маблағҳои амонатӣ (депозитӣ) имконпазир аст. Сониян, барои дорандагони кортҳо зарурати ба худ гирифтани маблағи зиёди нақд пайдо намешавад. Барои онҳо кифоя аст, ки дар он макон банкомат ё POS — терминалро пайдо намуда, дар доираи хизматрасониҳои барои корти пардохтӣ пешбинишуда эҳтиёҷоти хешро қонеъ намоянд. Ин омил ба коҳиш ёфтани пули нақд дар гардиш, ки аз лиҳози иқтисодӣ хеле муҳим аст, боис мегардад. Дар маҷмӯъ, истифодаи васеи чунин кортҳо ба ғанӣ гардидани буҷети давлат, ҷалби маблағҳои аз гардиши бонкӣ берунмонда, муътадил нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ ва боз ҳам боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати  бемайлон рушдёбанда кумаки амалӣ мерасонад.

Ёдовар бояд шавем, ки моҳи апрели соли 2016  мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Моддаи 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва баҳисобгирии хазина» ном дошта, тибқи иловаҳо ба номи модда калимаҳои «терминалҳои электронӣ» ва қисми нав дар таҳрири зерин пешниҳод гардидааст: «Барои саркашӣ намудан аз насби терминалҳои электронӣ ё рад кардани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то яксаду шаст, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз яксаду шаст то яксаду ҳаштод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду ҳаштод то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешаванд».

Насби  банкомат ва  POS-терминалҳо дар масири роҳи Душанбе – Чаноқ далели возеҳи он аст, ки роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  иҷрои ин муқаррароти қонунгузорӣ фаъол  буда, дар ин самт корҳои зиёдро ба иҷро расонидаанд. Боварӣ дорем, ки ояндаи наздик истифодаи кортҳои пардохтӣ ҳангоми пардохти хизматрасонии филиали Ширкат ба падидаи маъмул табдил ёфта, аксари шаҳрвандони аз истифода хоҳанд кард.

Аз ин бармеояд, ки пардохти ғайринақдӣ ба маънои томаш кумакрасони «беминнат»-и ронандагону мусофирон аст. Ба шарте ки моҳияти он дарк гардаду  ин раванд аз ҷониби масъулин  дар сатҳи хубу  сифати баланд роҳандозӣ шавад.

Май 19, 2019 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи авиатсия тақвият меёбад
«DUSHANBE INVEST – 2025». Пойтахти Тоҷикистон ба маркази муколамаи байналмилалии сармоягузорӣ табдил меёбад
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 1000 нафар Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan – 2025» баргузор шуд
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Русия созишномаи ҳамкорӣ имзо намуданд
Кишоварзони ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт ба зимистонгузаронӣ омода мебошад
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ оғоз меёбад
Дар Душанбе Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan» оғоз гардид
Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 131 ҳазор тонна пешбинӣ гардидааст
РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар самти муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили лимӯ оғоз шуд