Ширкати «IRS»: «Ояндаи наздик қабати болоии роҳи мошингарди Душанбе –Чаноқ пурра иваз мегардад»

Май 30, 2019 13:19

ДУШАНБЕ, 30.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Алҳол  таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди  Душанбе – Чаноқ, аз ҷумла  дар минтақаи Варзоб аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  босуръат идома дорад. Бо ин мақсад дар роҳи мазкур зиёда аз 40 техникаву механизмҳои роҳсозӣ  машғули кор мебошанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Файзалӣ Ниёз  ин мавзӯъро шарҳ медиҳад.

Дар тобеияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 адад корхонаи  асфалтбарорӣ  фаъолият дорад. Мавҷудияти ин  корхонаҳо  имкон фароҳам овардааст, ки  таъмири асосӣ ва ҷории роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шавад.

Тибқи нақша дар як муддати кутоҳ танҳо дар минтақаи Варзоб 11 километр роҳ бояд таъмири куллӣ ва қисмати боқимондаи он  таъмири ҷорӣ шавад, ки  бо ин мақсад  зиёда 16000 тонна асфалт харҷ мегардад.

Тавер масъулини филиали Ширкат гуфтанд, дар мавсими имсола  доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки  зиёда аз 50 километр роҳ таьмири куллӣ  ва зиёда аз 100 километр таъмири ҷорӣ шавад.  Илова бар ин, дар ояндаи наздик пурра нав намудани пироҳани роҳ (манзур асфалти роҳ аст) аз авлавиятҳои роҳбарияти филиали Ширкат мансуб мешавад.

Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест.

Лозим ба ёдоварист, ки бо фаро расидани мавсими гармо дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон  ва Суғд таъмири роҳ шурӯъ шуд. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шудаанд. Ба касе пӯшида нест, ки қисмати зиёди  роҳи Душанбе – Чаноқ,  аз минтақаҳое мегузарад, ки аз офатҳои табиӣ   зиёдтар осебпазир аст.  Кормандони филиали Ширкат  ин омилро мадди назар доранд ва дар ин ҷода фаъолияташонро  тавсеа бахшидаанд.

Бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар, тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чаноқ дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади мунтазаму бемонеа ва бехатари шаҳрвандон тариқи он дар тамоми фаслҳои сол таъмин аст.

Аз ҷониби филиали Ширкат ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад,  таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад.

Май 30, 2019 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд