Шоми имрӯз Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавии «Дунёи саодат» ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 15.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила шоми имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» баргузор мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивал бо мақсади рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, ҷалб ва фарогирии ҳарчи бештари мардуми кишвар ба фарҳангу санъат ва ба ин восита баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи ҳисси зебоиписандии ҷавонону наврасон баргузор мешавад.
Дар барнома 13 ансамбли беҳтарини оилавӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ба даври ҷамъбастии Фестивал роҳхат гирифтаанд, иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки даври аввали фестивал оғози моҳи апрел шурӯъ гардида, дар он танҳо ансамблҳои оилавии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ҳайаташон на зиёда аз 20 нафар аст, иштирок карданд.
Барномаи фестивал дастовардҳои ҳунарии ансамблҳои оилавиро инъикос намуда, муҳтавои он тарғибу ташвиқи дўстӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад.








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд






