ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Баҳри расидан ба ин ҳадаф чӣ бояд кард?

Май 27, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 27.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон  – таъмини амнияти озуқаворӣ  маҳсуб шуда, он  ба пешрафти соҳаи кишоварзӣ  вобастагӣ дорад. Дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва инфиродӣ назаррас мебошад. Дар робита ба вазъи кунунӣ ва мушкилу монеаҳои  хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) фишурдаи суҳбати хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР   бо муовини сардори Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилҷон ҲАМИДОВ  пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

АМИТ «Ховар»:  Фаъолияти  кунунии хоҷагиҳои деҳқониро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Одилҷон Ҳамидов: Бояд гуфт, ки  айни замон дар ҷумҳурӣ 178,4 – ҳазор  хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), 4622 кооперавтивҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва 120 ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд.

Хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат  бо маҳсулоти озуқаворӣ дар айни замон фаъолияти пурсамар доранд. Натиҷаи кори онҳоро дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи фаровонии маҳсулот  баҳо додан мумкин аст.

Ба ғайр аз таъминоти бозори дохилӣ хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба содироти маҳсулоти тару тоза ва меваҳои хушк ба хориҷи  ҷумҳурӣ  низ машғул мебошанд. Тибқи таҳлилҳо содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар 5 моҳи соли равон  нисбат ба  ҳамин давраи  соли гузашта хеле зиёд шудааст.

Маълумоти оморӣ бозгӯи он аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ сол то сол  меафзояд. Масалан, агар соли 1991 истеҳсоли зироатҳои ғалладонагӣ 304,4 ҳазор тоннаро ташкил медод, соли 2018 он ба 1 млн 295 ҳазор тонна расид. Истеҳсоли гандум соли 1991 153,1 ҳазор тонна, соли 2018  779 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Соли 1991  картошка 180,9 ҳазор , сабзавот  627,8 ҳазор, полизиҳо  175 ҳазор тонна истеҳсол шуда бошад, дар соли 2018 истеҳсоли картошка  ба 964,6 ҳазор , сабзавот ба 2 млн 11 ҳазор, полизиҳо  бошад ба 641,7 ҳазор тонна расонида шудааст. Аз муқоисаи ин рақамҳо пешравӣ дар ин самт бараъло мушоҳида мегардад.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз барои  фаъолияти босамари   хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) кадом монеаҳо  ҷой доранд?

Одилҷон Ҳамидов: Мушкилоти асосии хоҷагиҳои кишоварзӣ ин гарон будани нархи нуриҳои минералӣ, дастрасӣ надоштани хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ бо техника ва таҷҳизотҳои кишоварзии муосир мебошад. Солҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли нуриҳои нитрогендор, аз ҷумла, (карбамид) фаъолият дошт ва  он яке аз корхонаҳои машҳур дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд. Хуб мешуд, агар бо мақсади  дастгирии кишоварзони ҷумҳурӣ фаъолияти ин корхонаи истеҳсолӣ аз нав барқарор мешуд. Итминон дорам, ки бо ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари ин корхона  нархи нуриҳои минералӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ коҳиш меёбад. Айни замон нуриҳои минералӣ асосан ба ҷумҳурӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар давлатҳо ворид карда мешаванд, ки нархи  онҳо  гарон аст. На ҳамаи хоҷагидорон қобилияти харидории онро доранд.

Ҳамзамон зикр бояд кард, ки   барои гирифтани ҳосили хуби зироатҳои кишоварзӣ  меъёри истифодабарии нуриҳои минералӣ (NPK) бояд риоя карда шавад. Дар ҳолати нарасидани нуриҳои минералӣ ҳосили дилхоҳ рӯёнидан ғайриимкон мебошад.  Бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат  бо маҳсулотҳои кишоварзӣ, ки айни замон зиёда аз 9 млн 100 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва  кам будани замини корами обӣ дар ҷумҳурӣ моро водор месозад, ки сол то сол ҳосилнокии зироатҳои кишоварзиро баланд намоем.

АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст 30% ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ аз тухмии хушсифат  вобастагӣ дорад. Дар таъминоти он кишоварзон чӣ мушкил доранд?  

Одилҷон Ҳамидов: Воқеан ҳам сол аз сол талаботи хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба тухмиҳои хушсифат зиёд мегардад. Айни замон хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ  дар ҷумҳурӣ, ки 90 ададро ташкил медиҳад  40-50 фоизи талаботи хоҷагиҳоро таъмин намуда, боқимонда аз тухмиҳои шартӣ истифода мебаранд, ки ин албатта  ба ҳосилнокӣ таъсири манфӣ  мегузорад.

Бо мақсади таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмиҳои хушсифат Вазорати кишоварзӣ «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»-ро таҳия намудааст, ки бо  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016  тасдиқ гардидааст. Самтҳои асосии Барномаи мазкур ин мустаҳкам намудани базаи модию техникии хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ, хоҷагиҳои илмӣ истеҳсолии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, сохтмони як озмоишгоҳ барои муайян намудани тухмии аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда, истеҳсолоти тиҷоратӣ, коркард, маркетинги тухмӣ ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи тухмипарварӣ мебошад. Агар барномаи мазкур аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ  мешуд, барои рушди соҳаи тухмипарварӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамуд.

Боиси ёдоварист, ки озмоишгоҳҳое, ки солҳои пеш дар қисми зиёди шаҳру ноҳияҳои мамлакт фаъолият доштанд, куҳнаю фарсуда шудаанд. Аксари онҳо  имрӯз фаъолияти номуназзам  доранд. Агар ин озмоишгоҳҳо таҷдиду фаъол карда шаванд, кори хоҷагидорон боз ҳам пеш  меравад. Умедворем бо татбиқи пурраи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ  ин мушкилот  ҳалли худро меёбад.

АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, истифодаи дуруст ва оқилонаи замин  яке аз роҳҳои самарабахши таъмини бозори истеъмолӣ ё худ расидан ба амнияти озуқаворӣ маҳсуб мешавад. Маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи  он аз ҷониби хоҷагидорон чи гуна  ба роҳ монда  шудааст?

Одилҷон Ҳамидов: Бо мақсади оқилона ва самаранок истифода бурдани замин ва  аз як замин гирифтани 2-3 ҳосил Вазорати кишоварзӣ ҳамасола дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзиро таҳия намуда, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишоварзон барои иҷрои саривақтӣ пешниҳод менамояд. Соли равон  дар дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ баъди ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ картошка ва сабзавоти барвақтӣ дар майдони 82 ҳазор гектар гузаронидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар назар аст.  Аз ҷумла,  33,3 ҳазор  зироатҳои ғалладонагӣ, 2,9 ҳазор  зироатҳои техникӣ, 0,5 ҳазор картошка, 9,9 ҳазор  зироатҳои сабзавотӣ, 4 ҳазор гектар полезӣ ва 31,4 ҳазорро  зироатҳои хӯроки чорво ташкил медиҳад.

Аз таҳлили фаъолияти хоҷагиҳо бармеояд, ки нисбат ба солҳои пеш кор дар самти истифодаи мақсадноки замин, риояи корҳои агротехникӣ, аз ҷумла, обмонӣ, яхобмонӣ, риояи кишгардон, меъёри додани нуриҳои минералӣ, шудгори хушсифат ва ғайра  беҳтар шудааст.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба фарҳанги зироаткорӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз он ҷумла обу замин вобаста ба шароити иқлим ва рушд додани соҳаи зироатҳои кишоварзӣ гурӯҳи корӣ аз ҳисоби  олимон ва мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон  ба номи Ш. Шоҳтемур, КВД Маркази такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ва Котиботи аграрии Вазорати кишоварзӣ таъсис дода шуд.

Гурӯҳҳои корӣ  дар минтақаи водии Ҳисор (ноҳияҳои тобеи марказ), шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд бо иштироки сардорони сарраёсату раёсатҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии вилоятҳо, дар маҷмӯъ дар 10 шаҳру ноҳияҳои он бо иштироки 45 шаҳру ноҳия ва фарогирии 1075 нафар машғулиятҳои омӯзишӣ гузарониданд. Дар  машғулиятҳои  мазкур хоҷагидорон  аз соҳаи тухмипарварӣ, нигоҳубину парвариши зироатҳо дар гармхонаҳо, мубориза бар зидди ҳашаротҳои зарарасон, касалиҳои замбуруғӣ, бактериявии зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ба мутахассисони варзида ва олимони соҳа суолҳо дода, аз онҳо  ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Тибқи нақша гузаронидани  машғулиятҳои мазкур  дар  ВМКБ низ дар назар аст .

АМИТ «Ховар»: Барои рушди  минбаъда хоҷагиҳои деҳқонӣ  ва пешравии бештари онҳо дар ҷумҳурӣ ҳамчун мутахассис чӣ маслиҳат медиҳед?

Одилҷон Ҳамидов: Муайян намудани зироатҳои асосие, ки барои ноил гардидан ба амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани вазъи молиявии хоҷагиҳои мамлакат мусоидат мекунанд, имкон медиҳанд, ки афзалиятҳои таъминот бо тухмӣ низ маълум гарданд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, бояд ба таъминоти тухмии хушсифати зироатҳои кишоварзӣ аз ҷумла, гандум, пахта, картошка, сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво аҳамият дода шавад.

Ҳамзамон рушди тухмипарварии зироатҳои равғандиҳанда, сабзавотӣ, полезӣ ва бехмевагиҳо низ барои беҳтарнамоии вазъи иқтисодии хоҷагиҳо аҳамияти муҳим  дорад. Зарур аст, ки истеҳсоли тухмии дурагаҳои зироатҳо, аз ҷумла сабзавотҳо, зироатҳои хӯрокаи  чорво ва ғайраҳо ки даромади назарраси иқтисодӣ доранд, дастгирӣ карда шавад.

Бо дарназардошти аҳамияти дарахтони мевадиҳанда, махсусан дар минтақаҳои куҳӣ рушди селексияи чунин дарахтон бояд дастгирии ҳамаҷониба ёбад. Дар ин раванд ба роҳ мондани истеҳсоли ниҳолҳои навъҳои беҳтарин  бояд рушд дода шавад.

Бояд махсус таъкид кард, ки    аз соли 2004 инҷониб, баъди ҷорӣ гардидани андози ягона хоҷагиҳои тухмипарварӣ  аз имтиёзҳо маҳрум гардиданд. Имтиёзҳои дар моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» муқарраргардида, аз ҷумла, ҷудо гардидани маблағҳои давлатӣ,  ҷуброни хароҷот барои истеҳсоли тухмиҳои аслӣ ва элита, додани қарзҳои имтиёзнок мавриди амал қарор дода нашудааст. Маблағҳои субсидӣ (кӯмаки молиявӣ), ки барои тухмипарварии элитӣ, ибтидоӣ  ва истеҳсоли тухмиҳои репродуксияи якум ва дуюм дар моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар гардидааст, барои хоҷагиҳои тухмипарварӣ ҷудо карда намешаванд. Яъне аз ин маблағҳо истифодабарбарои дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони тухмии зироатҳои кишоварзӣ имкониятҳо маҳдуданд. Имрӯз бе дастгирии давлатӣ ва пешниҳоди имтиёзҳо ба истеҳсолкунандагони тухмии зироатҳои кишоварзӣ  рушди бомароми соҳаи тухмипарварӣ ғайриимкон мебошад.

Бояд истеҳсоли навъҳои тухмии зироатҳои кишоварзии ватанӣ (суперэлита, элита ва репродуксияҳои баланд, аз он ҷумла навъҳои гандуми дуфасла) зиёд карда шавад. Аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон истеҳсоли тухмиҳои гибридии серҳосили зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин ба роҳ мондани технологияи муосири истеҳсол,  коркард, тозакунӣ, нигоҳдорӣ, сертификатсия, басту банд, тамғагузорӣ, маркетинг ва тиҷорати тухмӣ, додани қарзҳои имтиёзноки дарозмӯҳлат ба хоҷагиҳои кишоварзӣ   яке аз омилҳои асосие маҳсуб мешаванд,  ки  соҳаи кишворзиро  ба муваффақиятҳои нав ноил мегардонанд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Май 27, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати корҳои дохилӣ: «Ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед»
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд