«ТАМОКУ ВА САЛОМАТИИ ШУШ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш баргузор мегардад

Май 24, 2019 13:46

ДУШАНБЕ, 24.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку»  28 майи соли равон дар Маркази матбуоти  ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  ҳамоиш таҳти унвони «Тамоку ва саломатии шуш» баргузор мегардад.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар ҳамоиш  иштирокдорон   масъалаҳоро доир  ба хавфи истеъмоли тамоку, зарурати тадбирҳои самараноки паст кардани сатҳи истеъмоли он,  нақши муҳими  шуш  барои саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар як шахс, таъсири зараровари  истеъмоли тамоку ба шуши инсон, аз саратон то ба   бемориҳои музминро муҳокима хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 31 май дар тамоми ҷаҳон «Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку» таҷлил  мегардад. Тибқи иттилои  Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, истифодаи тамоку яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва  фавти аҳолии ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Мутобиқи маълумоти ин ташкилот, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 6 миллион нафар аз бемориҳое, ки ба тамокукашӣ вобастаанд, мефавтанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон зиёда аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки аз инҳо 78 фоизро мардон, 10 фоизро занон ва 12 фоизи дигарро наврасон ташкил медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии миллатро боигарии давлат дониста, дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба ин соҳа таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуданд.

Ёдовар мешавем, ки муҳимияти пешгирӣ ва ё маҳдуд намудани ин масъаларо ба назар гирифта, 2 январи соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Таҳрири нави қонун ба ҳифзи солимӣ ва пешгирии бемории аҳолӣ равона гардида, ҳамзамон истеҳсол, содироту воридот ва фурӯши маҳсулоти тамокуро дар мамлакат танзим менамояд.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон соли 2013 ба Конвенсияи амсилавӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ гардид.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул намудани ин қонунро ба назар гирифта,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро яке аз барандагони Ҷоиза барои саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бо тамоку эълон кард.

Ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ  31 майи соли 2018 дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо тамоку дар баробари панҷ созмон ва фарди дигар Сарвари давлати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро аз барандагони ҷоиза дар минтақаи аврупоии худ ном бурд.

«Раҳбари Тоҷикистон мубориза бо тамокукаширо  аз самтҳои асосии  сиёсати худ  қарор дод ва бо ташаббуси вай 2 январи соли 2018 қонуне қабул шуд, ки кашидани тамоку дар  ҷойҳои ҷамъиятиро  манъ мекунад»,- омадааст дар баёнияи  ташкилот.

Медали Ташкилоти ҷаҳонии тандурустиро 19 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе  ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи он Игор Поканевич супорида, ба саҳм ва нақши Президент ва Ҳукумати  мамлакат баҳри таъмини солимии ҷомеа баҳои баланд дод.

Май 24, 2019 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои таҳкими субот дар минтақаҳои аз офатҳои табиӣ осебпазир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин дар фасли баҳор боиси авҷи бемории гастрит мегардад
Дар Тоҷикистон 71 фоизи кормандони соҳаи тибро занон ташкил медиҳанд
Мумина Шовалиева: «Растаниҳои худрӯйи Тоҷикистон дар фасли баҳор ҷузъи ҷудонашавандаи таомҳои миллӣ мебошанд»
Занону модарони тоҷик тақдирсоз ва таърихсоз мебошанд
Нақши занон дар хизмати давлатӣ барои рушди ҷомеа ва давлат аҳамияти бузург дорад
Бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши занони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
Шоҳона Сулаймон: «Сарриштаи зиндагиву рӯзгори ҳар як оила, пеш аз ҳама, дар дасти Зан-Модар аст»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Рӯзи Модар ботантана таҷлил карда шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон: «Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки бе зарурати шадид бо роҳҳои кӯҳӣ ба сафар набароянд»
Бо иштироки ҷавондухтарону фаъолзанони гуногункасб ҳамоиши бошукуҳ доир гардид
Ба сокинони вилояти Суғд хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд