Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷавонон-ояндаи давлату миллат боварии комил дорад, -бардошт аз мулоқот дар Истаравшан
ДУШАНБЕ, 07.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан мулоқоти кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон, фаъолони ҷомеа, донишҷӯён ва ҷавонони шаҳри мазкур доир гардид.
Тавре аз Вазорат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Абдусаттор Фаттозода, сардори Маркази матбуоти Вазорат Умарҷони Эмомалӣ ва намояндагони ҳокимияти иҷроия, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» иштирок намуданд.
Муовини раиси шаҳри Истаравшан Нигора Наимҷонзода иброз дошт, ки чунин робитаву ҳамкорӣ ҷавононро ба сӯйи созандагиву бунёдкорӣ ҷалб менамояд.
Сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати мазкур А.Фаттозода сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавононро шарҳ дода, иброз дошт, ки хеле тассуфовар аст, вақте ки бархе ҷавонон ба ҷойи омӯхтани илму ирфон, донишу маърифат ба ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананд. Мавсуф аз таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти давлат ба соҳаи маориф ёдовар гардида, зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон- ин неруи созанда ва ояндаи давлату миллат боварии комил доранд.
Дар ҳамоиш сардори маркази матбуоти Вазорат Умарҷони Эмомалӣ вобаста ба дастовардҳои замони истиқлолият ибрози андеша намуда, таваҷҷуҳи ҷавононро ба ҷойгоҳи илму дониш ва одобу ахлоқ дар мероси адабии шоирону нависандагони форсу тоҷик ҷалб намуд.
Дар анҷоми ҷамъомад аз номи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба як гурӯҳ донишҷӯён ва фаъолони ҷомеа Ифтихорномаву Сипоснома тақдим карда шуд.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






