Зарурати маҳдудияти мавсимӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ дар чист? Ин мавзуъ дар барномаи «Раҳнамун»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 09.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ягона роҳе, ки имрӯз маркази Душанберо бо шимоли мамлакат мепайвандад ва аксар содироту воридоти молу коло аз ин минтақа сурат мегирад, роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад. Аммо сифати роҳ ва бехатарии роҳ аз ҳама муҳимтар аст,- мегӯянд ронандагон ва ба шароити фароҳамовардаи роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ баҳои мусбат медиҳанд.
Аз оғози моҳи май то 31 августи соли равон дар сурати аз 25 дараҷа зиёд будани ҳарорати ҳаво дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад. Чаро? Оё ҳоло ин мавсим ҷорӣ шудааст ё баъди аз 25 дараҷа боло рафтани гармии ҳаво?
Ба ин саволҳо намояндаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло дар барномаи «Раҳнамун»- и Радиои «Ховар» дар таҳияи муаллиф ва муҳаррири барнома Файзалӣ Ниёз посух медиҳад.
Барномаи «Раҳнамун» 10 май, соатҳои 13:30 (аслӣ) ва 21:30 (такроран) пахш мешавад.