«Журналистикаи чандрасонаӣ»-аввалин китоби дарсӣ барои рӯзноманигорони мултимедиявӣ
ДУШАНБЕ, 18.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе китоби дарсии профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷовид Муқим бо номи «Журналистикаи чандрасонаӣ» ба нашр расид.
Тавре аз факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, «Журналистикаи чандрасонаӣ» аввалин китоби дарсӣ дар Тоҷикистон буда, он барои омода кардани журналистони мултимедиявӣ пешбинӣ шудааст.
Ба зикри Ҷовид Муқим, дар факултаҳои журналистика ва иртибототи донишгоҳҳои ИМА, Аврупо ва Россия дер боз омода кардани журналистони чандрасонаӣ ба роҳ монда шудааст. Дар Тоҷикистон акнун дар ин ҷода қадамҳои нахустин гузошта шудаанд. Ҳоло дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин гурӯҳи ихтисоси веб-рӯзноманигорӣ курси якумро хатм карда истодаанд.
«Аз ин китоби «Журналистикаи чандрасонаӣ» донишҷӯён асосҳои журналистикаи чандрасонаӣ – аксбардориву наворбардорӣ барои сомона, сабту таҳрири садо, сохтани слайдшоу ва инфографика, блогу сомонаҳоро меомӯзанд. Феълан расонаҳои интернетӣ ба як ҷузъи ВАО табдил ёфта, теъдоди хонандагонаш рӯ ба афзоиш дорад. Махсусан имкониятҳои мултимедиявии расонаҳои интернетӣ хонандагон ва рекламадиҳандагонро ба худ бештар ҷалб карда, барои рушди ин соҳа мусоидат менамояд. Ин аст, ки тахассуси нав — журналисти интернетӣ ба вуҷуд омад ва барои тайёр кардани чунин мутахассисон имрӯз талабот зиёд аст»,- гуфт профессори кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Китоби дарсии «Журналистикаи чандрасонаӣ» бо теъдоди 200 адад аз чоп баромада, аз 18 мавзӯи дарсӣ ва 168 саҳифа иборат аст.








Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид






