Ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид гардид

Июнь 12, 2019 15:12

ДУШАНБЕ, 12.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро баррасӣ намуданд.

Тавре аз палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим имрӯз зимни  ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, муҳокима гардиданд.

Зикр шуд, ки қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии он ба талаботи кодексҳои гражданӣ, шаҳрсозӣ ва дигар қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин такмили фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, вакилони мардумӣ як қатор масъалаҳои дигар, аз ҷумла, лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуданд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Июнь 12, 2019 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд