Ба тарбиятгирандагони мактаб — интернати дурдасти ноҳияи Мурғоб кумаки моддӣ расонида шуд

Июнь 12, 2019 11:57

ДУШАНБЕ, 12.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастуру супоришҳои  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба тарбиятгирандагони   интернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №2 –и  деҳаи Тохтамиши ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ба маблағи 21 ҳазор сомонӣ маводи хӯрока, либосворӣ ва  таҷҳизоти техникӣ кумак  намуд.  

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» Файз Мирасан  ректори  донишгоҳ Шермамад Ҷонмамадов  иттилоъ дод,  муассисаи  онҳо  дар асоси супориши Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ  аз соли 2012 то инҷониб   сарпарастии мактаб – интернати мазкурро   ба уҳда дошта,  ҳамасола ба хонандагони он  кумаки моддӣ мерасонад.

«Пешвои миллат ба донишгоҳи мо дастур дод, ки тарбиятгирандагони интернатро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ намоем. Баъди супориши Роҳбари давлат  донишгоҳ бо ин муассисаи таълимӣ робита барқарор кард ва акнун ҳамасола барои хонандагони он  кумаки моддию маънавӣ мерасонад»,- афзуд ректор.

Декани факултети филологияи тоҷики донишгоҳи мазкур Азатшо Насриддиншоев, ки ин корвони кумакро ба дасти кӯдакону наврасон расонд, изҳор намуд, ки аз 146 хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №2 –и деҳаи Тохтамиш 20 нафари онҳо дар интернати назди мактабӣ таҳсил мекунанд.

«Мо барои хонандагон 3 компютер, 10 халта орд, маводи хӯрока, аз ҷумла равғану шакар, марҷумаку биринҷ ва ҳамчунин 100 ҷуфт поафзоли варзишӣ  тақдим кардем», -илова кард номбурда.

Директори мактаб- интернати зикршуда  Рисбой Ҷунуев ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба   Пешвои миллат барои ғамхорию дастгирии оилаҳои камбизоат ва кӯдакони ятим изҳори сипос намуда, гуфт, ки «мактаби мо дар дурдастарин минтақаи Тоҷикистон ҷойгир аст  ва қадам ранҷа намудани ҳар меҳмон моро  хушҳол мегардонад. Бачаҳо  аз устодони донишгоҳ  на танҳо кумаки модӣ мегиранд,  балки аз суҳбати онҳо доир ба донишомӯзӣ, аз ҷумла аз худ намудани илмҳои муосиру ҳамқадами замон шудан ва дигар чорабиниҳои маърифатие, ки барои онҳо доир месозанд, ғизои маънавӣ мегиранд. Аз ин рӯ, ҳар сол омадани онҳоро бесаброна интизорӣ мекашанд».

«Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ягона муассисаест, ки  вазифа ва рисолати худро содиқона иҷро мекунад ва мактаби моро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд», — изҳори миннатдорӣ кард номбурда.

Июнь 12, 2019 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд