БА ТАВАҶҶУҲИ ҲАВОДОРОНИ ФУТБОЛ! 7 июн дар Душанбе бозии дӯстонаи футболбозони тоҷику афғон баргузор мегардад

Июнь 6, 2019 08:14

ДУШАНБЕ, 06.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 июн, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе футболбозони тоҷик бозии аввали дӯстонаи худро бо  футболбозони афғон баргузор менамоянд. Бозии дуюми дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 11 июни соли равон   дар шаҳри Гуанҷоу бо дастаи мунтахаби Чин доир мешавад.

Алҳол дастаи мунтахаби милии футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  ба  ин бозиҳои дӯстона   омодагӣ дорад.

Тибқи хабари сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Ҷалилов, ки бори аввал аз ҷониби сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон   Усмон Тошев ба ҳайати даста даъват шудааст, бо сабаби ҷароҳат доштанаш дар бозиҳои дӯстона иштирок карда наметавонад.

Усмон Тошев боварӣ дорад, ки Алишер Ҷалилов то бозиҳои байналмилалии «Intercontinental Cup 2019», ки моҳи июл бо ширкати дастаҳои мунтахаби Сурия, Ҳиндустон ва Кореяи Шимолӣ гузаронида хоҳанд шуд, шифо ёфта, ба  дастаи мунтахаб  барои ба даст овардани ғолибият   кумак мерасонад.

 

Бозиҳои дӯстона
7 июн (ҷумъа)

Тоҷикистон – Афғонистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

11 июн (сешанбе)

Чин – Тоҷикистон

Гуанҷоу, Чин

Июнь 6, 2019 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд