ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар деҳаи Шарқиёни ноҳияи Тоҷикобод барои кӯдакон майдончаи дилхушӣ бунёд гардид
ТОҶИКОБОД, 08.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шарқиёни ҷамоати деҳоти Нушори ноҳияи Тоҷикобод аз тарафи соҳибкор Бегиҷон Худойдодов майдончаи дилхушӣ барои кӯдакон сохта ба истифода дода шуд. Майдончаи мазкур бо маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Он бо таҷҳизотҳои замонавии варзишию дилхушкунанда барои кӯдакон муҷаҳҳаз буда, баҳри солимӣ ва фароғати кӯдакони деҳот пешбинӣ шудааст.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кушодашавии майдончаи мазкур раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода иброз намуд, ки соҳибкорону сокинони бонангу номуси ноҳия барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ давоми дуюним соли минбаъда 74 иншооти аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявидоштаро бунёд менамоянд.
То имрӯз дар ноҳия зиёда аз 7 иншоот, аз ҷумла биноҳои суди ноҳия, кӯдакистон, бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва кӯчаҳои маркази ноҳия дар қисмати аввал мумфаршу чароғон гардиданд. Инчунин як маҷмааи тиҷоратӣ дар бозори марказии ноҳия ба истифода дода шуд.
Бо дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 иншоот бо маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорату кумитаҳо ва буҷети маҳаллӣ сохта мешаванд. Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорону эҳсонкорони ноҳия 36 инфрасохтори иҷтимоӣ бунёд мегардад.
Дар чорабинии мазкур соҳибкор Бегиҷон Худойдодов ба ҳамдиёрон ваъда дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то охири соли 2019 ду иншооти дигар, аз ҷумла, ҳаммом ва сартарошхона барои сокинони деҳаи Шарқиён сохта ба истифода медиҳад.








Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд






