Дар Истаравшани бостонӣ ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳ таҷлил гардид

Июнь 26, 2019 11:12

ДУШАНБЕ, 26.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар  шаҳри Истаравшан 7 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва маишию хизматрасонӣ  ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, маркази омӯзиши забонҳо, фабрикаи парандапарварӣ, ду маркази савдо ва хизматрасонӣ, ошхонаи «Истаравшан», нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва бозори фурӯши чорво  аз ҷониби соҳибкорон ба истифода дода шуда, дар онҳо барои аҳолии шаҳр 58 ҷойи кори нав муҳайё гардид.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ аз шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.

Ба иттлои манбаъ, мардуми сарбаланди шаҳри бостонии Истаравшан Рӯзи Ваҳдати миллиро дар Кохи фарҳанги шаҳр бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд. Чорабинии мазкурро  раиси шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода ифтитоҳ намуда, сокинони ин гӯшаи диёрро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик намуда, оид ба аҳамияти ҷашни мазкур ибрози андеша намуд.

Таъкид гардид, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Истаравшан бунёди 450 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо нақши мардуми шарафманд ва соҳибкорони бо нангу номуси  ин минтақа назаррас аст. Ҳамчунин зикр шуд, ки соли 2019 ба истифодадиҳии 152 адад иншоот дар назар дошта шудааст, ки то имрӯз 90-тои он мавриди истифода қарор дода шудааст.

Муовини Раиси Суди конститутсионии ҷумҳурӣ  Карим Каримзода аз номи Хукумати мамлакат  ва муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоуддин Баҳодурзода аз номи раиси вилояти Суғд  аҳли нишастро табрик намуданд.

Зикр гардид, дар ин рӯзи муборак, 22 сол муқаддам Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки мардуми тоҷикро аз парокандагӣ,  мамлакатро  аз пош хӯрдан ва давлатро аз нобудӣ наҷот дода, дар Тоҷикистон  саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдорӣ оғоз гардид. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон шароите фароҳам овард, ки Истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободии сарзамин ва ояндаи неки давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ-30 солагии Истиқлолияти давлатӣ мардуми ин гӯшаи диёр камари ҳиммат баста, ҳамаҷониба омодагӣ доранд. То ин ҷашни миллӣ дар шаҳр корхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ мекунанд, мактабҳои замонавӣ дарҳои худро ба рӯи хонандагон боз менамоянд, майдончаҳои варзишӣ барои наврасон  ба истифода дода мешаванд, роҳҳои зиёде мумфарш ва таҷдид мегарданд, ки ин ҳама корҳои созандагиву бунёдкорӣ самараи ваҳдат аст.

Аз шумори корҳои муҳим ва созандае, ки сокинони Истаравшан соли гузашта ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ анҷом доданд, ин қомат афрохтани Нишони давлатӣ ва Парчами миллист, ки намунаи волои арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ буда, бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, ба намои шаҳр ҳусни тозае зам намуд.

Сипас чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Ман ба шумо сулҳ меорам» доир гардид, ки дар он ҳунармандони шаҳр дар васфи Ваҳдату ягонагӣ, Тоҷикистон, Пешво ва Парчам суруд хонданд.

Июнь 26, 2019 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Инро метавон «Ташаббуси наҷотбахши башар» номид
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ ҳушдор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон пуштибонии доимиро аз татбиқи Рӯзномаи 2030 барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор идома медиҳад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад танҳо тавассути муколама ва ҳамкории созанда дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир комёб гардад»
Президенти Тоҷикистон: «Тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад»
РӮДАКӢ-СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ. Васфи шеъри Рӯдакӣ аз асрҳои миёна то ба асри нав
БУНЁДГУЗОРИ ЗАБОНИ НОБИ ТОҶИКӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
Президенти Тоҷикистон аз тағйирёбии босуръати иқлим ва оқибатҳои ногувори он изҳори нигаронӣ намуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ-ШИНОСНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истиқлолият
Эмомалӣ Раҳмон: «Ормону орзуи ҳар шахс танҳо дар сурати побарҷо будани сулҳу суботи ҷомеаву давлат ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардида метавонад»