Дастаи мунтахаби варзиши сабуки Тоҷикистон дар Тошканд сазовори 5 медали тилло гардид

Июнь 13, 2019 12:41

ДУШАНБЕ, 13.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар  мусобиқаи варзиши сабук — «Ҷоми шаҳрҳо», ки  11-12 июни соли  равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон  баргузор гардид, ширкат варзида,    сазовори 9 медал – 5 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ гардиданд.

Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа ва Гулсунбӣ Шарифова дар масофаи 200 метр рекорди миллӣ  нишон доданд.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар  дод.

Тибқи иттилои манбаъ,  Кристина дар масофаи 400 метр бо монеа бо натиҷаи 58,47 сония мақоми аввалро ишғол кард. Гулсунбӣ Шарифова дар дав ба масофаҳои 100 метр бо натиҷаи 11,86 сония ва 200 метр бо натиҷаи 23,76 сония ду медали тилло ба даст овард. Натиҷаи рекордиаш дар даври интихобии масофаи 200 метр (23.70) ба қайд гирифта шуд.

Григорий Дерипаскин низ ду медали тилло ба даст овард. Ӯ дар масофаҳои 200 метр бо натиҷаи 21.91 сония ва 400 метр бо натиҷаи 48,85 сония ҷои аввалро ишғол намуд.

Як медали дигари тиллоро Алишер Пулотов дар масофаи 400 метр бо монеа,  бо натиҷаи 53,08 сония сазовор гашт.

Дар ҳамин масофа варзишгари дигари тоҷик Азиз Абдуллоев бо натиҷаи 53,45 сония медали нуқра гирифт.
Медалҳои биринҷиро Григорий Дерипаскин дар масофаи 400 метр бо натиҷаи 48,85 сония, Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳиш ба баландӣ бо натиҷаи 2,00 метр ва Алиёр Собиров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 21,84 метр ба даст оварданд.

Хотиррасон  менамоем, ки  мусобиқаи  мазкур  дар баробари варзишгарон аз шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон  варзишгарони Тоҷикистону  Қазоқистон низ иштирок карданд.

Июнь 13, 2019 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад