«ИН ҶО ДУШАНБЕ! ШУНАВАНДАГОНИ АЗИЗ, МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН! ЧАНД ЛАҲЗА ҚАБЛ СОЗИШНОМАИ СУЛҲ БА ИМЗО РАСИД…». Ёдкарди муҳаррири Радиои Тоҷикистон, нависанда ва рӯзноманигор Карим Мусо аз рӯйдоди 22 сол пеш

Июнь 27, 2019 08:32

ДУШАНБЕ, 27.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Ваҳдат барои мо як вожа ё калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти  пешрафти  мамлакатамон  ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст». Ин  матлаб иқтибос аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Гуфтанд, мегӯем ва хоҳанд гуфт, ки нақши Пешвои тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон барҷаста аст ва он дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои зарин сабт шуда, пас аз садсолаҳо низ ин хизмати Сарвари давлат эътирофу қадршиносӣ меёбад.

26 июни соли 2007 Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори даҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ гуфта буданд: «Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда мебошад. Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои сахту сангине, ки ин миллати фарзона дар тамоми умри дарози худ ҳамеша рӯбарӯ гаштааст, ҳамин асолати созанда ва заковати азалиашро ҳифз кардааст. Маҳз ҳамин фазилатҳои неки азалӣ ва ифтихори миллӣ аст, ки мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштӣ ҳидоят намуда, имрӯз роҳи моро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ, ободонии Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими онҳо равшан мекунанд.Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бонангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии ба қимати ниҳоят гарон бадастомадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем».

Тавре Роҳбари давлат таъкид намуданд, тоҷикон дар ҳеҷ давру замоне нисбат ба миллату халқҳои дигар иддаои афзалиятхоҳӣ ва бартариҷӯӣ накардаанд. Баръакс, мо доим мехоҳем бо дигар халқҳо дар фазои осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ зиндагӣ дошта бошем. Ин ҳам аз фазилатҳои неки сиришти миллати куҳанбунёди тоҷик аст ва мо бо он ифтихор мекунем. Чунки дӯстиву ваҳдати халқҳои ҷаҳон, гуфтугӯи тамаддунҳо, ҳамкории судманд ва ҳамзистии осоишта аз мавзӯъҳоест, ки ҳамеша дар маркази андеша ва эҷодиёти бузургони мо қарор доштааст.

Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ  бамаврид аст, ки аз он рӯзҳои барои миллати мо сарнавиштсоз, ки шоҳиди бевосита будем, ёдоварӣ намоем. Он  рӯзро, яъне рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллиро, ки  мардуми тоҷик бесаброна интизор буданд, яъне 27-уми июни соли 1997-ро хуб ёд дорам.

Дар он айём мудирии шуъбаи кишоварзии Радиои Тоҷикистонро ба уҳда доштам. Барномаи «Кишоварз» ҳар рӯз аз соати 14 то 15 садо медод ва мухлисони ниҳоят зиёде дошт. Ҳамон рӯз ҷумъа буд. Барномаро таҳия карда, ба ҳуҷраи корӣ омадам. Соати чордаҳ барнома оғоз ёфт. Бояд як соат садо диҳад. Вале, тақрибан баъд аз 30-32 дақиқа банохост барнома қатъ шуд. Мушавваш шудам. Гумон кардам, ки кадом нуқсони техникӣ рух додааст. Чаро ки қатъ гардидани барномаҳои радио қатъиян мумкин нест, илло дар ҳолатҳои фавқулода.

Дар ҳамин ҳолат «Ин ҷо Душанбе» — гӯён овози сармуҳаррири идораи барномаҳои «Ахбор»-и радио Муҳаммадумари Нурмуҳаммад садо дод, ки таскин ёфтам.

ДАР АКС (аз чап ба рост): муҳарррони собиқи Радиои Тоҷикистон Муҳамадумари Нурмуҳаммад, Карим Мӯсо ва шодравон Нусратшо Таваллоев

Ёдам омад, ки  дар маҷлиси пагоҳӣ директори ҳамонвақтаи радио Мансур Султонов баъд аз баррасии нақшаи корӣ ва тасдиқи барномаҳои ҳамонрӯза, иброз дошт, ки то чошт бояд Нусратшо Таваллоев дар иртибот ба имзои Созишномаи сулҳ аз Маскав гузориш ирсол намояд. 

Чун мавриди мувофиқ аст, мехоҳам дар бораи шодравон Нусратшо Таваллоев ба таври фишурда маълумот бидиҳам. Мавсуф соли 1955 пас аз хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо тавсияи аллома Бобоҷон Ғафуров дар Институти марксизм-ленинизми назди КМ ПК Тоҷикистон ба сифати ходими хурди илмӣ ба кор оғоз намуд. Баъд аз як сол дар Нашрёти давлатии Тоҷикистон ба вазифаи муҳаррир ва баъдан дар Институти такмили ихтисоси омӯзгорон ба ҳайси котиби масъул ва муҳаррири маҷмӯаи китобҳои методӣ барои омӯзгорон корро идома дод. Аз моҳи октябри соли 1958 то лаҳзаҳои охири умр – 28 марти соли 2008 дар идораи барномаҳои бурунмарзии Радиои Тоҷикистон, ки ҳоло «Овози тоҷик» ном дорад, ба ҳайси муҳаррир, муҳаррири варзида ва мудири шуъбаи форсӣ зиёда аз панҷоҳ сол адои хидмат кардааст. Маҳз бо кӯшиши ӯ садои алломаҳои Машриқзамин Саид Нафисӣ, Фурӯзонфар, Халиллулоҳ Халилӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад

Осимӣ ва дигарон дар Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон маҳфузанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар даҳаи охири моҳи июни соли 1997 ҳайати ҳукуматӣ барои ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ба шаҳри Маскав сафар кард ва дар ҳайати он намояндагони воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла  шодравон Нусратшо Таваллоев ҳам дар ин ҳайат шомил буд ва ҳамарӯза аз ҷараёни ин мулоқотҳо хабар медод. Кормандони радио ин хабару гузоришҳоро таҳриру такмил дода, пешкаши шунавандагон менамуданд. Чаро ки дар он рӯзҳо тамоми гӯшу ҳуши мардум ба хабарҳои аз Маскав ирсолшуда буд. Бинобар ин Мансур Султонов ба сармуҳаррири идораи барномаҳои «Ахбор» шодравон Муҳаммадумари Нурмуҳаммад супориш дод, ки баробари дастрас кардани хабар онро ба таври оҷил ба самъи шунавандагон бирасонад.

Муҳаммадумар ҳам баробари гирифтани хабар фавран аз ошёнаи панҷум ба ошёнаи дувум, ки студия он ҷо воқест, фаромада, барномаи «Кишоварз»-ро боз медораду ба таври фишурда чунин хушхабарро мерасонад:

«Ин ҷо Душанбе, Радиои Тоҷикистон. Шунавандагони азиз, мардуми шарифи Тоҷикистон. Ба мо ин лаҳза аз шаҳри Маскав хушхабаре расид, ки ҳамаи мову шумо дер боз интизори он будем. Чанд лаҳза қабл Созишномаи сулҳ ба имзо расид ва ба диёри куҳанбунёди мо сулҳ омад. Ҳамаи шуморо бо ин хабари хуш муборакбод мегӯем».

Ин гуфтаҳо далели он аст, ки шодравон Муҳаммадумари Нурмуҳаммад нахустин шахсе буд, ки муждаи сулҳи тоҷиконро аз тариқи радио ба мардум расонид.

Пас аз шунидани ин хушхабар шодию сурури моро интиҳо набуд. Чаро ки интизориҳо бор ва ранҷҳои кашидаи Сарвари давлат ганҷ  оварданд:

Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги  бунёдсӯзи  мо  бигзашт,
 Сулҳи  бунёдкори  мо  омад.

 Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
 Ахтари саъд ёри мо омад.

Мо бояд шукргузори ҳамин Ахтари саъди тоҷикон бошем. Чаро, ки тавре мегӯянд:

Шукр гӯӣ неъматат афзун шавад,
В-ар нагӯӣ аз кафат берун шавад.

Ва ё:

Шокиронро дӯст медорад Худо,
Ҳар кӣ ношукрӣ кунад, бинад ҷазо.

Мо бояд шукри онро бикунем, ки таҳти  сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳое ноил  гадидем, ки таърих назирашро надидааст.

Мо шукргузори он бошем, ки имрӯз ҳамаи унсурҳои давлатдориро дорем. Ба мо танҳо лозим аст, ба хотири он ки аъдо оби моро ба ҷӯи худ накашад, воҳид бошему баҳри шукуфоии Ватан  аз як гиребон сар бароварда, ба меҳнати ҳалол пардозем. Чаро ки тавре мегӯянд, ваҳдат ба истиқлолият мебарад ва истиқлол ваҳдатро ба камол мерасонад. Яъне, яке дигареро тақвият медиҳад.


Карим МӮСО,
нависанда

Июнь 27, 2019 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин