МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: дар тартиби кори нуқтаҳои бақайдгирӣ тағйирот ба амал омад

Июнь 13, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 13.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар тартиб (реҷа)-и кори нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, тағйирот ба амал омад.

Бино ба иттилои Маркази мазкур,  нуқтаҳои бақайдгирӣ дар шаҳри Душнбе аз 13  то 16  июн фаъолият намекунанд. 

Вобаста ба ин, аз шахсоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2019 иштирок кардан мехоҳанду то ҳол худро номнавис накардаанд, хоҳиш карда мешавад, ки барои номнависӣ ба нуқтаҳои бақайдгирӣ аз рӯзи 17  июн (рӯзи душанбе) муроҷиат кунанд.

Хотирасон мекунем, ки марҳалаи иловагии бақайдгирӣ дар нуқтаҳои бақайдгирие, ки дар заминаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистон (ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15) ва муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 100 (ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17) ташкил карда шудаанд, сурат мегирад.

Июнь 13, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд