ОБУ ҲАВО: имрӯз гармии ҳаво дар Тоҷикистон то 35+38 дараҷа мешавад

Июнь 22, 2019 09:22

ДУШАНБЕ, 22.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, гармии ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон ба 35+38 дараҷа мерасад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар  шарқи вилоят бебориш аст.  Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 гарм, рӯзона 25+30 гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 гарм, рӯзона 12+17 гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат иеборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 гарм, рӯзона 30+35 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 гарм, рӯзона 17+23 гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 гарм, рӯзона 34+39 гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 гарм, рӯзона 26+31 гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 гарм, рӯзона 32+37 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 гарм, рӯзона 25+30 гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 13+15 гарм, рӯзона 35+37 гарм мешавад.

Июнь 22, 2019 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад