Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 14.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Токаевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрику таҳният гуфта, изҳори итминон карданд, ки бо талошҳои муштарак мо дар оянда низ рушду таҳкими муносибатҳои шарикии стратегиро идома медиҳем.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, обӣ-энергетикӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои барои ҷонибҳо судоварро муҳокима карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин мавзуъи ҳамкории муштарак дар самти мубориза бо терроризми байналхалқӣ, экстремизм, радикализми динӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, ҳалли вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, СААД, САҲА, ИДМ, СҲШ ва Машварати ҳамкорӣ оид ба тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори қаноатмандӣ карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Чин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) Зоу Ҷиайи мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ан Сяомэн мусоҳиба анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 81-солагии Рӯзи ғалаба иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд






