ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ДУШАНБЕ, 10.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки9 сентябри соли 1991 эълон гардид, воқеан ҳаммарҳилаи навтарини таърихӣ дар рушдидавлатдорӣ ва илми ҳуқуқшиносӣ буд. Инҳодисаи бузург на танҳо ҳуқуқи мустақилиятисиёсӣ ва ҳуқуқии кишварро муайян кард, балки заминаи устувор барои бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣфароҳам овард. Дар шароити ниҳоят мураккаб –пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, буҳрони иқтисодӣва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ (1992–1997) –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиродаи қавӣ ва хиради сиёсӣ тавонистанд, киҳокимияти конститутсионӣ ва ягонагиимамлакатро ҳифз намоянд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон (ноябри соли 1992), ки бо интихобимуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи РаисиШӯрои Олӣ оғоз ёфт, ҳамчун лаҳзаи тақдирсоздар таърихи миллат сабт шуд. Дар ин иҷлосиязаминаҳои ҳуқуқии барқарорсозии сулҳ вадавлатдорӣ гузошта шуданд. Пас аз он, боташаббус ва роҳбарии мустақими Пешвои миллатмузокироти сулҳ оғоз гардиданд, ки дар соли 1997 ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ варизоияти миллӣ анҷомид. Ин санади таърихӣ натанҳо ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшид, балкибарои таҳкими ҳокимияти давлатӣ вабарқарорсозии институтҳои ҳуқуқӣ шароитизарурӣ муҳайё кард.
Яке аз дастовардҳои муҳимтарини давраи истиқлол қабули Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон (6 ноябри соли 1994) мебошад. ИнҚонуни асосӣ бори аввал дар таърихидавлатдории тоҷикон принсипҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоиро дар сатҳи олӣмустаҳкам кард. Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳоиинсон ва шаҳрвандро кафолат дода, ҳокимиятидавлатиро ба се шохаи мустақил – қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ тақсим намуд. Дар солҳоиминбаъда (1999, 2003 ва 2016) тавассутираъйпурсиҳои умумихалқӣ тағйиру иловаҳоворид карда шуданд, ки ба таҳкими институтҳоидавлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ вамутобиқсозии ҳуқуқӣ бо талаботҳои замонимуосир мусоидат карданд.
Дар ин марҳилаи таърихӣ ФармониПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрелисоли 1997, №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ватаъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандониҶумҳурии Тоҷикистон» нақши тақдирсозбозидааст. Ин Фармон мустақиман ба моддаҳои64 ва 70 Конститутсия истинод карда, Ҳукуматромуваззаф намуд, ки дар мӯҳлати се моҳ барномаиомӯзиш ва тарбияи ҳуқуқӣ таҳия намояд, то 1 сентябри соли 1997 Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони ҳокимияти давлатӣ ваҳифзи ҳуқуқ таъсис диҳад ва масъалаи таъсисинашриёти «Қонуният» ва маҷаллаи «Ҳаёт ваҚонун»—ро ҳал намояд. Ин санад волоиятиқонунро ҳамчун заминаи асосии рушди ҷомеамуайян кард ва заминаҳои бонизоми тарбияи ҳуқуқӣ ва такмили ихтисоси кадрҳоиҳуқуқшиносро гузошт.
Пешвои миллат дар суханрониҳо ва Паёмҳоисолонаи худ борҳо таъкид намудаанд, ки«Истиқлолият – бузургтарин дастоварди миллатитоҷик аст» ва он заминаи ҳамаи ислоҳотҳоиҳуқуқӣ мебошад. Дар натиҷаи сиёсатихирадмандонаи Сарвари давлат Тоҷикистонҳамчун субъекти мустақили байналмилалӣмуаррифӣ шуд, ба созмонҳои ҷаҳонӣ узв гардидва сиёсати «дарҳои кушод»—ро амалӣ намуд.
Таҳлили муаллифӣ нишон медиҳад, киистиқлоли давлатӣ дар шароити Тоҷикистон натанҳо ҳодисаи ҳуқуқӣ, балки равандҳои амиқиҷомеаишиносӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ буд. Бороҳбарии Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон Тоҷикистон тавонист аз ҳолати буҳрониҷанги шаҳрвандӣ ба давлати устувор ва пешрафтагузарад. Ин марҳила заминаи асосӣ барои рушдиилм, маориф ва низоми ҳуқуқӣ гардид. Истиқлолилми ҳуқуқшиносиро аз вобастагии идеологӣозод карда, онро ба омили мустаҳкамкунандаидавлатдорӣ табдил дод. Фармони Президентикишвар аз 6 декабри соли 2025, №1099 дар бораи таҷдиди сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ин равандро ба сатҳи навбароварданд ва Институти давлат ва ҳуқуқроҳамчун муассисаи мустақили илмӣ мустаҳкамнамуданд.
Дар шароити соҳибистиқлолӣ таҳкими низомиҳуқуқӣ ва ислоҳоти қонунгузорӣ яке аз самтҳоиафзалиятноки сиёсати давлатии ҶумҳурииТоҷикистон гардид. Бо роҳбарии хирадмандонаиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвоимиллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низомиҳуқуқии кишвар аз ҳолати ҳуқуқии шӯравӣ банизоми ҳуқуқии муосир, демократӣ ва миллӣгузашт. Ин равандҳо на танҳо ба ҳифзидастовардҳои истиқлол, балки ба таъмини рушдиустувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ мусоидаткарданд.
Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимтарини ин давра Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2018–2028 (бо ФармониПрезиденти ҷумҳурӣ аз 6 феврали 2018, №1005 тасдиқ шудааст) мебошад. Консепсия вазъикунунии қонунгузориро таҳлил намуда, заруратитакмили онро барои ҳалли вазифаҳои стратегӣ –таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амниятиозуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣмуайян кардааст. Дар муқаррароти умумӣ(бандҳои 1–6) ва бахши «Самтҳои асосии рушдиҳуқуқи миллӣ» (бандҳои 13–57) Консепсия илмиҳуқуқшиносиро ҳамчун асоси илмии қонунгузорӣва кафили пешгирии ихтилофот, номутобиқатӣ вануқсонҳои қонунҳо муайян менамояд.
Дар натиҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат бороҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кодексҳоинав ва такмилшуда қабул гардиданд: Кодексиҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноӣ, Кодекси гражданӣ (маданӣ), Кодекси мурофиавиигражданӣ, Кодекси оила, Кодекси меҳнат, Кодексиҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси андоз, Кодекси гумрук ва ғайра. Ин санадҳо принсипҳоиҳуқуқбунёдӣ, инсондӯстӣ, мутобиқат бастандартҳои байналмилалӣ ва манфиатҳоимиллиро дар бар гирифтанд. Масалан, дар соҳаиҳуқуқи ҷиноятӣ гуманизатсияи ҷазоҳо, васеъкардани ҷазоҳои алтернативӣ ба ҳабс вадекриминализатсияи баъзе кирдорҳо амалӣгардиданд, ки дар Консепсия (бандҳои 25–29) мустаҳкам шудаанд.
Ислоҳоти судӣ яке аз самтҳои стратегӣ буд. Консепсияи ислоҳоти судӣ ва тағйироти минбаъдамустақилияти судҳо, шаффофият ва дастрасииадолатро таъмин карданд. Низоми «равзанаи ягона»—и хизматрасонии ҳуқуқӣ ҷорӣ шуд, кивақти баррасии парвандаҳо ва сатҳи коррупсиярокоҳиш дод. Муборизаи беамон алайҳи коррупсияниз самти дигари муҳим гардид. Қонуни «Дарбораи мубориза бар зидди коррупсия» ваСтратегияҳои давлатии мубориза бо коррупсия бо таҳқиқотҳои илмӣ асоснок карда шуданд.
Дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ислоҳотҳоиамиқ сурат гирифтанд. Консепсия (бандҳои 17–24, 39–52) такмили ҳуқуқи молиявӣ, андозӣ, бонкӣ, соҳибкорӣ, меҳнатӣ ва таъминотииҷтимоиро пешбинӣ намудааст. Қонунҳои «Дарбораи сармоягузорӣ», «Дар бораи минтақаҳоиозоди иқтисодӣ», Стратегияҳои гендерӣ васиёсати ҷавонон қабул шуданд. Ин қонунҳонатиҷаи мустақими ҳамкории илми ҳуқуқшиносӣва мақомоти давлатӣ мебошанд.
Илми ҳуқуқшиносӣ, дар татбиқи Консепсиянақши ҳалкунанда бозидааст. Олимон дар таҳияилоиҳаҳои қонунҳо, гузаронидани экспертизаҳоиҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионӣ, арзёбии таъсириқонунҳо ба ҷомеа ва мониторинги иҷроишфаъолона иштирок мекунанд. Консепсия (бандҳои58–68) рушди маърифати ҳуқуқӣ, тарғибот ваёрии ҳуқуқии ройгонро низ ҳамчун самтиафзалиятнок муайян кардааст, ки илм дар инсамтҳо низ саҳми назаррас гузоштааст.
Таҳлили муаллифӣ нишон медиҳад, киислоҳоти қонунгузорӣ дар шароити истиқлол натанҳо тағйири қонунҳо, балки тағйири амиқиҷомеа ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон буд. Бороҳбарии Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқиимиллӣ эҷод намояд, ки ҳам ба анъанаҳоитаърихии тоҷикон ва ҳам ба талаботҳои замониҷаҳонишавӣ мутобиқ аст. Консепсияи сиёсатиҳуқуқӣ ин равандро бонизом карда, илмиҳуқуқшиносиро аз назария ба амалияи стратегӣтабдил дод. Дар натиҷа, ҳокимияти қонун таҳкимёфт, эътимоди аҳолӣ ба давлат афзуд ва заминаирушди устувори кишвар фароҳам омад.
Дар ин раванд ду фармони таърихӣ нақшикалидӣ бозидаанд.
Аввалин Фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон аз 9 апрели соли 1997, №691 «Дарбораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияиҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»волоияти қонунро ҳамчун заминаи асосӣ муайянкарда, Ҳукуматро муваззаф намуд, ки барномаиомӯзиш ва тарбияи ҳуқуқӣ таҳия шавад, Донишкадаи такмили ихтисос таъсис ёбад ванашриёти «Қонуният» бо маҷаллаи «Ҳаёт ваҚонун» ташкил карда шавад. Дуюмин ФармониПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабрисоли 2025, №1099 «Дар бораи таҷдиди сохториАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон»Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи баноми А.Баҳоваддиновро ба ду муассисаимустақил тақсим кард: Институти фалсафа васиёсатшиносӣ ва Муассисаи давлатии «Институтидавлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон». Ин қадамҳо илми ҳуқуқшиносироба сатҳи махсусгардонидашуда ва самарабахшбароварданд. Институти давлат ва ҳуқуқиАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон дарзамони истиқлол ба маркази пешбарандаи илмиҳуқуқ табдил ёфт.
Бо дастгирии доимии Пешвои миллат Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон тасъсис ёфт, шӯроҳои диссертатсионии миллӣ фаъол шуданд, садҳо номзад ва докторҳои илмҳои ҳуқуқ тайёркарда шуданд. Таҳқиқотҳо дар соҳаҳои ҳуқуқиконститутсионӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқирақамӣ, ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи сайёҳӣ, ҳуқуқи энергетикб, ҳуқуқи интернетӣ, дигар соҳаҳои ҳуқуқ ва экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаҳои қонунҳо гузаронида шуданд.
Яке аз натиҷаҳои муҳимтарини ин сиёсатбавуҷуд омадани соҳаҳои нави ҳуқуқ дарТоҷикистон мебошад, ки дар асарҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ инъикос ёфтаанд. Дар ин самтдар даврони истиқлол китобу васоити таълимӣ—методӣ нашр шудаанд, ки соҳаҳои нав ётакмилёфтаи ҳуқуқро бори аввал дар сатҳи миллӣбанизом дароварданд. Аз ҷумла, ҳуқуқисоҳибкорӣ, ҳуқуқи корпоративӣ, ҳуқуқи рақобат, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи интернетӣ, ҳуқуқи рақамӣ, ҳуқуқи энергетикӣ, ҳуқуқи сайёҳӣва дигарон.
Ин асарҳо на танҳо монография, китобҳоидарсӣ, воситаҳои таълимӣ балки ҳуҷҷатҳоиилмӣ—таҳлилӣ мебошанд, ки дар заминаи онҳоКонсепсияи сиёсати ҳуқуқӣ (бандҳои 15–57) таҳия шуда, баҳри амали шудани муқаррароти онзамина фароҳам меоранд. Онҳо бори аввалсоҳаҳои навро ҳамчун соҳаҳои мустақили илмиҳуқуқшиносӣ муайян карданд ва ба барномаҳоитаълимӣ ворид намуданд.
Таҳлили муаллифӣ нишон медиҳад, киФармонҳои Президенти соли 1997 ва 2025, Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ ва фаъолиятиИнститути давлат ва ҳуқуқ ҳамчун занҷириягонаи сиёсати илмӣ—ҳуқуқӣ амал мекунанд. Пешвои миллат бо дастгирии доимӣ илмро азҳолати «ҳифзи ҳаёт» ба ҳолати «ҳаракатдиҳандаипешрафт» табдил доданд. Дар натиҷа, илмиҳуқуқшиносӣ на танҳо қонунгузориро такмилкард, балки ҳокимияти ҳуқуқбунёд, рушдиустувор ва ҳифзи манфиатҳои миллиро таъминнамуд.
Ҳамгироии илми ҳуқуқшиносӣ бо сиёсатидавлатӣ ва ҳадафҳои стратегӣ дар замонисоҳибистиқлолӣ яке аз омилҳои муҳимтаринирушди устувор ва таҳкими ҳокимиятиҳуқуқбунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илмроҳамчун замина барои қабули санадҳои ҳуқуқӣ васиёсатҳои стратегӣ, ҳуқуқро ҳамчун механизмҳоитанзимкунанда ва давлатро ҳамчун кафилииҷроиш муайян кардаанд. Ин ҳамгироӣ на танҳодар сатҳи назария, балки дар амалияи ҳаррӯзаиидоракунии давлатӣ таҷассум ёфтааст.
Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2018–2028 инҳамгироиро ҳамчун принсипи асосӣ муайянкардааст. Дар бандҳои 1–6 ва 13–57 Консепсияилми ҳуқуқшиносиро ҳамчун асоси илмии қонунгузорӣ ва кафили иҷрои ҳадафҳои стратегӣмустаҳкам намудааст. Стратегияи миллии рушдиТоҷикистон барои давраи то соли 2030 ваҳадафҳои стратегӣ (таъмини истиқлолиэнергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ азбунбасти коммуникатсионӣ) ҳама бо таҳқиқотҳоиилмӣ ва заминаҳои ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.
Яке аз намунаҳои барҷастаи ин ҳамгироӣ дарсоҳаи ҳуқуқи энергетика дида мешавад. Консепсия (бандҳои 37–38) заминаи ҳуқуқиисохтмони НБО—и “Роғун”, истиқлоли энергетикӣва рушди энергияи «сабз»—ро фароҳам оварданд. Қонуни ҶТ «Дар бораи энергетика» ва санадҳоимарбут ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ боэкспертизаи илмӣ тасдиқ шуданд. Ҳамин тариқ, илм на танҳо қонунҳо эҷод кард, балкимеханизмҳои ҳуқуқии ҷалби сармоя ва ҳифзимуҳити зистро таъмин намуд.
Дар самти ҳуқуқи кишоварзӣ ва амниятиозуқаворӣ (Консепсия, бандҳои 35–36) илмиҳуқуқшиносӣ Кодекси замин, Қонун ҶТ «Дарбораи мелиоратсияи заминҳо», суғуртаикишоварзӣ ва танзими бозори озуқавориротакмил кард.
Ҳамгироӣ дар соҳаи ҳуқуқи соҳибкорӣ ба иқтисодиёт низ равшан аст. Консепсия (бандҳои39–48) такмили ҳуқуқи соҳибкорӣ, минтақаҳоиозоди иқтисодӣ, ҳуқуқи рақобат ва шарикиидавлат дар бахши хусусиро пешбинӣ намудааст. Асарҳои илмӣ—таълимии ин соҳаҳоро банизом даровард, ба барномаҳои таълимӣ ва амалияи ҳуқуқӣ ворид намуданд. Қабули Қонунҳоитакмилшуда дар соҳаи сармоягузорӣ ва соҳибкории иҷтимоӣ натиҷаи ҳамкориимустақими илм ва сиёсат мебошанд.
Дар арсаи байналмилалӣ (Консепсия, бандҳои69–75) илми ҳуқуқшиносӣ ташаббусҳои ҷаҳонииПешвои миллат ва Соли байналмилалии ҳифзипиряхҳо – ро бо заминаҳои ҳуқуқӣ пуштибонӣкард. Ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ босанадҳои СММ, ҳуқуқи байналмилалии об ваҳамкориҳои минтақавӣ самти афзалиятнокгардиданд.
Институти давлат ва ҳуқуқи Академияимиллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун марказиасосӣ дар ин ҳамгироӣ нақши ҳалкунандамебозад. Олимони институт дар корҳоиэкспертизаи ҳуқуқӣ, арзёбии таъсири қонунҳо баҷомеа ва пешниҳоди механизмҳои ҳуқуқии навбарои рушди инноватсионӣ саҳм мегузоранд. Фармони Президенти соли 2025 (№1099) таҷдидисохтори Академияро таъмин карда, Институтроҳамчун муассисаи мустақил вамахсусгардонидашуда мустаҳкам намуд.
Таҳлили муаллифӣ нишон медиҳад, киҳамгироии илми ҳуқуқшиносӣ бо сиёсати давлатӣдар Тоҷикистон модели нодири давлатдорӣмебошад. Ин модел ба пешгирии хатарҳои муосир(тағйири иқлим, рақобати технологӣ, хатарҳоиэкологӣ) имкон медиҳад ва ҳокимияти қонунроҳамчун асоси рушд мустаҳкам мекунад. Пешвоимиллат бо хиради стратегӣ тавонистанд илм, ҳуқуқ ва давлатро ба низоми ягонаи самарабахштабдил диҳанд, ки натиҷааш рушди устувор, афзоиши ҳавми ММД, коҳиши камбизоатӣ вабаланд шудани обрӯи байналмилалии Тоҷикистонмебошад.
Дар марҳилаи кунунӣ ва дарозмуддат рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамчун омили стратегӣ ваҳаракатдиҳандаи пешрафти ҶумҳурииТоҷикистон боқӣ мемонад. Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради стратегӣ вароҳбарии ҳамешагӣ тавонистаанд, ки на танҳоҳолати кунунӣ, балки дурнамоҳои рушди илми ҳуқуқшиносиро бо дақиқӣ ва илмӣ ба роҳ монанд. Нақши таърихӣ ва ҳамешагии Сарвари давлат дартаҳкими истиқлол, илм, давлат ва ҳуқуқ ҳамчункафили асосии устувории миллӣ барҷаста аст.
Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2018–2028 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли2030 дурнамоҳои мушаххасро муайян кардаанд: гузариш ба иқтисоди донишманд ваинноватсионӣ, рушди ҳуқуқи рақамӣ, ҳуқуқиэкологӣ, ҳуқуқи инноватсионӣ ва таҳкимимаърифати ҳуқуқии ҷомеа. Ин ҳуҷҷатҳо илмиҳуқуқшиносиро ҳамчун ҳаракатдиҳандаи асосӣбарои иҷрои ҳадафҳои стратегӣ (истиқлолиэнергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбастикоммуникатсионӣ) муайян менамоянд.
Дар дурнамоҳо рушди ҳуқуқи рақамӣ ваҳуқуқи иттилоотӣ самти афзалиятнок хоҳад буд. То соли 2030 пешбинӣ мешавад, ки Кодексирақамӣ, қонунҳои дар бораи зеҳни сунъӣ, ҳифзидодаҳои шахсӣ ва ҳуқуқҳои киберҷиноятҳо қабулкарда шаванд. Институтҳои илмӣ, аз ҷумлаИнститути давлат ва ҳуқуқ, бояд таҳқиқотҳоипешрафта оид ба ҳуқуқи ҳукумати электронӣ, имзои электронӣ ва танзими фазои рақамӣгузаронанд. Ҳамзамон, ҳуқуқи экологӣ ва ҳуқуқизахираҳои табиӣ дар доираи Даҳсолаибайналмилалии «Об барои рушди устувор»(2018–2028) ва ташаббусҳои нав оид ба ҳифзипиряхҳо рушд хоҳанд кард. Таҳияи Кодексиэкологии ягона, механизмҳои арзёбии таъсириэкологӣ ва принсипҳои «иқтисодиёти сабз»вазифаҳои асосӣ хоҳанд буд.
Дар соҳаи ҳуқуқи соҳибкорӣ дурнамоҳо батакмили ҳуқуқи корпоративӣ, ҳуқуқи рақобат, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва рушдиминтақаҳои озоди иқтисодӣ равона шудаанд. Илми ҳуқуқшиносӣ бояд механизмҳои ҷалбисармояи хориҷӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои сармоягузор ватанзими иқтисоди рақамӣ (e-commerce, fintech) —ро таҳия намояд, ки замиани барои қабули Кодекси соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо роҳбариихирадмандонаи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон илми ҳуқуқшиносӣ аз ҳолати ҳуқуқиишӯравӣ ба сатҳи миллӣ, муосир ва байналмилалӣбаромада, заминаҳои бонизом барои ташаккулиихтисосҳои нав дар илми ҳуқуқшиносӣ (5.5.0. – илми ҳуқуқшиносӣ) фароҳам оварданд: 5.5.1. Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; Таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат; 5.5.2. Ҳуқуқи конститутсионӣ; Ҳуқуқи мурофиаи судии конститутсионӣ; Танзими ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ; 5.5.3. Ҳуқуқи маданӣ; Ҳуқуқи соҳибкорӣ; Ҳуқуқи оилавӣ; Ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ; 5.5.4. Ҳуқуқи молия; Ҳуқуқи андоз; Ҳуқуқи буҷетӣ; 5.5.5. Ҳуқуқи меҳнат; Ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ; 5.5.6. Ҳуқуқи замин; Ҳуқуқи захираҳои табиӣ; Ҳуқуқи экологӣ; Ҳуқуқи кишоварзӣ; 5.5.7. Ҳуқуқи корпоративӣ; Ҳуқуқи энергетикӣ; 5.5.8. Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ; 5.5.9. Ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ; 5.5.10. Ҳуқуқи байналмилалӣ; Ҳуқуқи аврупо; 5.5.11. Фаъолияти судӣ; Фаъолияти прокурорӣ; Фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқ; 5.5.12. Криминалистика; Фаъолияти судӣ-экспертӣ; Фаъолияти оперативӣ—ҷустуҷӯӣ; 5.5.13. Ҳуқуқи инноватсионӣ; Ҳуқуқи иттилоотӣ; Ҳуқуқи рақамӣ; 5.5.14. Ҳуқуқи маъмурӣ; Ҳуқуқи мурофиаи маъмурӣ; 5.5.15. Ҳуқуқи мурофиаи маданӣ; Ҳуқуқи мурофиаи ҳақамӣ; 5.5.16. Психологияи ҳуқуқӣ.
Рушди 16 ихтисоси илми ҳуқуқшиносӣшаҳодати он аст, ки таҳти роҳбарии Пешвоимиллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқиКонсепсияи сиёсати ҳуқуқӣ илм аз ҳолатиназариявӣ ба ҳолати амалӣ ва инноватсионӣгузашт. Ин ихтисосҳо на танҳо қонунгузориро такмил карданд, балки ҳокимияти ҳуқуқбунёд, рушди устувор ва ҳифзи манфиатҳои миллиротаъмин намуданд.
Нақши ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ин чор унсур(истиқлол, илм, давлат ва ҳуқуқ) ҳамчун омилимуҳимтарини устуворӣ боқӣ мемонад. МуҳтарамЭмомалӣ Раҳмон на танҳо бунёдгузори сулҳуваҳдат ва мустаҳкамкунандаи истиқлоланд, балкимеъмори давлати муосири тоҷикон ва ҳимоятгариилми ҳуқуқшиносӣ мебошанд. Сиёсати онҳо, киба принсипҳои «давлати мардумӣ, давлатиҳуқуқбунёд ва давлати иҷтимоӣ» асос ёфтааст, барои наслҳои оянда намунаи олии роҳбариимиллӣ хоҳад буд. Дар суханрониҳои ҷашнӣ ваПаёмҳои солонаи худ Сарвари давлат пайвастатаъкид мекунанд, ки «илм ва маориф – ояндаимиллат аст» ва илми ҳуқуқшиносӣ бояд кафилирушди устувор бошад.
Дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистон таҳтироҳбарии Пешвои миллат ба яке аз мамлакатҳои ташаббускор дар масъалаҳои об, иқлим, рушдиустувор ва зеҳни сунъӣ табдил ёфтааст.
Таҳлили муаллифӣ нишон медиҳад, ки нақшиҳамешагии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дартаърихи муосири Тоҷикистон ҳамчун падидаинодири давлатсозӣ арзёбӣ мешавад. Онҳотавонистанд аз ҳолати буҳрони солҳои 90-умкишварро ба марҳилаи рушди динамикӣ барорандва заминаҳои устувори ояндаро гузоранд. Интаҷриба барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ аҳамиятиметодологӣ дорад, зеро нишон медиҳад, ки даршароити кишварҳои рӯ ба рушд роҳбариихирадмандона метавонад мушкилоти ҷиддиро ҳалнамояд ва илми ҳуқуқшиносиро ба омилипешрафти ҷомеа табдил диҳад.
Дар умум, 35 соли соҳибистиқлолии ҶумҳурииТоҷикистон шаҳодати равшани онанд, киистиқлол, илм, давлат ва ҳуқуқ таҳти роҳбарииПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон банизоми ягонаи ҳамгирошуда ва самарабахштабдил ёфтаанд. Дастовардҳои воқеӣ дар соҳаҳоидавлатдорӣ, қонунгузорӣ, илм ва маориф, ҳамчунин дурнамоҳои равшани оянда нишонмедиҳанд, ки Тоҷикистон бо боварӣ ба сӯи ояндаидурахшон қадам мегузорад. Ин роҳ танҳотавассути ҳифзи ваҳдат, рушди илм ва таҳкимиҳокимияти ҳуқуқ имконпазир аст.
ДОНИЁР САНГИНЗОДА,
муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқиАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикиситон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор








ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Шуғнон дар 10 гектар боғи нав бунёд карда шуд
МАСЪУЛИЯТИ ХАСТАНОПАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ ДАВЛАТСОЗӢ. Эҳдо ба 35-солаии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шаҳноза Ахмедова: «Рушди ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии давлат, миллат ва фарҳанг аст»
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Барои босамар ва шавқовар гузаштани он хонандагон ба чӣ кор бояд машғул шаванд?
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод саривақт, босифат ва дар сатҳи баланд иҷро мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳо идома дорад






