ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ДУШАНБЕ, 11.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 апрели соли 2026 зимни суханронӣ дар Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи «Диди муштарак барои ояндаи устувор», ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, иброз намуданд, ки «ин ҳамоиш дар шароите баргузор мегардад, ки тағйирёбии иқлим, таназзули низомҳои экологӣ, норасоии захираҳои об ва офатҳои табиӣ ҳам барои минтақаи мо ва ҳам барои тамоми ҷаҳон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил меёбанд. Бешубҳа, ин вазъият аз мо тадбирҳои муштараку ҳамоҳангро тақозо менамояд. Тавре маълум аст, дар ҳудуди Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд. Ин нақши муҳими низоми экологии кӯҳии Тоҷикистонро дар таъмини обрасонӣ ва рушди устувор дар минтақа собит менамояд».
Сарвари давлат ҳамзамон таъкид намуданд, ки «дар ин замина, обшавии босуръати пиряхҳо ва кам шудани захираҳои барф дар ҷаҳон боиси нигаронии амиқ мегардад. Аз чордаҳ (14) ҳазор пиряхи Тоҷикистон беш аз 1300 адади онҳо аллакай пурра об шудаанд.
Раванди босуръати обшавии пиряхҳо дар саросари ҷаҳон тамоюли афзоиш дошта, сабаби вайроншавии тавозуни об, ба вуҷуд омадани таҳдидҳо ба муҳити зист ва зиёд гардидани хавфи офатҳои табиии вобаста ба об мегардад».
Воқеан, имрӯзҳо обшавии босуръати пиряхҳо ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Тоҷикистон ҳамчун мамлакати кӯҳсор дорои захираҳои бузурги пиряхҳо буда, масоҳати умумии онҳо беш аз 8000 км² -ро ташкил медиҳад. Пиряхҳои бузургтарини ҳудуди Тоҷикистон пиряхи Ванҷях (646 км2), пиряхи Грум – Грижимайло (147 км2), пиряхи Хамях (197 км2), пиряхи Гармо (121 км2), пиряхи Зарафшон (92 км2) ва пиряхи Кашолаях (64,4 км2) мебошанд.
Тавре мушоҳида мегардад, тағйирёбии глобалии иқлим ба манбаъҳои обии давлат ва пиряхҳо таъсири манфӣ мерасонад. Давоми даҳсолаҳои охир обшавии босуръати пиряхҳои минтақа ва ҷаҳон баръало мушоҳида мешавад, ки дар умум барои сокинони сайёра ташвишовар боқӣ мондааст.
Пиряхҳои Тоҷикистон ҷузъи муҳими криосфера буда, дар ташаккули тавозуни обӣ ва иқлимии минтақа нақши калидӣ доранд. Ин пиряхҳо сарчашмаи асосии ғизодиҳии дарёҳои сарҳадӣ буда, то 60–70% ҷараёни обро дар мавсими тобистон таъмин мекунанд. Аз ҷиҳати илмӣ пиряхҳо ҳамчун индикаторҳои ҳассоси тағйирёбии иқлим хизмат мекунанд, зеро ҳар гуна тағйирот дар ҳарорат ва бориш фавран дар динамикаи онҳо инъикос меёбад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар даҳсолаҳои охир коҳиши масоҳат ва ғафсии пиряхҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ин метавонад сабаби ноустувории гидрологии минтақа гардад.
Пиряхҳо ҳамчун обанборҳои табиӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ муҳимтарин манбаи асосии оби ширин ба шумор рафта, дар ташаккули захираҳои обии минтақа саҳми назаррас доранд. Манбаи асосии ғизогирии аксари дарёҳои мамлакат маҳз пиряхҳо ба ҳисоб рафта, дар нигоҳ доштани мувозинати гидрологии дарёҳо нақши калидӣ доранд. Оби аз барф, пиряхҳо ва яхбандии доимӣ тавлидёфта тақрибан 80% ҷараёни умумии дарёҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳад. Ду дарёҳои азими сарҳадгузари минтақа – Амударё ва Сирдарё ҳудуди мамлакати моро низ убур карда мегузаранд ва шараёни асосии обии дарёҳои ҳавзаи баҳри Арал ба ҳисоб мераванд.
Коршиносон тахмин мекунанд, ки то соли 2050 дар натиҷаи баланд шудани ҳарорат ҳаво, аз байн рафтани пиряхҳо ва яхбандии доимӣ, афзоиши бухоршавӣ ва коҳиш ёфтани ҷараёни обҳои рӯизаминӣ ҷараёни Амударё метавонад 7-15% ва Сирдарё 5% кам шавад.
Камшавии пиряхҳо ба дастрасии об дар дарёҳои Осиёи Марказӣ таъсири назаррас мерасонад. Бо сабаби афзоиши обшавии пиряхҳо ва яхбандии доимӣ дар моҳҳои фасли тобистон интизор меравад, ки дар муддати кӯтоҳ афзоиши ночизи ҷараёни об мушоҳида шавад. Аммо минбаъд ҷараёни об коҳиш ёфта, баъзе пиряхҳо нопадид мешаванд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳо оид ба тағйирёбии иқлим ибрози андеша намуда, обшавии босуръати пиряхҳои минтақа ва ҷаҳонро дар умум барои сокинони сайёра ташвишовар меҳисобанд.
Пешвои миллат дар Саммити минтақавии экологӣ дар мавзуи «Диди муштарак барои ояндаи устувор» дар шаҳри Остона ҳамзамон аз тамоюли нигаронкунандаи афзоиши басомад ва давомнокии зуҳуроти тӯфонҳои чанголуд дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, изҳори нигаронӣ намуданд.
Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон танҳо соли 2025 беш аз шаст тӯфони чанголуд ба қайд гирифта шуда, давомнокии умумии онҳо тақрибан ҳафт моҳро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол бояд гуфт, ки дар аввали солҳои навадуми асри гузашта басомади чунин зуҳуроти обу ҳаво танҳо ду ё се маротиба дар як сол буд.
Бояд гуфт, ки дар раванди тағйирёбии иқлим ва омилҳои метеорологӣ ба амал омадани чангу ғубор дар Тоҷикистон назар ба солҳои қаблӣ бештар гардидааст.
Кам шудани бориш, баланд гардидани ҳарорат дар минтақаҳои биёбон ва нимбиёбони кураи Замин, хушк гардидани қабати болои замин ва намнокии ками он боиси ба амал омадани чангу ғубор дар сайёра мегардад. Чангу ғуборе, ки ба фазо ворид мешавад, сабаби ифлосшавии ҳавои атмосфера мегардад. Ин моддаҳои муаллақ, яъне чангу ғубор аз заррачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5) иборат мебошанд, ки метавонанд муддатҳои дароз дар фазо боқӣ монанд. Чангу ғуборе, ки ба ҳаво паҳн мешаванд, тавассути шамол ба мамлакати мо ворид мегарданд. 75 фоизи ба вуҷуд омадани чангу ғубор асосан аз ҳисоби омилҳои табиӣ буда, 25 фоизи он ба бориши кам, хушк шудани замин ва ба амал омадани шамолҳои сахт, сохтмон ва дигар равандҳои табиию саноатӣ марбут аст.
Ба Тоҷикистон чангу ғубор асосан аз қисмати ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ ворид мегардад. Мутаассифона, солҳои охир воридшавии чангу ғубор аз самти шарқии мамлакат, хусусан ноҳияи Мурғоб мушоҳида мешавад. Дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли тобистон ва тирамоҳ воридшавии чангу ғубор ба мушоҳида мерасад, аммо соли 2025 воридшавии он дар моҳи май бештар ба қайд гирифта шуд, ки сабабаш бориши ками борон буд.
Тибқи таҳқиқоти олимон, дар як сол дар ҷаҳон аз ҳисоби техника ва корхонаҳои саноатӣ ба атмосфера беш аз 170 миллион тонна чангу ғубор меафтад, ки ба саломатии инсон, кишоварзӣ ва олами набототу ҳайвоноти сайёра таъсири манфӣ мерасонад. Ҳадди ақалл 25 фоизи партовҳои ҷаҳонии ғубор аз фаъолияти инсон ба амал меоянд ва дар баъзе минтақаҳо миқдори ғубори биёбон дар қарни 20 ду баробар афзоиш ёфтааст. Таъсири ин зуҳуротро назорат кардан душвор аст, зеро фаъолияти инсон дар як минтақа метавонад дар дигар минтақа тӯфони регу чангро ба вуҷуд орад.
Ба иттилои иқлимшиносон, чангу ғубор бештар аз шимоли Афғонистон, аз биёбонҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ, Эрон ва Туркманистон, инчунин аз шимолу ғарб, хусусан аз ҳудудҳои хушкшудаи баҳри Арал ҳангоми ба амал омадани тӯфонҳои регӣ ва шамолҳои шиддатнок дар биёбонҳо ба қаламрави Тоҷикистон ворид мегардад. Хусусан чангу ғуборе, ки аз ҳудудҳои хушкшудаи баҳри Арал ба фазои мамлакат ворид мешавад, дар таркибаш намак ва дигар моддаҳо дошта, боиси обшавии пиряхҳо гардидааст. Ба амал омадани чангу ғубор ба рушду пешрафт ва иқтисодиёти давлатҳо хисороти ҷиддӣ ворид менамояд. Он хусусан ба соҳаи кишоварзӣ, парвариши меваю сабзавот ва сифати зироати полезӣ таъсири манфӣ расонида, ба паст гардидани нахи пахта, ки маҳсулоти стратегӣ маҳсуб мешавад, оварда мерасонад. Инчунин ба низоми аэронавигатсионӣ, аз ҷумла, парвози ҳавопаймоҳо, фурудоии онҳо ва дигар киштиҳои ҳавоӣ, ҳамзамон ба ҳаракати нақлиёти гуногуни рӯизаминӣ ва обӣ монеа эҷод менамояд.
Ба амал омадани чангу ғубор дар дилхоҳ минтақаи сайёра ба саломатии инсонҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Тӯфонҳои регу чанг барои ноил шудан ба рушди устувор дар ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии он мушкилоти ҷиддӣ ва густурда эҷод мекунанд. Тӯфонҳои регу чанг дар даҳсолаҳои охир бинобар таъсири назаррас ба муҳити зист, саломатӣ, кишоварзӣ ва некӯаҳволии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба мушкилоти асосии ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.
Тӯфонҳои рег ва чанг сабаби тағйирёбии иқлим ва олудашавии ҳаво мегарданд. Оқибатҳои тӯфонҳои регу чанг дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон, ҳам дар давлатҳои пешрафта ва ҳам дар мамлакатҳои дар ҳоли рушд мушоҳида мегарданд ва барои ноил шудан ба Ҳадафҳои 11 ва 17-и Ҳадафҳои Рушди Устувор ва воситаҳои татбиқи онҳо, бахусус Ҳадафҳои 2 -аз байн бурдани гуруснагӣ, 3 -таъмини тарзи ҳаёти солим, 6 -оби тоза ва санитария, 8-рушди иқтисодӣ, 11 – шаҳрҳо, 13- тағйирёбии иқлим ва 15 — идоракунии устувори ҷангал, мубориза бо биёбоншавӣ, боздоштан ва барҳам додани таназзули замин ва боздоштани талафоти гуногунии биологӣ ва воситаҳои иҷрои онҳо мушкилоти ҷиддӣ ба вуҷуд меоранд.
Роҳҳои пешгирии аз чангу ғубор сабзазоркунии маҳал, зиёд намудани ҷангалзор, гузаронидани корҳои агротехникӣ, ташкили минтақаҳои муҳофизатӣ мебошанд, ки метавонанд миқдори чангу ғуборро кам ва иқлими муайян ё микроклиматро ба вуҷуд биёранд.
Ба андешаи коршиносони соҳа, яке аз роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор- ин зиёд намудани дарахтони паҳнбарг, ҳамешасабз, буттазор ва ҷангалзор мебошад. Дарахтони паҳнбарг, ки умрашон дароз ва қадашон баланд аст, ба мисли тӯс, сӯзанбаргҳо, ҷалғӯза, чинор, беду сафедор, булут, ки чангу ғуборро бештар ба худашон мегиранд, бояд дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон шинонида шаванд. Инчунин майдони боғу токзор бояд васеъ карда шавад. Хусусан дар минтақаҳои ҷанубу ғарбии мамлакат, ки бештар чангу ғубор аз ин самтҳо ворид мегарданд, бо мақсади кам кардани консентратсияи чанг бояд минтақаҳои муҳофизатӣ бо бунёди ҷангалзор ташкил карда шаванд.
Дар мамлакат бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст. Тибқи он дар мамлакат дар марҳилаи якум (солҳои 2025-2027) беш аз 10 миллион ва дар марҳилаи дуюм (то соли 2040) зиёда аз 2 миллиард бех ниҳолу бутта шинонида мешавад.
Ин тадбири саривақтӣ ва оқилона имкон медиҳад, ки дар оянда Тоҷикистон ба яке аз мамлакатҳои «сабз» табдил дода шавад ва дар самти мубориза бо биёбоншавӣ ва чангу ғубор дар миқёси ҷаҳон қадамҳои муассир гузорад.
Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даҳсолаҳои охир барои баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ бозидаанд. Ин ташаббусҳо ба масъалаҳои об, иқлим, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ равона гардидаанд.
Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Форуми «Сармоягузорӣ ба илм ва навоварии ҷавонон: Назари минтақавии форуми ҷаҳонии озуқаворӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» оғоз гардид
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Намоишгоҳи байналмилалии «Устувории об барои ҳалли масъалаҳои иқлимӣ» ташкил карда мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд
Дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт сохта мешавад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Фестивали об гузаронида мешавад






