Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин: «Тоҷикистон дар мусоидат ба рушди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё саҳми назаррас гузошт ва мегузорад»
ДУШАНБЕ, 12.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон раёсати Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро /МҲТБО/ ба зимма гирифта, дар мусоидат ба рушди он саҳми назаррас гузошт ва мегузорад», — омадааст дар мақолаи муаллифии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки имрӯз дар АМИТ «Ховар» бо забонҳои русӣ ва англисӣ интишор гардид.
Си Ҷинпин ҳамчунин дар идомаи ин гуфтаҳои худ тазаккур додааст, ки аз рӯи натиҷаҳои Саммити қарибулвуқӯи Душанбе, ҷониби Чин омодааст якҷо бо ҷониби Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзо ҳамкориро дар доираи МҲТБО пеш барад, ба муваффақиятҳои нав талош варзад ва ба таъмини амнияту рушд дар Осиё ва саросари ҷаҳон саҳм гузорад.
Ба андешаи ӯ, тайи 27 сол, яъне аз лаҳзаи таъсисёбӣ, МҲТБО ба таҳкими бовариву ҳамкорӣ ва таъмини амну субот дар минтақа талош карда, ба сулҳ ва рушди Осиё саҳми созанда мегузорад.
«Соли 2014 дар Саммити МҲТБО дар Шанхай ман бо консепсияи амнияти умумӣ, муштарак, маҷмӯӣ ва устувор баромад карда, дарёфти роҳҳои таъмини амният ва рушдро бо дарназардошти хусусиятҳои Осиё ва манфиатҳои умумии кишварҳо пешниҳод намуда будам. Ин пешниҳод фаъолона дастгирӣ ёфт», — гуфта мешавад дар мақолаи ӯ.
Си Ҷинпин инчунин зикр намудааст, ки дар давоми 5 соли охир мо барои тақвияти консепсия ва ғанигардонии ҷузъҳои ҳамкорӣ дар доираи МҲТБО кӯшишҳои зиёд ба харҷ додем.
«Форуми ғайриҳукуматӣ, кумитаи кор бо ҷавонон ва шӯрои соҳибкорӣ созмон дода шуданд. Инчунин ҳамгироӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар институтҳои бисёрҷониба таҳким ёфта, нуфузи МҲТБО дар арсаи байналмилалӣ баръало боло рафт», — омадааст дар мақолаи Раиси ҶМЧ.
Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои МҲТБО баргузор мешавад.
МҲТБО – форуми байнидавлатӣ ва созмони минтақавиест, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфтааст.
Баррасии масоили амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё ва саҳмгузорӣ дар ҷараёни ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ аз ҳадафҳои асосии ин Саммит аст.
То имрӯз 27 давлат — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоджа, Чин, Ҷумҳурии Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка аъзои МҲТБО мебошанд.
Ҳамчунин дар Машварат 8 давлат — Беларус, Индонезия, Лаос, Малайзия, Филиппин, Украина, ИМА, Япония ва 5 созмони байналмилалӣ – Созмони Миллали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират, Лигаи давлатҳои араб, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ассамблеяи парлумонии кишварҳои туркзабон дорои мақоми нозир мебошанд.
Мақомоти олии қабули қарор Саммити сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои аъзо буда, он дар чор сол як маротиба баргузор мегардад.








Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






