Сабрина Абророва дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот дар Тошканд иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 18.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 29 июни соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 15-умин Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни мактаббачаҳо доир мегардад, ки дар он яке аз шоҳмотбозони шинохтаи тоҷик Сабрина Абророва ширкат меварзад.
Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаҳои мазкур дар 6 категория – то 7, 9, 11, 13, 15 ва то 17-сола миёни духтарон ва писарон аз рӯи шоҳмоти классикӣ, рапид ва блитс сурат мегирад.
Дар чемпионати мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар, аз ҷумла шоҳмотбози шинохта Сабрина Абророва, ки чанде пеш дар Бозиҳои ҷаҳонии наврасон дар Ханти Мансийски Федератсияи Россия ғолиб гардида буд, миёни то 13-солаҳо, инчунин Назар Ғафуров (то 7-солаҳо), Пайрав Қодирӣ (то 9-солаҳо), Ҷалолиддин Илҳомӣ (то 13-солаҳо), Рухшона Саидова, Меҳриддин Шарифов (то 15-солаҳо), Марям Илҳомзода ва Меҳрбахш Қандаков (то 17-солаҳо) иштирок мекунанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






