«ШАРОРАИ ХОТИРАҲО». Бо ин ном дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон барномаи консертӣ бахшида ба 55-солагии ансамбли эстрадии «Гулшан» доир мегардад
ДУШАНБЕ, 17.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 22 июн дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 55-солагии ансамбли эстрадии «Гулшан» таҳти унвон «Шарораи хотираҳо» барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад. Дар он беҳтарин устодони санъати касбии тоҷик, сарояндагони ансамбли овозадори эстрадии «Гулшан» иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд.
Аз ҷумла устодони санъат Баҳодур Неъмат, Мағфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, Тамара Пулотова, Маҳбуба Боҳирова, Исматуло Холиқов, Татяна Барило ва Бахтиёр Иброҳимов иштирок менамоянд.
Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ»-и назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи эстрадии «Гулшан» яке аз дастаҳои маъруфи ҷумҳурӣ дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дастаи мазкур моҳи майи соли 1964 дар назди Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радио таъсис ёфтааст.
Дар ҳайати дастаи «Гулшан» бо роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Орифшо Орифов сарояндаҳои ҷавон, ба мисли Тоҷиддин Муҳиддинов, Мағфират Ҳамроқулова, Муқаддас Набиева, Хурмо Ширинова, Раҳима Шалоэр, Баҳодур Неъматов, Умар Зиёев ҳунарнамоӣ намуда, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он шуҳрат пайдо карданд.
Оҳангҳои халқии «Дилбари ҷон», «Сокина», «Чеҳраи зебо», «Гулумой», «Чакра чакидан гирад» ва «Эй санам» то ҳол дар байни мардум шӯҳратёранд.
Соли 1980 ин оркестр барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ шудааст. Барои хизмати шоиста сарояндагони дастаи эстрадии «Гулшан» бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






