«ТОҶИКИСТОН! ИН СУХАН БӮИ ҶАВОНӢ МЕКУНАД…». Аз муаллифи ин мисраъ, шоири ширинкалом Саидҷон Ҳакимзода дар Кӯлоб ёдоварӣ карданд

Июнь 17, 2019 10:28

ДУШАНБЕ, 14.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ин мисраъест аз як шеъри ватандӯстонаи Саидҷон Ҳакимзода, шоире, ки чандин сол пеш дунёро падруд гуфтааст, аммо эҷодиёташ имрӯзҳо мисли ин ки тавлиди дубора меёбад ва китоби тозанашраш бо номи «Гавҳари умед» мавриди гуфтугузори аҳли сухан аст.  Дар ин бора дар маҳфили ёдбуди шоир, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб диор гардил, изҳори назар карда шуд. Ходими адабии АМИТ «Ховар», Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ шоир Камол НАСРУЛЛО дар ин маҳфил иштирок кард ва мулоҳизаҳояшро чунин баён медорад:

Оре, имрӯз дастовардҳои эҷодии Саидҷон Ҳакимзода, ки дар замони худаш аз назарҳо дур мондаву чандон тақдир нагардида буданд, дар қатори дастовардҳои хуби шеъри муосир ном бурда мешаванд, ки ин ҳам, бидуни шубҳа, ба шарофати Истиқлолияти давлатии мамлакат  ва сиёсати ғамхорона нисбат ба адибон, адабиёт ва осори онҳост.

Дар партави Озмуни фарогири «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки бо иқдом ва ташаббуси Пешвои миллат имрӯз дар саросари Тоҷикистон  муҳаббати мардумро ба китобу фарҳанг бедор мегардонад,  15- уми июни соли равон   дар Кӯлобшаҳри бостонӣ бахшида ба 80 -солагии ин шоири зиндаёд конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Саидҷон Ҳакимзода ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик» баргузор гардид. Дар он олимон ва адибони варзидаи ҷумҳурӣ, донишҷӯёну устодон ва ҳаводорони ашъори ноби шоир иштирок доштанд.

Конфересия дар толори бузурги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ оғоз ёфта, дар ду бахш:  «Назаре ба рӯзгор ва осори Саидҷон Ҳакимзода» ва «Масъалаҳои адабиёти муосир» идома ёфтаву ҷамъбаст гардид. Дар ин машварати илмӣ 41 маърӯза дар бахши аввал ва 32 маърӯза дар бахши дуюм шунида шуд, ки мавзӯъҳои муҳими адабиёти муосир ва эҷодиёти Саидҷон Ҳакимзодаро фаро мегиранд. Хеле ҷолиб аст, ки маводҳои ин конференсия дар шакли китоби бузург, иборат аз 244 саҳифа, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рӯзи ифтитоҳи конференсия тақдими иштирокчиёни он гардонида шуд, ки дар он тамоми маърӯзаву гузоришҳои арзишноки ин машварат интишор ёфтаанд.

Инак, мо пажӯҳиши мухтасареро аз осори Саидҷон Ҳакимзода, ки мансуб  ба қалами иштирокчии ин конференсия, Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ  «Ховар» Камол НАСРУЛЛО мебошад, пешкаши шумо мегардонем.

Аввалин хусуияте, ки дар шеъри Саидҷон Ҳакимзода  хонандаро тасхир мекунад, рӯҳияи баланду бетамаллуқи ватандӯстист. Ягонагии ӯ бо Ватан, бо Тоҷикистон хеле  табиӣ иброз меёбад ва ҷои шубҳа ба самимияти он намегузорад. Ин ҷо суханҳо аз таҳти дил ва табииянд, болохонадор нестанд, хонандаро гармӣ ва   самимият  онҳо фаро мегирад:

Тоҷикистонро ба ҷону дил баробар гуфтаам,
Меҳрубон занҳои ӯро ҷои модар гуфтаам,

Духтаронашро ба қалби пок хоҳар гуфтаам,
Навҷавонони накӯяшро бародар гуфтаам.

Ба назар чунин мерасад, ки ин муҳаббат, муҳаббат ба халқу ватани худ дар шеъри Ҳакимзода табиӣ аз вуҷудаш, бидуни ҳеҷ сохтакорӣ рӯ задааст:

Ҳамчу шири модарам ҳар чашма дорад оби пок,
Ёфтам нашъунамо аз обу хокаш  мисли ток,

Омадам дар он ба дунё, меравам дар он ба хок,
Кӯҳу  саҳрои Ватанро хонаву дар гуфтаам.

Бубинед, ӯ ҷавонии Тоҷикистонро чи гуна эҳсос мекунад ва шоирона шарҳ медиҳад:

Тоҷикистон! Ин сухан бӯи ҷавонӣ мекунад,
Ҳар қадар, ки солҳои бешуморе бигзаранд,

Чунки нав-нав чашмаҳо ҷорӣ шуда аз кӯҳҳош,
Бар заминаш нӯшдоруи ҷавонӣ оваранд.

Шеърҳои Ҳакимзодаро мехонеду ҳис мекунед, ки сухан аз замири ӯ табии  чун оби чашмаҳо худаш ҷорист. Шоир барои ёфтани суханҳои баланду болохонадор зӯр намезанад, аз ин рӯ ин суханҳо шафофанд ва дар барбари ин сурати табии зуҳурот ва андешаҳои ӯро таҷассум менамоянд ва дар маҷмӯъ тасвири воқеӣ ва боварбахши симои тоҷикиро бо худ мебаранд. Дар шеъри «Тоҷикбачаҳо» хулқ, рафтор, хусусиятҳои хоси миллии ҷавонони тоҷик тасвир меёбад ва Саидҷон дар ин баёнҳо чӣ қадар хушбин аст:

Шаҳдгуфторанд тоҷикбачаҳо,
Чашми бедоранд тоҷикбачаҳо.

Хоксориро ба тилло мехаранд,
Бо ҳама ёранд тоҷикбачаҳо.

Дар ин суханони одии бетакаллуф ва самимона гуфташуда ҳақиқати зиндагии тоҷикона ба навор омадааст ва бубинед, чӣ қадар дилгармкунадаанд ин сатрҳо:

Зодгоҳи хешро чун ҷону дил,
Дӯст медоранд тоҷикбачаҳо.

Баҳри ҳифзи бахт дар гирди Ватан,
Сангдеворанед тоҷикбачаҳо.

Ва чандин хусусияҳои ин ҷавононро тасвир намуда, шоир симои воқеии тоҷикбачаҳоро таҷассуми бадеӣ мебахшад ва расолати ватандории онҳоро таъйин мекунад:

Офтобиянду зери офтоб,
Дона мекоранд тоҷикбачаҳо.

Аз раҳи неки ниёгон мераванд,
Номбардоранд тоҷикбачаҳо.

Бар сари ин Тоҷикистони азиз,
Тоҷ бигзоранд тоҷикбачаҳо.

Бузургдошти бузургони Ватан, ифтихори гузаштаҳо, рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ рамзҳое ҳастанд, ки Ҳакимзода сухани худро ҳамеша дар мизони онҳо бармекашад.

«Кистам?» — унвони яке аз шеърҳои ӯ саволи мураккаб ва душворест, ки Ҳакимзда пешорӯи худ мегузораду ба он посух меҷӯяд. Посухҳои ин савол бояд чун чароғоне бошад, ки ҷодаҳои худшиносии моро рӯшан бикунанд. Ва дар ҳафт саволу ҳафт посух шоир андешаҳои худшиносиро барои хонанда пешниҳод мекунад, ки ҳар яке рӯшноие бо худ бурда, барои ҷавонон имбратомӯзанд, аз ҷумла:

Кистам?

-Як пораи қалби Ватан,
Як нафар аз баҳри халқам ҷонсупор,

Як нафар дилдодаи бахти башар,
Як нафар дар аҳду паймон устувор. 

Чунон  ки дидед, шоир ҷоннисори халқ буданро дар мадди аввал мегузорад, вале башарро фаромӯш намекунад, худро аз он ҷудо намебинад ва дар ин ҷода устуворӣ ба аҳдро муҳимтарин шарт медонад.

Шоир  кӯшиш мекунад ба саволи «кистам?» посухи солиму бебаҳс диҳад ва суннати тоҷикии посдории нону намакро ифтихоромез дар ҷойи аввал мегузошта, ба ин васила симои ҷавонмардии халқи худро падидор месозад:

Кистам?

-Дорандаи поси намак,
Нашканам асло намакдони касе,

Аз касе нон хӯрдаам, нон медиҳам,
Ҷон диҳам дар вартаи ҷони касе.

Саидҷон Ҳакимзода кӯшидааст ҳама сифатҳои ҷавонмардиро аз назари худ дар  шеър ҷо кунад ва симои инсониву шаҳрвандии тоҷиконро ба тасвир орад, то раҳнамои неки дигарон ҳам бошад.

Дар маҷмӯа ду шеър: «Чеҳраи субҳ» ва «Меҳрнома» таҳти унвони «Барои Эмомалӣ Раҳмон» ба табъ расидааст, ки бо хусусияҳои хос ва ҷолиб аз шеърҳои ба Пешвои миллат бахшидаи дигарон тафриқа доранд. Дар ин ду шеър ягон ситоиш ё ишорае ба он  ё ҳузури тамаллуқ мушоҳида  намешавад,  баръакс ҳақиқати зиндагист, аз ин рӯ таъсирбахш буда,  дар дили хонанда воқеан як эҳтиром ва муҳаббатро  нисбат ба Пешво бармеангезанд.

Пешвои халқи мо аз ҷодаи ғамхорҳо бигзашт,
Ҳамчу нур аз мағз-мағзи оҳани озорҳо бигзашт.

Рӯ ба рӯ омад ба неку зишт бо пиндори неки хеш,
Аз миёни оташи сӯзандаи озорҳо бигзашт.

Аз барои хотири сулҳу амонии ватандорон,
Аз гуноҳи ноҷавонмардонаи бисёрҳо бигзашт.

Аз маишат дур гашту бо раият сахт шуд пайванд,
З-имтиҳони сахти домандори давлатдорҳо бигзашт…

То шиносонад ба олам Оли Сомонро чу давлат ӯ,
Аз ҳисори қасди бераҳмонаи ағёрҳо бигзашт.

Тоҷикистонро раҳонид аз ғами садпора гашанҳо,
Аз балову аз қазои ҷумла қисматгорҳо бигзашт…

Ин сурат ҳақиқатест, ки дар он воқеан корномаҳои Сарвари давлат бидуни ягон ҳарфи изофа ва тавсифи зиёдатӣ ба қалам омадааст ва бо ҳамин самимияти воқеии худ хонандаро тасхир мекунад. Ва бояд гуфт, ки ин шеърҳо аз ҷониби Ҳакимзода дар он солҳои оғози фаъолияти Пешво гуфта шудаву то ҷойе пешгӯии хизматҳои баъдинаи Пешвои миллат  ҳам гардиданд.

Дар бораи шеърҳои ватандӯстонаи Саидҷон Ҳакимзода ҳаминро бояд гуфт, ки  ӯ дар ин мавзӯъ кам, аммо бамаънӣ навиштааст, ки имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд.

Дар ин маҷмӯа шеърҳои шоир дар мавзӯъҳои гуногуну мухталиф ҷамъ оварда шудаанд, ки ҳама ҷолибанду боре бар дӯш доранд. Аммо банда мехоҳам дар мариди ҳунари шоирӣ ва бозёфтҳои шоиронаи Саидҷон Ҳакимзода чанд сухан гӯям, зеро арзиши аслии ашъори ӯ маҳз дар ҳамин самт бештар падидор аст.

Бояд гуфт, ки падидаи ҳунарии шеъри Ҳакимзода бештар дар рубоиёт ва дубайтиҳои ӯ намудор гардидаанд.

Аввалан, Ҳакимзода ҷанбаҳои шоирии худро  чунин тасвири шоирона мебахшад, ки ҳамзоди табиати Ватан будани ӯро бовар мекунед:

Бӯи гули хор кӯҳпарастам кардаст,
Чойи гули хор масти мастам кардаст.

Дар чидани он қалам занад бар дастам,
Неши қаламаш қаламбадастам кардаст.

Дар ин ҷо вожаи «қалам»- ро бисёр бамаврид истифода бурда, муродифи онро аз табиат меорад ва хӯйи шоириро аз табиати Ватан ба вуҷуди инсонии худ гирифтани шоир тасвир меёбад.

Шоир шуданам зи дарди афзуни ман аст, — мегӯяд ӯ дар рубоии дигар ва аз дард маншаъ гирифтани шеърро бо ин васила таъкид  мекунад.

Дар  байте аз рубоии дигар ҳам ӯ ногуфта хеле гапро мегӯяд ва қадру манзалати шеъру шоирро баланд мебардорад:

Ҳар мисраъи шеъри ман гувоҳи он аст,
Таҳхонаи ман баланд аз хонаи туст.

Бубинед, муҳаббати худро нисбат ба оила ва фарзандон чӣ қадар самимиву шоирона баён мекунад:

Чун менигарам ба сӯи фарзандонам,
Сармаст шавам зи бӯи фарзандонам,

Ман об хӯрам чу решаҳои лаби ҷӯ,
Аз хандаю аз нумӯи фарзандонам.

Мушоҳидаҳои шоирона ӯро ба дарёфти чунин манзараҳои пандомезу маънидор меорад:

Қум-қум кунаду тарона хонад қумрӣ,
Бо нӯл хаси пушта кашонад қумрӣ,

То дасти ғаме ба хонаи ӯ нарасад,
Дар шохи баланд лона монад қумрӣ.

Ҳар рубоӣ дар ашъори Ҳакимзода як ҳадаф, як расолатеро иҷро мекунад, яъне тири паронда бар ҳаво нест, тирест, ки ба ҳадаф мерасад аз ҷумла рубоии зер, ки дар он шоир аз фоҷиаи табиат бонги изтироб мезанад:

Бар деҳаи кӯҳие ба армон рафтам,
Нӯшидани оби чашмасорон рафтам.

Дидам, ки ба чашми чашмаҳо обе нест,
Баргашта қафо ба чашми гирён рафтам.

Таносуби зебои байти охир ин суханонро шеър кардааст.

Саидҷон Ҳакимзода шеърро ба хотири гуфтани шеър наменависад, ӯ тавассути он манзараҳои инсонӣ армонҳоеро баён мекунад, ки симои маънавии инсон дар он ба тасвир меоянд:

Аз чашми таре ду дидаам тар гардад,
Тан ҳамчу тани мурғи самандар гардад.

Дар рӯзи ҷанозае дили пурғами ман,
Бо сад дили пурғаме баробар гардад.

Ин рубоӣ ягонагӣ ва инсонигарии баланди мардуми моро боз бештар  интишор медиҳад.

Рубоиёти Ҳакимзода аз талқини маъниҳои фалсафию иҷтимоӣ ва пандомез тиҳӣ нестанд ва ин маъниҳо дар шеъри ӯ тасвирноку шоирона нигошта мешаванд:

Гул донаи хорро ба саҳро овард,
Сар ҳалқаи дорро ба боло овард,

Шайтону тамоми кору кирдори варо,
Ҳайфо, худи одамӣ ба дунё овард.

Рубоиёти Ҳакимзода садоқат ва покии зан ва модари тоҷикро тарғиб мекунанд ва дар ин маврид сухану тасвири ӯ  таъсирбахшу боварнок буда, дар баробари пеши назар омадани симои воқеии тозаву мусаффои зани кӯҳистонӣ шарафу манзалат, садоқати баланди ӯро тасвири боварбахш мебахшад:

Ӯ сурма набурд ҷониби чашмонаш,
Ҳино нанамуд ҳеҷ гаҳ чашмонаш.

Холе начаконд байни абрӯяш лек,
Боре нашикаст аҳд ё паймонаш.

Ҳакимзода дар рубоиёташ баъзан то ҷое фарох меравад, ки масъалаҳое хеле ҷиддӣ чун асолат ва худшиносии милиро бо як ишораи шоирона ба миён мегузорад, ки хонандаро ба андеша водор созад:

Дунё аҷаб асту кори дунё аҷаб аст,
Рӯз аз шаби тор гоҳ партавталаб аст.

Аз модари тоҷик омад ин мард, вале,
Дар банди фасонаҳои кеши араб аст.

Ҳамин маъниро шоирона дар истилоҳи «аз шаби торик партавталаб будани рӯз» хеле равшан баёни зебо бахшидааст.

Маврид нест, то нишон диҳем, ки чӣ гуна Саидҷон Ҳакимзода  хурдтарину ноаёнтарин масъалаву ҷузъиёти рӯзгорро  тавонистааст тасвиру маънидоди шоирона бахшад.

Ӯ маъниҳоеро ба риштаи шеър мекашад, ки ғайри чашмдоранд:

Аз сояи абраке замин тор нашуд,
Аз гуфтани лаққие гуле хор нашуд.

Аз гиряи якдама нашуд ханда тамом,
Аз ҳарфи баде ҷаҳон валангор нашуд.

Як шоире дур аз марказ, дар байни мардум зиста тавонистааст бо лаҳни хосу сабки худ, бо диди шоиронаи худ арзи вуҷуд кунад ва афсус, ки  зиндагиро барвақт, дар айни авҷи камолоти худ падруд гуфтааст.

Ду мисоли дигаре меорам, ки чӣ тариқ Ҳакимзода аз ҳолатҳои муқаррарии зиндагӣ тавонистааст шеърҳои хонданиву ибратбахш эҷод кунад:

Ҳар кор, ки кард ин арақ кард туро,
Чун мушт даруни сад тарақ кард туро,

Будӣ чу китоби пуштсахте рӯзе,
Имрӯз ҷудо варақ-варақ кард туро.

                              ***

Эй дузд, задӣ ба чанги Суди Олӣ,
Дигар  натавонӣ кард ту хушҳолӣ.

Сӯзад дили ту ба халтаҳои пури пул,
Сӯзад дили ман ба халтаҳои холӣ.

Ба назари банда чунин менамояд, ки дар дубайтиҳои Саидҷон Ҳакимзода шигифтиҳои ҳунарии шеъри ӯ бештар намудор шудаанд. Дар ин дубайтаҳо, маъниҳои бикр, тасвирҳо ва бозёфтҳои шоирона кам нестанд.

Бубинед,  ин маънои сабақомӯзро, ки эҳсос мекунед, ҳосили таҷрибаи як зиндагии инсон аст:

Дили ман ташнаи хуни адӯ буд,
Қасос аз ӯ гирифтан орзу буд,

Бирафтам, кофтам рӯи ҷаҳонро,
Надонистам, ки ӯ дар рӯ ба рӯ буд.

Оё тасвири зебоии табиатро касе бо ин шигифтӣ ба қалам додааст?:

Баҳор омад гулистон сайргоҳ аст,
Ҳама аз бӯи гулҳо нашъахоҳ аст.

Хаёлам дар баҳорон морро ҳам
Миёни сабзаҳо куштан гуноҳ аст.

Чӣ қадар муҳаббати инсонро ҳамин як тасвир  нисбат ба табиати зинда бедор мекунаду афзун месозад.

Чи қадар ишораҳои ҳикматомезе дорад дубайтии дигар:

Маро дар косаи ғам об доданд,
Ба макру ҳилла фанди хоб доданд.

Гуноҳам чӣ, агар сабзидаам каҷ,
Даме ки ғунча будам, тоб доданд.

Шоир андшаашро чунон тасвирноку шоирона баён кардааст, ки ҳоҷат ба шарҳу эзоҳу маънидоде намемонад, зеро ин корро худи ҳамин як тасвири  «даме, ки  химча будам тоб доданд»  кардааст.

Ошиқонаҳои шоир ҳам дар перояи тасвирҳо чунон баён ёфтаанд, ки осон қабул мешаванду таъсиргузоранд. Масалан дар дубайтии мазкур тасвири ишқу умри гузарон дар ҳолаи гирдбоди муҳаббат хеле тасвири зебои шоирона ёфтааст:

Чаро дарси муҳаббат ёд додӣ?
Чаро худро ба чанги бод додӣ?

Гузаштӣ аз барам чун гирдбоде,
Ҷавонии маро барбод додӣ.

Ошиқонаҳои Ҳакимзода дар дубайтиҳо тасвирҳо тозаи шоирона доранд:

Манам як умр танҳо булбули ту,
Манам шайдо ба рӯи чун гули ту.

Баландие намехоҳад дили ман,
Ба ғайр аз шохаҳои кокули ту.

Ҳакимзода шеъро ба хизмати рӯз ва замон мекашонад. Ӯ  мехоҳад бо шеъраш таъсир ба маънавиёту одоб, парвариши рӯҳияи инсонигариву ҷавонмардӣ расонад. Аз ин рӯ, дар ин шеър танқид ва мазаммати онҳое, ки дар сари мансаб фақат болоро мебинанду аз поён бехабаранд, баён меёбад:

Ба рӯят боз шуд дарҳои боло,
Сухан гӯӣ зи минбарҳои боло.

Касе сар хам кунад, онро бубинӣ,
Намебинӣ, вале сарҳои боло.

Як рӯҳияи қавии ватандӯстӣ тавъамон бо рӯҳияи ҷавонмардиву нангу номусдорӣ дар шеъри Саидҷон Ҳакимзода ҳамеша ҳузур дорад, ки як намуна меорем:

Намемонам, ки бефарҳанг мирам,
Намехоҳам, ки беоҳанг мирам.

Намемирам ба сангарҳои хунин,
Агар мирам, фақат аз нанг мирам.

Саидҷон Ҳакимзода сардориро на дар сардории мансабу вазифа, балки дар доштани ҳуш ва фазилат дар сар мебинад:

Дили бедорҳо бедортар бод!
Сари ҳушёрҳо ҳушёртар бод!

Касе дорад сару дорад фазилат,
Илоҳо боз ҳам  сардортар бод!

Ба ин тариқ,  қариб ҳар навиштаи Саидҷон Ҳакимзода бори маънӣ ва ҳунар бо худ мебарад ва барои гуфтугӯ дар мавзӯъҳои ҳунари шоирӣ ва масъалаҳои иҷтимоӣ мавод медиҳад, ки падидаи ҷолибест.

Мо имкон надоштем дар хусуси ғазалиёти бисёр ҷолиби шоир, ки пажӯҳии алоҳидаро тақозо дорад, сухан гӯем ва аслан таҳқиқи сифатҳои ҳунарӣ ва дигар хусусиятҳои шеъри Садҷон Ҳакимзодаро метавон хеле фарохтар идома дод.

Яке аз шеърҳое, ки дар он мавқеи баланду қавии инсони шоир хеле равшан баёни шоирона ёфтааст, шеъри «Ман ҳамонам, ки ҳамон мемонам» ном дорад. Аслан ин шеърро метавон қасамномаи шоир номид, зеро дар он ҳар банд қасамест ба унвони ватан ва  инсонигарӣ.

Решаам сахт ба хоки Ватан аст,
Шохаи пургули умрам сухан аст.
Дар ҳама ҷои Ватан ҷойи ман аст,
Ман ҳамонам, ки ҳамон мемонам,
Дар бари ҳамватанон мемонанд.

Мо мебинем, ки ин «решаи сахт ба хоки ватан» пас аз реҳлати шоир ҳам қавӣ фурӯрафта ба хоки Ватан мондааст ва боғи шеъри ӯро ҳамеша сарсабзу гулафшон нигаҳ медорад. Яъне шоир санаи зодрӯз дорад, аммо санаи марг надорад, зеро шеърҳояш зиндагии ӯро идома медиҳанд.

Ва дар поёни ин мақола ҳаминро таъкид мекунем, ки   дар партави озмуни фарогири ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат тарҳрезӣ гардидааст, нашр ва дастраси хонандагон гардидани китоби  ашъори Саидҷон Ҳакимзода ва дигар адибони муосиру гузаштаи мо хеле бомавид ва шоиста буда, саҳми арзандаи худро дар мавриди бозгашт ба китоб, яъне ба маънавиёти миллӣ, ки асолатии халқи мо дар он аст, хоҳад гузошт.

 

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»

Июнь 17, 2019 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд