Вакили Маҷлиси намояндагон Қиёмиддин Миралиён Ҳамоҳангсози Ассамблеияи ҷавонони байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ интихоб гардид

Июнь 1, 2019 11:14

ДУШАНБЕ, 01.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён бо ҳамовозии кулли намояндагони ҷавони парламентҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҳамоҳангсози Ассамблеияи ҷавонони байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ интихоб гардид.

Дар ин бора Котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, 31 майи соли равон зимни ҷаласаи навбатии Ассамблеияи ҷавонони байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Қазон  Қиёмиддин Миралиён ба ин вазифа интихоб гардида, ба ҳамин минвол роҳбарии ниҳоди мазкур аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт.

Бояд гуфт, ки Ассамблеияи ҷавонони байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ яке аз воҳидҳои сохтории Ассамблеияи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ буда, аз ҳисоби вакилони ҷавони давлатҳои аъзои ин иттиҳод ташкил ёфтааст. Ассамблеияи мазкур аз соли 2012 инҷониб масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷавононро, аз ҷумла ҳифз ва рушди манфиатҳои қонунии онҳоро баррасӣ ва дар ин замина қарорҳои дахлдор қабул менамояд.

«Ҳамоҳангсози қаблии Ассамблеияи ҷавонон – вакил, узви Шӯрои Федреалии Маҷлиси Федералии (сенати) Россия Лебедева Т. Р. иброз намуд, Қиёмиддин Миралиён аз соли 2015 инҷониб ҳайати намояндагони ҷавони Тоҷикистонро дар Ассамблеияи ҷавонони байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ роҳбарӣ намуда, дар таҳия ва қабули чанде аз қонунҳои моделӣ ташаббускор мебошад. Аз ҷумла ӯ муаллифи «Тавсияҳо оид ба ташкил ва рушди парламенти ҷавонон дар кишварҳои аъзои ИДМ» мебошад», — афзуд манбаъ.

Июнь 1, 2019 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»