«ЗИННАТУ ҲУСНИ ҶАВОНИСТ ЧАКАН». Таҳти ин унвон дар Кӯлоб Фестивали ҷавонон баргузор мегардад

Июнь 13, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 13.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 июни соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021  Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон  таҳти унвони «Зиннату ҳусни ҷавонист чакан»  баргузор мегардад. Аз ҷумла, дар доираи баргузории Фестивали мазкур роҳпаймоӣ бо иштироки 12 ҳазору 500 нафар занону ҷавонони чаканпӯш ва шоу — барномаи консертии  санъаткорони ҷавон таҳти унвони  «Ҷавонӣ ҳамсони чакан аст» пешбинӣ  гардидааст.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз роҳандозии  фестивали мазкур  эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии унсурҳои чакандӯзӣ миёни ҷавонон ва пайдо намудани беҳтарин чакандӯзони ҷавон мебошад.

Бино ба зикри манбаъ, дар фестивали мазкур  иштироки беш аз 300 нафар ҷавонони касбу кори гуногун аз тамоми  шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назар дошта шуда,  онҳо   аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Кӯлоб  дидан менамоянд.

Ҳамчунин дар доираи ин Фестивал баргузории конфронси илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар муаррифии фарҳанги миллӣ: чакан мероси ғайримоддии фарҳангӣ ЮНЕСКО», ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ барои корҷӯён,  машғулияти омӯзишӣ миёни соҳибкорони ҷавон, намоиши  дастовардҳои ҷавонон, аксияи тозагии соҳил ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудааст.

Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ буда, таърихи ниҳоят қадимӣ дорад. Он ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад.

Ёдовар мешавем, ки чакан  ҳамчун  як навъи гулдӯзии тоҷикон моҳи ноябр соли гузашта, аз тарафи Дафтари илму  фарҳанги  Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО ба  рӯйхати  мероси фарҳангии ғайримоддии  башарият шомил карда шуд.

Июнь 13, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд