20 ИЮЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ШОҲМОТ. Он бозии миллии тоҷикон ва шуғли дӯстдоштаю шавқовари интеллектҳост!

Июль 20, 2019 14:59

ДУШАНБЕ, 20.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Шурӯъ аз соли 1966 ҳамасола дар ҷаҳон 20 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии шоҳмот таҷлил карда мешавад.  Шоҳмот аз бозиҳои қадимтарини миллии халқҳои форсизабон буда,  он дар асри шаш пайдо шудааст. 

Баъзе муҳаққиқон бар он назаранд, ки шоҳмот  таърихи 1400- сола дорад. Таърихшиносон  пайдоиши шоҳмотро ба асри VI мелодӣ нисбат медиҳанд.

Баъзе қоидаҳои шоҳмот дар замони Хусрави I пайдо шудаанд. Замоне, ки Сосониён ба давлатҳое, ки дар ҳамсоягии Ҳиндустон қарор доштанд, лашкар мекашанд, дар ин вақт дар бозии шоҳмот тағйирот ба амал меоянд. Дар бораи ин бозӣ  дар «Шоҳнома»-и безаволи устод Абулқосим Фирдавсӣ низ чун бозии миллии халқҳои мазкур маълумот оварда ва аз он «шатранҷ»  ном бурда шудааст.Аз ин лиҳоз таърихшиносон шоҳмотро бозии миллии тоҷикон ва дигар мардуми форснажод арзёби намудаанд.  Шоҳмот дар Арабистони Ҷанубӣ бо номи «Шатранҷ», дар Чин «Сянси», дар Тайланд «Макрук»  ва дар Япония бо номи «Сёги» машҳур мегардад. Шоҳмот дар асрҳои IX-X тавассути  арабҳо ба аврупоиён  мегузарад. Бозингарони Аврупо ба шоҳмот қоидаҳои нав ворид мекунанд ва он  номи «Шоҳмоти классикӣ»-ро мегирад. Қоидаҳои ҳозираи шоҳмот аз асри XIX инҷониб мавриди истифода қарор доранд. Мусобиқаҳои шоҳмот аз соли 1886 шурўъ гардида, аз соли 1924 Федератсияи байналмилалии шоҳмот мусобиқаҳои гуногунро роҳандозӣ намудааст.

Шоҳмот  бозии шавқовари рӯимизӣ буда,  ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул аст. Солҳои  охир таваҷҷуҳ ба бозии шоҳмот зиёд гардида, ҷавонону наврасон ва калонсолон ба ин намуди варзиш майли зиёд пайдо намудаанд.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ  оид ба шоҳмот ва шашка» дар шаҳри Душанбе Саодат Одинаева иброз дошт, ҳоло дар Тоҷикистон  ба ин намуди варзиш диққати махсус зоҳир карда мешавад. Зеро  шоҳмот хотираи инсонро сайқал дода, онро орому қавӣ мегардонад. Дар таърихи фарҳанги миллӣ, ки варзиш ҷузъе аз он маҳсуб мешавад, обутоб додани бадан ва муҳимтар аз ҳама, таҳрики фикру андеша ҳадафи асосӣ дониста шудааст. Варзиш додани тафаккуру зеҳн тавассути  бозии шоҳмот дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа дошт. Аз ин рӯ шоҳмот аз рӯзи пайдоиш то ба имрӯз дар байни мардуми сайёра чун бозии ақлу заковат, мантиқу фалсафа ва василаи  ором кардани асаби инсон дониста мешавад.

Ба гуфтаи Саодат Одинаева, имрӯз дар Тоҷикистон аз рӯи ин намуд варзишгарони зиёд бозӣ карда, мамлакати моро берун аз ҷумҳурӣ муаррифӣ ва парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон парафшон намудаанд.

«Яке аз инҳо шоҳмотбози 12-солаи  тоҷик  Сабрина  Абророва мебошад, ки  моҳи гузашта дар 5-умин Бозиҳои ҷаҳонии наврасон (World Junior Compatriot Games) дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Россия дар бозии шоҳмот соҳиби медали тилло гардид. Дар  ин  мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз  57  давлати дунё ширкат доштанд, вале Сабрина Абророва аз 11 бозӣ дар 10 давр ғолиб омад ва 1 бозиро мусовӣ анҷом дода,  бо гирифтани 10,5 хол сазовори ҷойи аввал шуд.

Инчунин аз 18 то 26 июн дар  дар шаҳри Чӯлпон–Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти «Ҷоми Леонид Юртаев» доир  гардид. Дар он  шоҳмотбозони тоҷик Мутриба Ҳотамӣ соҳиби медали тилло ва Сарвиноз Каримова соҳиби медали биринҷӣ гардиданд»,- гуфт номбурда.

Бояд зикр намуд, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ бахшида ба рушди бозии шоҳмот чандин мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд. Соли равон аввалин маротиба   Мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Он дар 4 марҳила байни наврасони то 14-сола, ҷавонони аз 15 то 30-сола ва калонсолони аз 30-сола боло доир шуда истодааст.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи интихобии мусобиқа аз 10 июн то 8 июли соли равон ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи маҳал, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус доир гардид.

Даври дуюми мусобиқа аз 8 июл оғоз шуда, то  25 августи соли 2019 дар сатҳи ноҳия ва шаҳр бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум ва марҳилаи интихобии сеюм аз 5 то 25 сентябри соли равон ба ифтихори «Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии дуюм сурат мегирад.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқа аз 1 то 5 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ба ифтихори «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо баргузории «Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот» баргузор мешавад.

Ҷоизаи «Ҷоми Пешвои миллат» оид ба шоҳмот 100 ҳазор сомониро ташкил намуда, он аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Барои  ҷойи якум, дуюм ва сеюми даставӣ  30 000, 25 000 ва 20 000 сомонӣ ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи синн 25 000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  шоҳмот навъе  аз варзиши фикрӣ байни ду бозингар маҳсуб ёфта, шоҳмотбозон байни мардум баъзан бо унвони «интеллектҳо» ёд мешаванд.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2019 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Макао бозӣ мекунад
Мусобиқаи 15-уми байналмилалӣ оид ба теннис дар Душанбе идома дорад
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад
«Регар-ТадАЗ» бори ҳаштум барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол шуд
Имрӯз бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол баргузор мегардад
«Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ ба номи Иброҳим Ҳасанов» баъд аз таъмири куллӣ ба истифода дода шуд
Пагоҳ бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол баргузор мегардад
Ҷудочии тоҷик Рошид Неъматов дар Чемпионати Осиё байни наврасон медали тилло ба даст овард
Шамшербозони навраси тоҷик нахустин маротиба дар Ҷоми Осиё соҳиби медали биринҷӣ шуданд
Варзишгари тоҷик Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё соҳиби медали тилло гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо тими олимпии Филиппин бозӣ менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ бар Непал оғоз кард