ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: то ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар Фархор 324 иншоот ба истифода дода мешаванд
ФАРХОР, 23.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор бунёд ва навсозии 324 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Дар ин бора мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор Саидобид Ҳафизов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, баҳри сазовор истиқбол намудани 30- солагии Истиқлолият сохтмони 11 муассисаи таълимӣ барои 7480 хонанда, сохтмони 56 синфхонаи иловагӣ дар назди 14 муассисаи таълимӣ барои 1400 ҷойи нишаст, 2 муассисаи томактабии хусусӣ, 5 майдончаи варзишӣ, 5 маркази саломатӣ, 9 бунгоҳи тиббӣ, 1 адад таваллудхона, 11 дорухона, 8 ҳаммоми замонавӣ, 15 адад коргоҳи дӯзандагӣ, 3 кошонаи ҳусн, 34 сартарошхона, 5 бинои маъмурӣ, 2 китобхона, 76 мағоза ва марказҳои савдо, 1 адад тарабхона, 1 бинои кохи фарҳанг, таъсиси 1 корхонаи афшураи меваю сабзавот, кашидани 21 км хатҳои оби нӯшокӣ, мумфаршкунии 5,7 км роҳҳои шаҳраку деҳот, насби 21 трансформатор, сохтмони 2 бинои ҳунарҳои мардумӣ, сохтмони парчам ва нишони давлатӣ дар маркази ноҳия, 4 толори варзишӣ, 2 коргоҳи дуредгарӣ, 1 устохона, 2 нонвойхона ва чароғонкунии 73,6 км кӯчаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин таҷдид ва барқарорсозии низоми бо обтаъминкунии шаҳраки Фархор, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани 320 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаи мавзеи Кокул, сохтмони бинои маркази саломатӣ дар деҳаи Fайрат ва Fалаба, ҳамчунин бинои комендатураи сарҳадии Фархор, бинои маъмурии шуъбаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ва дигар иншооти таъйиноти гуногун аз ҳисоби маблағҳои кумитаву вазоратҳои ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд зикр кард, ки дар 5 моҳи соли 2019 дар ноҳияи Фархор аз 28 бинову иншооти банақшагирифташуда аллакай дар 4 иншоот сохтмон ба анҷом расидааст. Аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бунёди як зумра иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, соҳибкор Ҷамолиддин Сафаров чароғонкунӣ ва мумфарш кардани 2 км роҳи мошингарди деҳаи Себи Сурхро ба уҳда гирифта, кашидани хатти барқ ва насби трансформатор дар деҳаи Лолазор аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ М Сафолов, кашидани хатти барқ ба масофаи 1,2 км аз тарафи соҳибкори дигари ҳамин ноҳия Ш Раҷабов ба анҷом расонида шуданд.
Дар ноҳияи Фархор ба ҳамин монанд то соли 2021 дар ҷамоати шаҳраки Фархор 64 иншоот, ҷамоати деҳоти Фархор 21 иншоот, Ҷамоати деҳоти Fайрат 29 иншоот, Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ 35 иншоот, Ҷамоати деҳоти Гулшан 32 иншоот, Ҷамоати деҳоти Дарқад 4 иншоот, Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 иншоот ва Ҷамоати деҳоти Fалаба 23 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Фархор аз моҳи июни соли 2018 то 17 июни соли 2019 сохтмони 207 иншоот бо вусъати баланд идома дошта, дар 50 адади он аллакай корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.
Дар робита ба ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии мамлакат бунёди корхонаи коркарди шир ва корхонаи дӯзандагӣ барои 50 ҷойи корӣ бо маблағгузории Давлати Кувайт дар шаҳраки Фархор идома дорад. Дар назар аст, ки бинои мазкур то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
рӯзноманигор