Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд

Июль 8, 2019 11:30

ДУШАНБЕ, 08.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бишкек 7 июли соли ҷорӣ 15-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар кори он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини ширкат варзиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни нишаст таваҷҷуҳи хосса ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, ки 17 июни соли 2019 қабул гардид, зоҳир карда шуд.

Дар суханронии худ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин идомаи ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупоро дар чаҳорчӯби Стратегияи нав ҷиҳати таҳкими зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ, нақлиётӣ, энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҳамдастӣ дар сабуксозии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори минтақа, мудирияти муассири сарҳадот ва рафъи чолишҳои амниятӣ таъкид намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ вазирон Баёнияи муштарак қабул намуданд.

Июль 8, 2019 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд