ҲАЁТИ ОДАМОНРО ЗЕРИ ХАТАР НАГУЗОРЕД! 2035 баста сақичи «Орбит» ва 3662 баста донаҳои офтобпараст бо тамғаи қалбакӣ ошкор ва аз муомила гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 22.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар самти таъмини риояи қонунгузории соҳаи моликияти зеҳнӣ аз тарафи нозирон якҷоя бо намояндагони ширкатҳое, ки тамғаи молии ҳимоятшудаи онҳо дар бозори истеъмолӣ аз тарафи дигар соҳибкорон истифода шудааст, санҷишҳо амалӣ гардиданд. Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо аз нуқтаҳои савдо ва бозорҳои ҷумҳурӣ дар маҷмўъ 2035 баста сақичи «Орбит» ва 3662 баста донаҳои офтобпараст бо тамғаи қалбакӣ ошкор ва аз муомила гирифта шуд. Дар ин бора имрӯз директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») Қудрат Давлатзода иброз дошт.
Бино ба маълумоти номбурда, дар ин давра ба Агентии «Тоҷикстандарт» аз тарафи ҶДММ «Чашма Трейд» ва ҶДММ «Сардор-2008» аризаҳо оид ба ҳимояи тамғаи молии онҳо ворид гардиданд. Тибқи тартиби муқарраргардида, нисбат ба соҳибкороне, ки ба қонуншиканӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ роҳ додаанд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуданд.
Илова бар ин, мутахассисони Агентӣ зимни гузаронидани санҷишҳои муштарак бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бозору нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба миқдори 32 890 кг маҳсулоти пастсифати чойи хушк, 26 827 кг маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла 3000 кг қиммаи мурғи яхкардашуда (истеҳсоли Туркия), 15000 кг равғани нахли «Qudrat», истеҳсоли Малайзия дар зарфҳои пластикии вазнаш 20 кг, 342 000 дона тухми озуқавии мурғ ва 744 литр нӯшокиҳои спиртиро, ки ба таври қочоқ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон ворид карда шудаанд, ошкор намуда, аз муомилот гирифтанд.
Аз тарафи нозирони Раёсати «Тоҷикстандарт» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари анвои зиёди маҳсулоти ғизоии пастсифат, инчунин ба миқдори 6450 шиша арақ аз фурўш боздошта шуд. Натиҷаҳои ташхис нишон доданд, ки маҳсулоти мазкур ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ» мутобиқат намекунад ва истеъмоли он эҳтимоли зарар овардан ба саломатии инсонро дорад.
Нисбат ба соҳибкорон парвандаҳои маъмурию ҷиноӣ оғоз карда шуда, ҳуҷҷатҳо барои чораҷўӣ ба мақомоти прокуратура ирсол карда шуданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






