БАБРИ БАРФӢ – САРВАТИ КӮҲҲОИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи умумиҷаҳонии паланг ( World Tiger Day) бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 29.07.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз моҳи ноябри соли 2010 ҳамасола 29 июл Рӯзи умумиҷаҳонии паланг ( World Tiger Day) ҷашн гирифта мешавад. Мақсади асосӣ аз таҷлили ин рӯз аз нестшавӣ ҳифзу нигоҳ доштани ин навъи ҳайвон мебошад.
Паланг ҳайвони дарранда буда, ба оилаи гурбашаклҳо дохил мешавад. Ин ҷонвар 10 ҳазор сол қабл аз ҷангалзори Сибир ба шимоли Чин ва Корея кӯчиши биологӣ намуда, тавассути қаторкӯҳҳои Ҳимолой ба Ҳиндустон, ҷазираҳои Малайзия, Суматра, Ява, Балӣ ва дигар давлатҳои ҳаммарз бо ин кишварҳо муҳоҷират намудааст.
Солҳои 30-40-уми асри гузашта ҳудуди паҳншавии паланги тӯронӣ туғайзорҳои водиҳои дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Қизилсу ва Ёхсуро дар бар мегирифт. Ин навъ паланг дар асри гузашта тавассути поёноби Амударё ба ҳавзаи дарёи Панҷ ворид гардида, дар инҷо сукунат мекунад. Зеро дар ин ҷо экосистемаи туғайзор ва нимбиёбон барои ғизогирии паланги тӯронӣ ҷой дошт. Он давра масоҳати ғизогирии паланги тӯронӣ қариб аз 90 ҳазор гектар замин зиёд буд. Аз ин хотир паланги тӯронӣ тавонист, ки дар ин минтақа то солҳои 1954 насли худро ба 11 сар расонад. Сол то сол масоҳати заминҳои кишоварзӣ зиёд гардида, ҳудуди ғизогирӣ барои паланги тӯронӣ тангӣ намуд. Дар натиҷа муҳоҷирати биологии паланги тӯронӣ аз экосистемаи Тоҷикистон тавассути қисмати поёноби дарёи Панҷ ва Вахш амалӣ гардид. Ҳамин тавр, аз соли 1954 сар карда, паланги тӯронӣ экосистемаи табиии худро, ки дар қисмати Тоҷикистон буд, тарк намудааст.
Тавре дар ин бора дар «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст: «Саршумори паланг дар солҳои 50-уми асри гузашта тамоман маҳдуд ва ба нестӣ расид. Ҷасади охирини аз тарафи шикорчиён паррондашудаи паланг дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст. Дар Тоҷикистон паланги тӯронӣ ба рӯйхати ҳайвоноти маҳвгардида дохил шудааст. Ҳоло ин навъ паланг дар ягон боғи ҳайвоноти дунё боқӣ намондааст».
Тавре муовини директори Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Убайдулло Акрамов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ҳоло дар қисмати баландкӯҳҳои Тоҷикистон паланги барфӣ, ки ба паланги туронӣ ягон наздикӣ надорад, паҳн шудааст. Ин аз намуди ҳайвонҳои даррандае мебошад, ки дар минтақаҳои барфпӯш ва сард ҳаёт мегузаронад. Ин навъ палангро бабри барфӣ низ меноманд.
«Вақте ки инсоният бабри барфиро мавриди омӯзиш қарор дод, дар аввал саршумори онҳо зиёд ба назар мерасид. Имрӯз бабри барфӣ дар қисмати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон дар экосистемаи табиии резервати биосферии Ромит ва экосистемаи табиии Мамнуъгоҳи Дашти ҷум, Зоркӯл, қисмати Паркҳои табиии миллии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Лахш ва Сангвор сукунат дорад. Ҳоло дар қисмати экосистемаи табиии ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда беш аз 152 сар бабри барфӣ ҳифз карда мешаванд. Бабри барфие, ки дар Тоҷикистон ҳифз мешавад, нисбат ба бабри барфие, ки дар қисматҳои Ҷумҳурии Покистон, Бангладеш, Ҳиндустон ва Россия сукунат дорад, аз рӯи мавҷудияти доғҳои гирд ва паҳмии панҷаи пойи худ фарқ мекунад. Зеро минтақаи Тоҷикистон кӯҳсор аст. Аз ин рӯ барои дар ин минтақа ҳаракати озод кардан инкишофёбии панҷаҳои пой ба онҳо имконият медиҳад, ки озодона дар қисмати харсангзор ва ноҳамвориҳо ҳаракат намоянд»,- гуфт Убайдулло Акрамов.
Ба зикри номбурда, бабри барфие, ки дар ҷумҳурии мо сукунат дорад, дар худ доғҳои нисбатан калон дорад, ки он то 5-7 сантиметрро ташкил медиҳад. Ҳолати мӯйина ва маҳину ҷилодиҳандаи ин навъ паланги Тоҷикистон нисбат ба бабри барфие, ки дар қисматҳои Покистон, Афғонистон ва дигар минтақаҳо сукунат мекунад, фарқ мекунад. Ҳамаи ин ба ҷиҳати ғизоӣ вобастагӣ дорад, зеро ҳолати ғизоӣ дар Тоҷикистон баланд мебошад. Имрӯз бабри барфӣ дар Тоҷикистон ба шикори бузи кӯҳии сибирӣ, бузи пармашох, гӯсфанди помирии «Архар» ва дигар ҳайвоноте, ки аз олами набототи серғизо истифода мебаранд, машғул мебошад. Косахонаи сари бабри барфии Тоҷикистон хуб инкишоф ёфта, дарозии он аз 15,5 то 17,3 см ва паҳнойиаш 12 то 13,5 сантиметр мебошад.
Бабри барфие, ки дар Тоҷикистон сукунат дорад, барои беҳтар намудани ҳолати экологӣ, таъмини солимии муҳити зисти Тоҷикистон ва рушди соҳаи шикор аҳамияти иқтисодӣ ва экологӣ дорад. Зеро бабри барфӣ ҳамеша гӯсфанди архареро, ки бемор аст ва вазифаи биологии худро иҷро карда наметавонад, шикор намуда, барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист, намуд ва зернамудҳо дар байни популятсияҳо нақши асосӣ иҷро мекунад. Аз ин рӯ ин навъ ҳайвон барои солим нигоҳ доштани намудҳо нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ дар ҳолати набудани бабри барфӣ аз байн рафтани бузи пармашох, бузи кӯҳии сибирӣ, гӯсфанди помирии Архар ва гӯсфанди бухороии Уриял аз эҳтимол дур набуд.
Муовини директори Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳоло аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои дар ҳамсарҳадии экосистемаҳои бабри барфӣ ҷойгир намудани чорворо дастгирӣ мекунанд. Ҳоло дар Мамнуъгоҳи «Зоркӯл» дидаву дониста, мақомоти шаҳру ноҳияҳо ба хоҷагиҳои чорводор иҷозат медиҳанд, ки чорвои худро дар экосистемаи гӯсфанди помирии Архар ва экосистемаи бабри барфӣ чаронанд.
«Дар ин ҳолат аз тарафи чорводорон ба амал омадани шикор низ аз эҳтимол дур нест. Вақте чорводорон чорвои худро дар ин минтақаҳои ҳамсарҳад ҷой мекунанд, касалиҳои замбурӯғӣ метавонанд, ки ба ҳайвоноти нодир таъсир расонанд ва ё ҳолати ғизогирии онҳо кам шавад. Дар натиҷаи кам шудани ғизо шумораи ҳайвоноти нодир низ коҳиш ёфта, ғизо ба бабри барфӣ низ намерасад. Аз ин рӯ хуб мешуд, ки роҳбарияти мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ инро хуб дарк намоянд ва ҳарчи зудтар ҳолати хоҷагидорӣ ва фаъолияти чорводориро аз ҳамсарҳадии экосистемаҳои бабри барфӣ дур намоянд», — мегӯяд номбурда.
Тоҷикистон кишваре мебошад, ки бабри барфӣ ин минтақаро ҳамчун ҷойи сукунати табиии худ интихоб намудааст. Имрӯз аз тарафи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ супориши қатъӣ дода шудааст, ки ҷойҳои сукунати бабри барфӣ ва ҳаётгузаронии он ба таври васеъ муаррифӣ карда шавад. Зеро ҳоло таваҷҷуҳи сайёҳон ба он зиёд равона шудааст.
Тибқи маълумоти илмӣ, дар ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Покистон ин навъи ҳайвон аз байн рафта истодааст. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон популятсияи ин навъи ҳайвон вуҷуд дошта, он метавонад ба ҷалби сайёҳон дар мамлакат мусоидат намояд.
Ёдовар мешавем, ки саршумори бабри барфӣ дар мамлакати мо ҳудуди 250 сарро ташкил медиҳад. Он ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуда, шикораш қатъиян манъ карда шудааст.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»











Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста аст. Шарҳи коршинос дар ин маврид
ЯХОБМОНӢ-ЗАХИРАИ НАМӢ БАРОИ СОЛИ ОЯНДА. Ин тадбири муҳим дар Тоҷикистон аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад
НОРАСОИИ НЕРУИ БАРҚ-МУШКИЛИИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ. Сабаби асосии он тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад
Ҳунарманди муҳрабоф Заррина Сайфиддинова бо маблағи гранти президентӣ маркази омӯзишӣ таъсис медиҳад
Бо масъулони соҳаи молия ва андоз дар шаҳри Бохтар ҷаласа баргузор шуд
Панелҳои офтобӣ дар таъмини энергияи «сабз» чӣ аҳамият доранд?
Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2025-2030» татбиқ мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми ҷаҳонӣ оид ба истифодаи маълумот барои таҳкими чораҳои зиддикоррупсионӣ иштирок намуд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия ҳамоиши идона доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру» созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расиданд
Доир ба Форуми дуюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон брифинг баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи бартарафсозии омилҳои коррупсионӣ баррасӣ гардид






