Бонки «Credit Suisse» — Швейтсария ният дорад ба бозори молиявии Тоҷикистон ворид гардад

Июль 20, 2019 15:06

ДУШАНБЕ, 20.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории судманди Бонки миллии Тоҷикистон бо бонки «Credit  Suisse»-и Швейтсария дар мулоқоти муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолидин Нуралиев  бо роҳбари ҳайати бонки «Credit  Suisse»-и Швейтсария Лахос Фаркас, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

 Ҷамолиддин Нуралиев ва намояндагони бонки «Credit Suisse», масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, вазъи кунунии низоми бонкии мамлакат, дурнамои рушди соҳа дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин мусоҳибон  имконияти ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба дар бахши молиявӣ тавассути амалиёти байнибонкӣ ва барқарор намудани суратҳисобҳои муросилотиро матраҳ намуданд.

Муовини аввали раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев диққати меҳмононро ба самтҳои муҳим ва афзалиятнок, аз ҷумла низоми бонкӣ ҷалб намуда, таъкид намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҳамкории судманд дошта,  бонки «Credit Suisse»метавонад дар ҷумҳурии мо бо имкониятҳои бештару хубтар ва ба манфиати ҳарду ҷониб ба бозори молиявӣ ворид гардида, дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошад.

Дар мулоқот роҳбари ҳайати «Credit Suisse» Лахос Фаркас омодагии худро ҷиҳати мусоидат барои ба роҳ мондани ҳамкории  дуҷонибаи судманд изҳор дошт.

Бояд тазаккур дод, ки бонки «Credit Suisse»- яке аз бонкҳои пешрафта ва дорои таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи бонкдорӣ, сармоягузорӣ ва молия маҳсуб ёфта, дар 50 давлати ҷаҳон  намояндагиҳои худро  таъсис додааст, ки фаъолияти муваффақ доранд.

 

Июль 20, 2019 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид