«Босмачиён дар партовгоҳи таърих пӯсидаанд», «Қарзи ипотекӣ ва монеаҳои рушди он», «Истаравшан: 75 парванда барои риоя накардани қонунҳои миллӣ»,- шарҳи матбуоти даврӣ

Июль 11, 2019 18:01

ДУШАНБЕ, 11.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият», шумораи рӯзи 10 июли  соли равон (№136)   таҳти сарлавҳаи «Пешвои мо-ифтихори мо. Таассурот аз сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияҳои водии  Рашт» мақолаи сокини ноҳияи Тоҷикобод Ҷамшеди Фозил ба нашр расидааст. Муаллиф зимни баёни андеша дар мавзӯи мавриди назар, аз ҷумла чунин навиштааст: «Сафари кории Пешвои миллат дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ сокинони ин гӯшаи кӯҳистони Тоҷикистонро хеле рӯҳбаланд намуд. Мулоқотҳо саршори лаҳзаҳои нотакрор буданд. Лаҳзаи тақдими мусаввараи модари Президент дар ноҳияи Сангвор басо ҳаяҷонбахш сурат гирифт. Президенти мамлакат  перомуни эҳтирому гиромидошти падару модар насиҳатҳои пурқимат  намуданд.
Дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод ба 35 нафар духтарони маҳаллии ин диёр, ки хоҳиши идомаи таҳсил доштанд, иловатан квотаи президентӣ ҳадя карда, таъкид намуданд, ки хонанд, соҳиби илму ҳунар шаванд, дар рушди Ватан саҳмгузор бошанд».

«САЙЁҲӢ. Рушди ин соҳаи муҳим дар минтақаҳо беҳбудиро тақозо менамояд»- яке аз мақолаҳои дигари ҷолиби  ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»   маҳсуб мешавад.

Муаллифи  мақола Ш.Қурбон бо чунин матлаб маводро оғоз намудааст: «Қариб тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аз мавзеъҳои сайёҳӣ ғанианд, вале дар аксари онҳо ақибмондагии инфрасохтори бозори хизматрасонӣ ба мушоҳида мерасад. Ин омили асосиест, ки ба рушди сайёҳӣ дар минтақаҳо монеъ мешавад».

«Дар аксари минтақаҳои мамлакат хизматрасонӣ дар сатҳи паст қарор дорад, — мегӯяд Суҳроб Қурбонов, директори иҷроияи Ширкати сайёҳии «Бунёд Тур». — Масалан, дар шифохонаи «Авҷ»-и ВМКБ биноҳо фарсуда буда, хизматрасонӣ низ дар сатҳи зарурӣ нест. Чанде пеш мо ба ин шифохона сафар доштем, гарчанд мавсими истироҳату табобат оғоз нашуда буд, вале мизоҷони зиёд ба чашм мерасиданд. Утоқҳои қабули меҳмонон сард, шароити будубоши хуб надоштанд. Танҳо дар меҳмонхонаҳои Дарвоз, ки дарвозаи Бадахшон маҳсуб мешавад, хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва шоёни ибрат аст»,- чунин  омадааст дар мақола.

Дар фарҷом муаллиф бо такя ба  гуфтаҳои мутахассиси соҳа чунин  хулосабарорӣ намудааст: «Хизматрасонии муносиб асоси муваффақият буда, қисми таркибии сайёҳӣ маҳсуб меёбад. Танҳо дар ин сурат  сайёҳӣ метавонад рушд карда, ба манбаи даромади доимӣ табдил ёбад. Давлат Ҳабибов, раиси созмони ҷамъиятии Ассотсиатсияи шӯрои рушди туризм дар ин хусус иброз медорад, ки барои он ки хизматрасонӣ дар сатҳи муносиб пешниҳод шавад, бояд, қабл аз ҳама, дар соҳа кадрҳои соҳибтахассус фаъолият баранд. Мардуми маҳаллӣ бо бартариятҳои соҳаи сайёҳӣ шинос карда шаванд».
Дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»   ҳамчунин таҳти сарлавҳаҳои «Хонаинтизорӣ. Бурёкӯбон боз мавқуф гузошта мешавад?!», «Қарз. Муаммои сарбастаи бонкҳо ва муассисаҳои қарзӣ», «Пистапарварӣ. Бепарвоӣ ба нобудӣ мебарад» ва  «Терроризм ва экстремизм. Тоҷикистон  дар мубориза бар зидди ин зуҳурот пешсаф аст» маводи ҷолибу  хонданбоб  нашр гардидаанд. Дар матолиби номбаршуда мавзӯъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифта,  таваҷҷуҳи масъулин ба ҳалли он ҷалб гардидааст.

Дар нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№82, 09.07.2019)  дар баробари хабару гузоришҳои расмӣ таҳти сарлавҳаҳои «Низоми дуалии таҳсил.Ҷорӣ намудани он ба манфиати кор хоҳад буд», «Пешгирии беморӣ аз табобат дида беҳтар аст», «Гӯсфанди зоти тоҷикиро аз вартаи нобудӣ бояд раҳонем»,  «Ба «Садои мардум» ҷавоб омад: «Пардохти ғайринақдӣ. Чаро як идда ба тавсеаи он ҳавасманд нестанд?», «Кадом омилҳо боиси болоравии қурби доллар гардиданд?», «Қарзи ипотекӣ ва монеаҳои рушди он», «Истаравшан. 75 парванда барои риоя накардани қонунҳои миллӣ», «Ба қадри гулҳои шукуфон бояд расем!»  ва  дигар матолиби таҳлилӣ ба нашр расидаанд.

Дар мақолаи «Қарзи ипотекӣ ва монеаҳои рушди он» мухбири рӯзнома  Далер Мерганов суол гузоштааст, ки таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» то кадом андоза ба тавсеаи пешниҳоди ин намуди қарз мусоидат карда метавонад?

Рӯзноманигор  зимни  баррасии мавзӯи мазкур  иброз  доштааст, ки «коршиносони масоили иқтисодӣ яке аз сабабҳои ба мушкил мувоҷеҳ шудани бонкҳои бонуфузро дар кишварҳои пешрафта маҳз ба зиёд будани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ рабт медиҳанд».

«Масъулини Бонки миллӣ ба он назаранд, ки «дар ҳолати аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дуруст андозагирӣ намудани хавфҳои бонкӣ ва гузаронидани таҳлили пурраи ҳолати молиявии қарзгирон, таъсири манфии он ба вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ кам гашта, бо густариш ёфтани ҷалби маблағҳои озод имконияти пешниҳоди қарзи ипотекӣ низ зиёд мешавад», -чунин аст хулосаи рӯзноманигор дар шарҳи ин мавзӯъ.

Таҳти рубрикаи  «Ба «Садои мардум» ҷавоб омад» вокуниши Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода ба мақолаи  «Пардохти ғайринақдӣ. Чаро як идда ба тавсеаи он ҳавасманд нестанд?» -и рӯзномаи макур  чоп шудааст.

Раиси Бонки миллӣ  зимни  шарҳи масъалаи мазкур, аз ҷумла  чунин зикр кардааст: «Эътироф бояд кард, ки дар баробари зиёд гардидани теъдоди терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ истифодаи онҳо аз ҷониби соҳибкорон дар сатҳи паст қарор дорад. Тибқи мушоҳидаҳо, соҳибкорон танҳо бо мақсади канора ҷустан аз муҷозоти дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайянгардида терминалҳои электрониро насб намуда истодаанд. Аз сабаби он ки ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ амалиёти молиявии соҳибкоронро шаффоф мегардонад, соҳибкорон барои тавсеаи ин раванд ҳавасманд нестанд ва аз истифодаи терминалҳои электронӣ ҳангоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ саркашӣ менамоянд. Тибқи маълумоти аз ташкилотҳои қарзӣ дастрасшуда, теъдоди зиёди терминалҳои электронии насбгардида фаъол нестанд».

Номбурда дар ин робита пешниҳод намудааст, ки «хуб мешуд назорати насби терминалҳои электронӣ ва татбиқи муҷозоти дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайянгардида аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннок мегардид».

«Мутаассифона, бинобар дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани саводнокии молиявии аҳолӣ дорандагони кортҳои пардохтӣ ҳангоми ворид гаштани маблағҳо ба суратҳисобҳои кортӣ фавран онро нақдӣ мегардонанд. Вобаста ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам ташкилотҳои қарзиро водор менамояд, ки ҷиҳати бештар амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ҳар гуна барномаҳои ҳавасмандгардониро таҳия ва татбиқ намоянд. Айни замон аз ҷониби як қатор ташкилоти қарзӣ барои мизоҷон барномаҳои гуногуни ҳавасмандгардонӣ, аз қабили кэш-бек ва бонусҳо ҳангоми амалӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ роҳандозӣ шудааст. Илова бар ин, хизматрасонӣ тавассути бонкдории мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ роҳандозӣ гардидааст, ки мизоҷон метавонанд дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ тавассути 426 адад QR-рамзҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ насб шудаанд, бо истифода аз ҳамёнҳои электронӣ пардохти молу хизматрасониҳоро амалӣ намоянд», -изҳор доштааст  Ҷ.Нурмуҳамадзода.

Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета»  (10.07.2019,№29) дар саҳифаи аввали шумораи навбатӣ  хабару гузоришҳои расмӣ чоп карда, таҳти рубрикаи «Об барои рушди устувор» мусоҳиба бо сардори шуъбаи метеорологии Агентии обуҳавосанҷӣ  Фаридун Ахмедовро пешкаши хонандагон кардааст. Зимни мусоҳибаи мазкур сабабу оқибатҳои обшавии пиряхҳо ҳамчун мушкилоти экологӣ аз ҷониби мутахассиси соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.  Дар саҳифаҳои дигари нашрия мақолаҳо оид ба тартиби гирифтани шиносномаҳои нави шаҳрвандони мамлакат, таъсири манфии телефонҳои мобилӣ ба саломатии кўдакон, рушди соҳаи матлубот дар Тоҷикистон, ҳуқуқҳои шахсони маълул, хабарҳо доир ба навсозии НБО-и Норак, аъзои нави Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, оғози даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», баргузор шудани машқҳои муштараки ҳарбӣ дар мамлакат ба нашр расидаанд. Дар саҳифаи 4-уми рӯзнома  мақолаи муфассали сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон О.Маҳмадов оид ба ҷиноятҳои даҳшатноки ҷаллодони ташкилоти террористии наҳзат чоп шудааст. Дар мақола шоҳидони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, аз ҷумла собиқ ҷанговарони ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ ҷиноятҳои содиркардаи худро дар ҳаммоми совхози Туркманистони ноҳияи Вахш нақл мекунанд…

Нашрия ҳамчунин аз ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишии минтақаҳои мамлакат барои хонандагон маводи ҷолиб пешниҳод кардааст.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» (10.07.2019,№ 28)  дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ, инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Террористу ҷинояткоронанд, на мухолифони сиёсӣ», «Бо мардум ҳамкорӣ мекунем, то муваффақ бошем», «Осиёи Марказӣ: аҳолӣ зиёд, об кам мешавад», «Таассубу хурофот –монеаи ҷомеа», «ТЯНАНМЭН: чӣ гуна Чин аз фаношавӣ раҳо ёфт?», «Мо 11 миллиард мешавем!», «Босмачиён дар партовгоҳи таърих пӯсидаанд»,   «Ақл набошад, ҷон дар азоб… », «Фанни риёзӣ ва навиштани китобҳои таълимии он» , «Театри муҳоҷирон» ва ғайраҳо .

Муаллифи мақолаи «Босмачиён дар партовгоҳи таърих пӯсидаанд» устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев, доктори илмҳои филология Назрӣ Офаридаев навиштааст, ки вақтҳои охир дар нашрияҳои гуногун, шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо атрофи ҳаракати босмачигарӣ авҷ гирифтаанд. Иддае аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ,  ки ҷонибдори ТТЭ ҲНИ мебошанд, босмачиёнро чун ҳомии сарсупурдаи озодии миллати тоҷик муаррифӣ намуда, аз онҳо қаҳрамон сохтанӣ мешаванд.

Н.Офаридаев ин мавзӯъро ба риштаи таҳлил кашида,  мақолаашро бо чунин  матлаб ҷамъбаст  намудааст: «Худи воқеияти таърихӣ гувоҳ   аз он аст,  ки босмачиён дар тақдири халқи тоҷик чун унсурҳои бегона аз ҷониби мардум  дастгирӣ наёфта, нақши созандаи таърихӣ надоштанд ва ба партовгоҳи таърих партофта шуда, пӯсидаанд. Ба дараҷаи муборизони нокоми озодии миллати тоҷик бардоштани босмачиён дар шароити имрӯза ҳеҷ аҳамияти созандае барои миллат надошта, аз ҷониби мардум пазируфта намешавад».

         Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 11, 2019 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS вобаста ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии илм ва технологияи Ҷопон ҳамкориро густариш медиҳанд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии Ҷопон ҳамкории илмиро тақвият мебахшанд
Дурнамои рушди ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии магистрантон ифтитоҳ шуд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Ҷопон бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегарданд
НИГОҲЕ БА САНЪАТИ МУСИҚӢ. Ҳамоиши илмию адабӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Дар Душанбе оид ба назария ва амалияи санъат ва дизайн конференсия доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Волидон ва омӯзгорони ғолибони озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва «Маърифатпарвар» сарфароз гардонида шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид