Дар Душанбе мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея баргузор гардид

Июль 16, 2019 17:12

ДУШАНБЕ, 16.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея баргузор гардиданд.

Кори мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея бо вохўрии хоссаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён  оғоз шуд.

Зимни баргузории мулоқоту музокирот ҳайатҳои расмии ин ду кишвари дўст масъалаҳои муҳим ва дурнамои ҳамгироиро байни Тоҷикистону Корея мавриди муҳокима қарор доданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки нахустин сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои вобаста ба он  ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.

Зикр шуд, ки дар доираи сиёсати муваффақонаи сарони ин ду кишвари дўст гардиши молу маҳсулот соли 2018 нисбат ба соли 2017 1,7 маротиба зиёд гардид. Дар панҷ  моҳи соли 2019 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Корея 13 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ин шаҳодати рўз то рўз рушд ёфтани ҳамгироӣ миёни Тоҷикистону Корея мебошад.

Аз рўзҳои аввали барқарор намудани робитаи дўстӣ миёни ин ду кишвар аз Ҷумҳурии Корея ба соҳаи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи сармояи мустақим 54 миллион доллари америкоӣ ворид гардидааст.

Дар робита ба  ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, роҳҳои афзун намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Корея  таъкид гардид, ки новобаста аз афзоиши нишондиҳандаҳо ҳанӯз ҳам имконоту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намегарданд ва дар оянда боз ҳам фаъол гардонидани ниҳодҳои дахлдор зарур аст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни баргузории мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Корея зикр кард, ки дар асоси сиёсати муваффақона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст. Ҷиҳати бунёди иншооти гуногуни истеҳсолӣ дар минтақаҳои мазкур ба соҳибкорону сармоягузорон як зумра афзалиятҳо дода шудаанд. Фароҳамсозии имконоти зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар қаламрави мамлакат бунёду сохтмони иншооти гуногуни истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкорону сармоягузоронӣ дохилию хориҷӣ ҷараён дорад.

Ҷонибҳо доир ба иҷрои нақшаи муштараки ҳамкорӣ оид ба афзун намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Корея табодули афкор намуда, таъкид доштанд, ки имрўзҳо дар баробари дигар маҳсулот метавон аз Тоҷикистон ба Корея маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дорои сифати баланд мебошад, содирот кард.

Ҳарду ҷониб аз сатҳу сифати ҳамкорӣ дар самтҳои муҳим изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, роҳу нақлиёт, фарҳанг, илму маориф, обу экология ва дигар масъалаҳои доғи рўз таъкид доштанд.

Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея аз 28 апрели соли 1992 барқарор гардида, то имрўз дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳои минтақавию ҷаҳонӣ Тоҷикистону Корея дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти доғи рўз идома меёбанд.

Дар анҷоми мулоқоту музокироти байниҳукуматии Тоҷикистон ва Корея ду санади нави ҳамкорӣ-  Лоиҳаи Созишнома оид ба расонидани кумаки бебозгашт байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея ва Лоиҳаи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба таъсиси гўшаи Корея ба имзо расонида шуд.

Сипас намоиши иқтидорҳои энергетикии мамлакат ва лоиҳаи сохтмони як қатор иншооти муҳими соҳа баргузор шуд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, бо роҳи ҷалби сармоя ва оғози сохтмони иншооти энергетикӣ метавонад дар таъмини сокинони минтақа бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза саҳм гузорад.

Оид ба натиҷаҳои   нахустин сафари  расмии Сарвазири Ҷумҳурии Корея ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея Қоҳир Расулзода ва Ли Нак Ён нишасти матбуотӣ баргузор  намуданд.

Июль 16, 2019 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон ва Малайзия таъсиси платформаҳои муштаракро барои содирот ва воридот баррасӣ намуданд
Нишасти маҷозии Гурӯҳи кории иқтисодии C5+1 баргузор гардид
Ширкати Чин дар вилояти Хатлон аз партовҳои сахти коммуналӣ барқ истеҳсол менамояд