Дар ноҳияи Тоҷикобод оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мулоқот доир гардид
ТОҶИКОБОД, 18.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ва баргардонидани шаҳрвандони гумроҳ аз давлатҳои ҷангзада ба ҷумҳурӣ вохӯрии намояндагони мақомоти иҷроия, мақомоти қудратӣ, аз ҷумла суд, прокуратура ва милитсия бо сокинони Ҷамоати деҳоти Мунаввар Шогадоев баргузор гардид. Дар ин бора масъулини ноҳияи Тоҷикобод ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомади мазкур масъулин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, машғул шудан ба таълимоти динии ғайрирасмӣ, сарчашмаҳои терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа, инчунин мазмун ва моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар қонунҳои ҷорӣ сухан гуфтанд.
Инчунин зимни мулоқот масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, раиси ноҳия Маҳмадшозода Ҳамидулло иброз намуд, ки сабаби асосии шомилшавии ҷавонон- ин паст будани сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии онҳо мебошад.
Аз ин рӯ ба сарварони муссисаҳои таълимӣ супориш дода шуд, ки пайваста бо хонандагон дар робита бошанд ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоянд. Аз шахсони барӯманди деҳа, падарон ва ходимони дин даъват ба амал оварда шуд, ки дар тарбияи фарзандон бетараф набошанд. Моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро хуб дарк намуда, ба мардуми одӣ, махсусан ҷавонон онро фаҳмонанд. Зеро имрӯз тамоми нооромиҳо дар сайёра аз тарафи абарқудратон тавассути ҷавонони гумроҳ роҳандозӣ мегардад.
Бояд гуфт, ки Ҷамоати деҳоти Мунаввар Шогадоев яке аз ҷамоатҳои осебпазир ба шумор меравад. Тибқи иттилои масъулини мақомоти дахлдор, 11 нафар шаҳрвандони ҷамоати мазкур дар давлатҳои ҷангзада аъзои гурӯҳҳои терористӣ-экстремистӣ мебошанд. Дар ҷамъбасти вохӯрӣ волидайни шаҳрвандони гумроҳшуда дар бораи охирин тамос бо фарзандонашон иттилоъ дода, ваъда доданд, ки дар сурати пайдо шудани ягон маълумот дар ҳамкорӣ бо мақомоти қудратӣ баҳри пайдо ва баргардонидани онҳо аз давлатҳои ҷангзада мусоидат менамоянд.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






