Дар пойгоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-методӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 08.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Вазорати мудофиаи мамлакат 5-6 июл дар пойгоҳи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-методӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Ориф Нозимиён иттилоъ дод.
Тибқи иттилои сарчашма, котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Маҳмадалӣ Ватанзода доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорию ҳамоҳангсозии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, баргузории ҷамъомади таълимӣ-методӣ ва дигар масъалаҳои амниятиро, ки дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг муайян ва танзим мешаванд, бисёр муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо роҷеъ ба сиёсати дифоии ҷумҳурӣ, вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани амалҳои тундгароиро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ кард. Вазир изҳор дошт, ки «дар радифи тамоми хизматчиёни ҳарбии сатҳи зинаҳои гуногуни сохторҳои қудративу ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва шаҳрвандони эҳтиётии дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ қарор дошта, бояд ҳар як сокини ватандӯсти сарзамин дар партави гуфтаҳои Сарвари давлат дар самти аз даст надодани зиракии сиёсӣ амал намоянд».
Дар рӯзи дуюми ҷамъомади методӣ- таълимии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, ки дар машқгоҳи ҳарбии Фахробод идома ёфт, барои назорати ҷараёни баргузории ҷамъомади мазкур котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ, роҳбарон ва намояндагони тамоми сохторҳои низомии мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, масъулини вазорату кумитаҳо ва шахсони расмӣ ба машқгоҳи ҳарбӣ омаданд.
Аз рӯи мавзӯъ ва матлаби баргузории ҷамъомади мазкур дар шароити дашту саҳро ва маҳаллаҳои аҳолинишин бинову иншооти муҳими давлатӣ, мавзеъҳои стратегӣ ва роҳҳои душворгузари кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ парвозҳои намунавии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Артиши миллӣ манзур гардонида шуд. Қисмати амалии ин ҷамъомад бо тирпарронии ҷангии ҳайатҳои роҳбарию фармондеҳии сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар иштирокчиёни он бо намунаи тамоми силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ки аз тарафи ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат истифода мешаванд, маҳсуб меёфт.Дар нуктаҳои таълимии ин тамрингоҳи низомӣ ҳайати иштирокчиён бо истифода аз силоҳу муҳимоти мухталифи ҷангӣ тирпарронӣ карданд.
Ҳадафи баргузории ҷамъомади методӣ-таълимии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат буда, он ба сайқал додани ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат, баланд бардоштани омодагии равонӣ ва сафарбарии кӯшунҳо ҳангоми доир кардани унсурҳои мухталифи зиддитеррористӣ равона мебошад.
Инчунин дар қисмати назариявии ҷамъомади методӣ-таълимӣ Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат доир ба омодагӣ ба сафарбарӣ маърӯза намуд.
Зимни ҷамъбаст котиби Шӯрои амнияти мамлакат доир ба таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти амнияти давлату миллат, сиёсати дифоии ҷумҳурӣ, таҳкими сулҳу субот, таҳдиди хатарҳои эҳтимолӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракӣ, сайқали маҳорати омодабошии доимии ҷангӣ, баланд бардоштани қудрати мудофиавии мамлакат сухан намуда, ба сатҳи баргузории он баҳои баланд дод.
Дар анҷом ба бархе аз иштирокчиёни ҷамъомади методӣ- таълимии роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.









ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд






