Дар шаш моҳи гузашта дар Тоҷикистон зиёда аз 2136 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст

Июль 30, 2019 10:15

ДУШАНБЕ, 30.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2136 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда (якҷо бо корхонаҳои хурд) ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти ин ниҳод Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода ибрози назар намуд.

 Ба маълумоти номбурда, дар давраи ҳисоботӣ дар ҷумҳурӣ 146 корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси 1864 ҷойҳои кории нав ба истифода дода шудаанд.

Аз ҷумла:

Бино ба маълумоти Вазир, дар давраи ҳисоботӣ барои таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 219,8 миллион сомонӣ маблағ сармоягузорӣ карда шудааст.

«Таҷҳизоти муосири воридгардида, аз қабили дастгоҳҳои мебелбарорӣ дар корхонаи ҶДММ «Бисот»-и шаҳри Душанбе, хатти технологии истеҳсоли маҳсулоти ширӣ дар корхонаҳои ҶДММ «Истеҳсоли маҳсулоти ширии «Ватан»-и шаҳри Душанбе ва ҶДММ «Авитсена»-шаҳри Ҳисор ва дастгоҳи сангбурӣ дар ҶДММ «Зиркон»-и шаҳри Душанбе васлу насб гардидаанд, ки барои истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ ва дар бозорҳои дохил ва хориҷ рақобатпазир мусоидат менамоянд»,-гуфт Заробиддин Файзуллозода.

Ба нақли номбурда, пас аз бунёди як зумра корхона ва коргоҳҳои бузурги саноатӣ, аз қабили  Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил»,  ҶДММ «Фарм текс» ва истеҳсоли рангҳои эмулсионии   МОИ «Данғара»  дар ноҳияи Данғара,  корхонаҳои коркарди пӯсти ҶДММ «Матин Чарм» дар шаҳри Душанбе ва ҶДММ «Ҳасан саноат» дар шаҳри Ваҳдат, корхонаи истеҳсоли орди  «Анҳор» дар шаҳри Бӯстон, корхонаи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи ҶДММ «Ариана металл пласт»-и вилояти Суғд, корхонаи коркарди маъдан ба СА «Минералз» дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ, корхонаи истеҳсоли тракторҳои кишоварзии ҶСП «Агротехсервис» дар шаҳри Ҳисор ва як қатор корхонаву коргоҳҳои саноатӣ дар рушди соҳаи саноат нақши арзандаи худро гузошта, барои таъмини бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти  ватанӣ  ва баланд бадоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузоштанд.

Инчунин зикр гардид, ки бо пурра ба роҳ мондани фаъолияти истеҳсолӣ дар корхонаҳои мазкур молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол гардида, дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Вазири саноат ва технология шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмондаро дар нимсолаи якум 181 адад ном бурд.

Заробиддин Файзуллозода дар идома сабабҳои фаъолият накардани корхонаҳои саноатиро дар баробари таъсири омилҳои берунӣ, нарасидани ашёи хому маблағҳои гардишӣ, тамдид нашудани муҳлати иҷозатнома, мавсимӣ будани фаъолият,  фарсуда гаштани таҷҳизоти технологӣ, маҳдуд гардидани бозорҳои анъанавии фурўши маҳсулот дар натиҷаи рақобат карда натавонистани маҳсулоти истеҳсолшуда ва иваз намудани самти фаъолияту баҳсҳои амволӣ, инчунин дар наомӯхтани бозори дохилию хориҷӣ ва бе хулосаи мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи саноат таъсис додани корхонаву коргоҳҳо вобаста донист.

«Чунин корхонаву коргоҳҳо дар натиҷа молҳои истеҳсолнамудаи худро ба фурўш бароварда натавониста, ба муфлисшавӣ дучор мегарданд ё аз фаъолият боз мемонанд, ки ин боиси сарфи ғайримақсадноки маблағҳо дар истеҳсолот мегардад. Дар натиҷаи таҳлили фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии  аз фаъолият бозмонда маълум гардид, ки аксарияти корхонаҳое, ки дар рӯйхати корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дарҷ гардидаанд, бинобар қарздор будан аз андоз, бо дигар ном фаъолият кардан ва ё ин ки ба дигар соҳибкор ба иҷора додани корхонаҳо боиси дар ҳисоботи оморӣ ҳамчун корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ба қайд гирифта мешаванд»,-гуфт Вазири саноат ва технологияҳои нав.

Аз ин лиҳоз Вазорат дар самти аз рӯйхати корхонаҳои аз фаъолиятбозмонда баровардани чунин корхонаҳое, ки бо дигар ном фаъолият карда истодаанд, кор бурда истодааст.

 

Июль 30, 2019 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд