ДАР ТОҶИКИСТОН ЭЛИТАИ ОЯНДАИ ИЛМӢ БА КАМОЛ МЕРАСАД! Хонандагони мо аз Олимпиадаи 50-уми байналмилалӣ оид ба физика, ки дар Исроил баргузор гардид, бо медал баргаштанд

Июль 17, 2019 11:50

ДУШАНБЕ, 17.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи 50-уми байналмилалӣ оид ба  физика, ки дар шаҳри Тел-Авиви Исроил баргузор шуд, бо ду медали биринҷӣ баргаштанд. Медалҳои биринҷиро хонандаи синфи 10 Далер Пиров ва хонандаи синфи 11 Фараҳманд Ҳасанов (ҳарду аз Литсей-интернати «Ҳотам ва ПВ») ба даст оварданд. Тафсилоти бештар – дар гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ.

Тавре аз Литсей-интернати  Тоҷикистону  Россия «Ҳотам ва ПВ»  ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамчунин дар ин олимпиада хонандаи синфи 11-и литсейи мазкур Изатулло Юсуфов бо диплом сарфароз гардонида шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар  олимпиадаи мазкур, ки  аз 7 то 15 июли соли равон   баргузор гардид,   384 нафар хонандагон, ғолибону ҷоизадорони фанни физика аз 78 давлати дунё ширкат варзиданд.

Дар ин олимпиада инчунин аъзои дастаи Тоҷикистон- хонандаи синфи 10-и литсейи мазкур Темур Саломатшоев ва Яҳё Шамсиев ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардиданд.

Дар олимпиадаи Тел-Авив ду ҷои аввалро дастаҳои Чин ва Кореяи Ҷанубӣ, ки ҳар кадом соҳиби панҷ медали тилло гардиданд,  ба даст оварданд. Россия бо чор медали тилло ҷои сеюм, Ветнам бошад, бо се медали тилло ҷои чорумро ишғол намуданд.

Ба  андешаи литсейи «Ҳотам ва ПВ», яке аз сабабҳои ишғоли ҷойҳои намоён аз ҷониби дигар давлатҳо шояд дар он аст, ки дар мактабҳои онҳо таҳсил то синфи 12 ба роҳ монда шудааст.

«Тибқи иттилои таҳлилгарони олимпиада, аксари ғолибони зинаи аввал толибилмони синфҳои 12 ба шумор мераванд. Аз ҷониби дигар, хонандагони давлатҳои мутараққӣ, ки асосан дорои ҳама гуна таҷҳизоти зарурӣ барои таҷрибаомӯзианд, ғолибияти бештар ба даст оварданд», — изҳор доштанд дар литсейи мазкур.

Хонандагони тоҷик, ки дар ин олимпиада ҷойҳои намоёнро ба даст овардаанд, метавонанд ба беҳтарин донишгоҳҳои бонуфузи дунё дар бахши физика бе супоридани имтиҳон дохил шаванд!

Қобили зикр аст, ки дастаи хонандагони литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва ПВ», ки онро яке аз педагогҳои ботаҷриба Абдуфаттоҳ Ҳотамов сарварӣ менамояд, имрӯз аз дастаҳои пурқуввати  Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Аз ин пештар онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ оид ба  роботехника ва оид ба нанотехнология, ки  дар Россия  доир гардиданд, инчунин  дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба математика, физика  ва информатика дар Қазоқистон соҳиби медал, аз ҷумла медалҳои тилло гардида буданд.

Моҳи июли соли  гузашта хонандагони мактабҳои Тоҷикистон  дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба математика  «IMC-2018» дар шаҳри Бургаси Булғория миёни беш аз 600 нафар иштирокчиён аз 35 давлати дунё ба муваффақият ноил гардида, соҳиби 15 медал, аз ҷумла 2 медали тилло, 6 нуқра ва 7 биринҷӣ гардиданд. Дар ин олимпиада як дастаи Тоҷикистон ҷои аввал, дастаи дигар  – ҷои дуюм ва дастаи  сеюми кишвари мо ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли гузашта  мактабиёни Тоҷикистон дар 13 олимпиадаи байналмилалӣ (дар Россия, Қазоқистон, Булғория, Ҳиндустон, Малайзия, Руминия, Беларус, Ветнам, Италия ва ИМА ширкат варзида, 196 медал (аз ҷумла 47 медали тилло, 71 медали нуқра ва 78 медали бининҷӣ) ба даст оварданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш (2017) 103 медал зиёд аст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар дода буд.

Бо назардошти ин дастовардҳо ва бо итминони комил метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон элитаи ояндаи илмӣ ба камол мерасад. Ин боиси ифтихор, қобили пайравӣ ва мӯҷиби дастгирии бештари толибилмони мо мебошад, бахусус ба далели он ки зарурият ва аҳамияти рушд бахшидани таълим ва тарбияи мутахассисони  илмҳои дақиқ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардидааст. Аз ҷумла, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон 20 январи соли 2016 Сарвари давлат ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, ркушди иқтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ супрриш дода буданд, ки дар давоми чор соли оянда масъалаи пурра бо омӯзгорони фанҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, дар навбати аввал – русиву англисӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти умумиро ҳал намоянд. “Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи хешро пайдо намояд”, — изҳор намуданд Пешвои миллат.

 

Июль 17, 2019 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории илмӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ бо намояндагони Чин баррасӣ карда шуд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуданд
«Бахтиёр Худойназаров намояндаи барҷастаи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст», — бардошт аз форум дар Душанбе
ИМРӮЗ — РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Арзишҳои миллӣ дар кинои тоҷикӣ ҳамеша мавқеи марказӣ доранд
СИНАМОҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТОҶИ СОМОН». Дар доираи он форуми байналмилалӣ доир мегардад
Дар Душанбе Иди Меҳргонро бо баргузории Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ таҷлил менамоянд
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Барои меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ барномаи рангини фарҳангӣ доир карда шуд
Дар Душанбе Фестивал-симпозиуми байналмилалии фалак баргузор гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Ҷаласаи калидӣ дар «Душанбе-Инвест-2025»
«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Шоми имрӯз дар Боғи Куруши Кабир барномаи рангини фарҳангӣ доир мешавад
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии илмию техникӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Москва ҳамоиш оид ба 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ва «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид